Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама, доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд.