26-уми феврали соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд муайян намуданд. Ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфта, аҳамияти идомаи ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.
www.prezident.tj