Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

№ 05.10.2022

5 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон ва сарфароз гардониданашон бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III барои нақши назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Русия барои  табрикоташон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мо мансуб медонанд.

Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро  мавриди муҳокима қарор доданд.  Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.