Боз як қадами устувор дар роҳи таъмини амнияти истиқлоли энергетикӣ

№5 (3151) 11.01.2014

 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба фаъолият оғоз кардани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»

10 январи соли 2014

 IMG_0193

Ҳозирини муҳтарам!

Дӯстони азиз!

Қабл аз ҳама сокинони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, инчунин ҳайати муҳандисиву кормандон ва кулли бинокорони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро ба муносибати оғози фаъолияти навбати аввали боз як иншооти муҳими мамлакат самимона табрик мегӯям.

Дарвоқеъ, дар рӯзҳои сарди фасли зимистон ба истифода супоридани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» барои сокинони шаҳри Душанбе рӯйдоди хотирмони густариши корҳои созандагиву ободгарӣ ва дар айни замон боз як қадами устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии кишварамон мебошад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоту масоили пойтахти мамлакат, алалхусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва сокинони шаҳри Душанбе бо неруи барқу гармӣ соли 2012 байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишнома доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба имзо расида буд.

Сохтмони иншооти зикршуда моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид ва имрӯз навбати аввали он ба истифода супорида шуд.

Бо оғози фаъолияти корхонаи имрӯза садҳо хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, шифохонаву дармонгоҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоии шаҳри Душанбе бо неруи барқу гармӣ таъмин мегарданд.

Дар ҷараёни сохтмони Марказ зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Хитой — кормандони Ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой — ТИБИА шабонарӯз заҳмат кашиданд ва навбати аввали онро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд анҷом доданд.Бо истифода аз фурсат ман ба ҳамаи сохтмончиёни ватанӣ ва роҳбарону мутахассисони ширкати мазкур барои ҳамкории бародаронаашон ва умуман ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин махзани нуру гармӣ саҳм гузоштаанд, самимона изҳори сипос менамоям.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани корхонаи имрӯза хатти интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи он ба зеристгоҳи «Душанбе-500» пайваст шуда, корҳо ҷиҳати пайвастани шоҳқубури гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи гармигузаронии шаҳр ба масофаи зиёда аз се километр ва дигар иншооту биноҳои маъмурии Марказ идома дода мешаванд.

Ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти муназзами Марказ 60 нафар мутахассисони тоҷик барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо техникаву технологияи чунин корхонаҳо ба Ҷумҳурии Халқии Хитой фиристода шуда, таҷрибаи кофии пешбурд ва идоракунии иншоотро омӯхтанд ва ҳоло онҳо барои идомаи кор дар корхона омода мебошанд.

Илова бар ин, айни замон боз 100 нафар мутахассисони ватании соҳибтахассус давраи таҷрибаомӯзиро гузашта истодаанд.

Тибқи созишномаи байнидавлатӣ баъди пурра ба анҷом расидани сохтмони иншооти мазкур наздики 100 нафар мутахассисони хитоӣ дар муддати то ду сол якҷо бо коргарону мутахассисони тоҷик фаъолият карда, доир ба омӯзонидани тарзу усули истифодаи таҷҳизоту технологияи Марказ кӯмак мерасонанд.

Умуман, баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 200 нафар мутахассисони баландихтисоси тоҷик бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Мехоҳам як масъалаи муҳимро махсус хотирнишон созам, ки дар корхона бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.

Ғайр аз ин, ҷиҳати аз гардбоди ғализ эмин нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Душанбе хокистари ангишт тавассути таҷҳизоти шабакаи махсуси пӯшида барои нигоҳдории муваққатӣ ба зарфҳои алоҳидаи махсус интиқол дода мешавад.

Роҳбарияти корхона барои истифодабарии самараноки хокистари Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо ширкатҳои ватании истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмон шартнома бастааст, ки чунин иқдом боиси пурра аз байн бурдани таъсири манфӣ ба муҳити зист мегардад.

Маркази барқу гармидиҳӣ аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз иборат буда, бо истифодаи ангишти маҳаллӣ, ки захираи он дар минтақаҳои мухталифи кишварамон фаровон аст, фаъолият менамояд.

Навбати аввали Марказ иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат неруи барқро дорад, ки чунин иқтидор дар шароити камчинии неруи барқ кӯмаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқи кишвар мебошад.

Тибқи нақша навбати дуюми Марказ то охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад ва шубҳае нест, ки ин кор низ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ мегардад.

Илова бар ин, дар иншоот бо иқтидори 90 гигакалория гармӣ истеҳсол карда мешавад, ки бо чунин ҳаҷми гармӣ дар масоҳати 1,3 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Ба ҳолати аввали соли 2013 дар шаҳри Душанбе наздики 8,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, бо дарназардошти пурра ба фаъолият оғоз кардани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» имконият пайдо мешавад, ки иловатан боз 40 фоизи аҳолии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани иқдоми мазкур сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле коҳиш ёфта, таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо неруи барқ хеле беҳтар мегардад.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки борҳо иброз доштаам, тараққиёти имрӯзу ояндаи тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи самараноки сарватҳои асосии мамлакатамон ва пеш аз ҳама, захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне рушди энергетикаи обӣ вобастагии мустақим дорад.

Маҳз аз ҳамин хотир, мо бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мешуморем ва ин ҳадафи стратегиро дар асоси барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона татбиқ мекунем.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи оқилонаву сарфакоронаи онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ва стратегии мост.

Бо ин мақсад, танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи гидроэнергетикаи мамлакат қариб 12 миллиард сомонӣ харҷ карда шудааст.

Чунин иқдомоти созанда торафт вусъат пайдо намуда, ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Бовар дорам, ки ҳамаи корҳои оғозкардаамон дар ин самт мунтазам амалӣ гардида, яке аз масъалаҳои стратегии давлати мо, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва дар ин замина баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум аз он вобаста мебошад, дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо менамояд.

Аз ин лиҳоз, бори дигар хотирнишон месозам, ки сафарбар намудани ҳамаи захираву имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо мақсади таъмини пурраи талаботи мамлакат бо неруи барқу гармӣ, хусусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, инчунин истифодаи манбаъҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар ҳар як оила ва ташкилоту муассиса бо роҳи воридоти таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ, паст кардани талафоти техникии барқ, бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ ва дар ин асос расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.

Бо умеди ноил шудан ба ин нақшаву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони пойтахт, мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Хитой ва шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳ гардидани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» табрик гуфта, бовар дорам, ки бо татбиқи нақшаву барномаҳои қабулнамудаамон мушкилоти бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисоди миллиамон тадриҷан бартараф шуда, дар ояндаи наздик шароити зиндагии мардумамон хеле беҳтар мегардад ва рушди иқтисодии кишварамон вусъати тоза пайдо хоҳад кард.

Дар ҷодаи иҷрои ин ҳадафҳои неку созанда ба ҳамаи шумо барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!