Сеюми июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонии худ ба масоили байналмилаливу минтақавӣ ва мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо дахл намуданд.