Суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

7-уми сентябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлат сараввал сокинони шаҳру ноҳияҳои зикршударо ба ифтихори 32-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои миллат, инчунин, масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намуданд.