Суханҳои Президент дар ситоиши омӯзгор

№133(3434) 06.10.2015

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе

 

Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Ванҷ. 26 июни соли 2010, ноҳияи Ванҷ)

 

Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:

 Тарбия чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост.

 (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш. 1 сентябри соли 2013, шаҳри Душанбе)

 

Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш. 1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе)

 

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш. 1 сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе)

 

Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. 19 марти соли 2015, шаҳри Душанбе)