Суҳбати телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод

№50 (3351) 07.04.2015

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2015 бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён, бинобар офати табиӣ ва зери хок мондани даҳ нафар сокинони ин ноҳия, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.

Сарвари давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд.

Бо дастури Сарвари давлат комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ва дигар роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

www.president.tj