Суҳбати телефонӣ бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вазири корҳои дохилӣ

№ 24.07.2024

24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, доир ба як қатор масоили муҳимтарини рӯз ҳисоботи онҳоро шуниданд ва барои саривақту босифат анҷом додани тадбирҳои зарурӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, ба хусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ, босифат ва саривақт анҷом додани омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, хусусан таъмиру тармими ҳамаҷониба ва босифати иншооти соҳаи маориф дар тамоми қаламрави кишвар то деҳоти дурдаст, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, пеш аз ҳама бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ зоҳир гардида, доир ба ин мавзӯъҳои муҳим ва дар маҷмӯъ барои иҷрои дақиқи нақшаю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар кишвар, хусусан дар вилояти Хатлон, ки аз имрӯз сар шуда, то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба масъулин доир ба пешгирӣ аз сухтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, ба хусус заминҳои ғалла аз он ва зери назорат гирифтани ҷойҳои оббозии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳо доданд ва таъкид карданд, ки барои ҳифзи саломатӣ аз гармои шадид мардум бояд об зиёд нӯшанд.