18-уми марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро ба муносибати ба имзо расонидани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шодбош гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҷадвали вохуриҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд.
Аз ҷумла, оид ба мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки қарор аст, дар охири моҳи ҷорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шавад, табодули афкор сурат гирифт.