Суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

№148 (4568) 29.11.2022

Стандарти Садои мардум макрон26 ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат  аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои миёни ду кишвар дар рафти музокироти сатҳи олӣ дар Париж дар соли 2021 бадастомадаро таъкид карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимнан, қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Дар ин қарина атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Президентҳо зарурати коркарди мавқеъҳои умумӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мусоидат ба раванди интиқоли ин кишвар ба маҷрои сулҳу субот ҳамчун шарти асосии таъмини амнияти минтақа таъкид карданд.

Дар хотимаи суҳбат Президентҳо аз сатҳу ҳолати имрузаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

www.prezident.tj