Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Антонио Гутерриш

№93 (4355) 15.07.2021

13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.

Дар оғоз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар табрик гуфта, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи «Рӯзномаи 2030»-и СММ, Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва дигар қарорҳои Маҷмаи умумии СММ, ҳамчунин, вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи мамлакат дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла, дар соҳаи об, ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва муайян намудани санаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд.

Дабири кулли СММ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикис­тон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус, мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ, таъкид карда, дастгирии пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро дар ин ҷода иброз дошт.

Дар идома ҷонибҳо ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карданд. Зимнан, муҳимияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд шуд. Дар ин робита, аҳамияти идомаи ҳамоҳангиҳои зичи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, инчунин, дар бобати дигар ­масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар хотима муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.

www.president.tj