Суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

№ 05.10.2023

05 октябри соли 2023 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Раиси Палатаи болоии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.

Пешвои миллат рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Россияро аз авлавиятҳои кишвари мо дониста, изҳори боварӣ карданд, ки равобити байни Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.