Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

№78 (3715) 01.07.2017

33123046446_e2c84f96bb_o29 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлат бо таманниёти беҳтарин Президенти Турк­манистонро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард. Сарони кишварҳо марбут ба саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

www.president.tj