05 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати Рӯзи таваллудашон самимона ва гарм табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррась царор гирифт.
Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ карданд, ки равобит ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушду тавсеа хоҳад ёфт.
Сарони ду давлат ҳамзамон дар атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рўзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.