CASA — 1000 ДАР РУШДИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА САҲМИ АРЗИШМАНД МЕГУЗОРАД

№62 (3542) 14.05.2016

26898138241_de6ab9abe6_oСуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA — 1000

шаҳри Турсунзода, 12 майи соли 2016
 

Ҷанобони Олӣ

Муҳаммад Навоз Шариф,

Абдулло Абдулло!

Муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков!

Меҳмонони воломақом, шарикони рушд,

ҳозирини гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба сарзамини Тоҷикистон хуш омадед мегӯям.

Маросими имрӯзаи оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA — 1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.

Мусаллам аст, ки кишварҳои мо бо дарназардошти имконот ва ба хотири таъмини рушди устувору некуаҳволии мардумони худ ба ҳамкории бештар васеъ дар ҷодаи энергетика ниёз доранд.

Тамоюли глобалии ташаккули «иқтисоди сабз» ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи тавлиди неруи барқ яке аз хусусиятҳои даврони муосир мебошад.

Зимнан, манфиатдории кишварҳои мо дар истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ баробар бо талаботи рӯзафзуни бозори минтақавии энергетикӣ омили мусоидаткунанда барои омодасозии тарҳи CASA — 1000 гардид.

Лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифтани он судмандии дар ин самт ба роҳ мондани ҳамёрии минтақавиро бори дигар тасдиқ менамояд.

Ҳамоҳангиҳои зарурии муштарак аз рӯи лоиҳаи CASA — 1000 аз соли 2006 оғоз гардида, онро марҳала ба марҳала аз сатҳи назария то ба пояи тарҳи мукаммал ва барои ҳамаи тарафҳои иштироккунандаи он судманд расониданд.

Тайи ин давра як қатор таҳқиқоти техникӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расиданд, ки онро ҳамчун лоиҳаи устувор ва дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар натиҷаи музокироти асосии байни кишварҳои мо то имрӯз як силсила санадҳои лоиҳавӣ имзо гардида, ба тасвиб расиданд.

Созишномаи генералӣ миёни ширкатҳои миллии интиқолдиҳандаи неруи барқ, созишномаҳои молиявӣ ва хариди неруи барқ аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамзамон бо ин, сарчашмаҳои асосии ­маблағгузории лоиҳа низ муайян карда шуданд.

Дар робита ба ин, мо барои ҳамкориҳои самарабахш ва кумаку дастгирӣ ба шарикони байналмилалии худ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамчунин Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ изҳори сипоси амиқ менамоем.

Бо ҳамин тартиб, лоиҳаи CASA — 1000 ба ҳайси нахустин тарҳи байниминтақавӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Бо дарназардошти ҷараёни омодасозии он ва мувофиқасозии санадҳои лоиҳавӣ, бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки кишварҳои иштирокчӣ дар татбиқи тарҳи CASA — 1000 мавқеи устувор дошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушдашон қодиранд тамоми мушкилоти вобаста ба раванди татбиқи онро ҳаллу фасл намоянд.

Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост.

Бунёди зиёда аз 1342 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддат, истифодаи таҷҳизоти навтарини ҷараёни доимӣ дар назди энергетикҳову сохтмончиён вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад.

Дар назар аст, ки тавассути CASA — 1000 солона то 5 миллиард киловатт-соат неруи барқи аз назари экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таҳвил карда шавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки як силсила мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву экологӣ дар ҳар чор кишвар ҳаллу фасл гарданд.

Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳост.

Зиёда аз ин, тарҳи CASA — 1000 аз лиҳози коҳиш додани таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ба муҳит созгори ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим дар мавриди дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии энергия мебошад.

Як нуктаи дигари муҳимро низ зикр бояд кард: татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди тиҷорату истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ такони тоза бахшида, амнияти энергетикиро дар минтақа таъмин хоҳад кард.

Дӯстони гиромиқадр!

Тавре ки маълум аст, энергетика зербинои асосии рушди устувори иқтисод ба шумор меравад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ҳанӯз истифоданашудаи гидроэнергетикӣ — манбаи барқароршавандаи тавлиди неруи барқ мебошад.

Иқтидорҳои истеҳсолии ин захираҳо беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд ва айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад.

Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки кулли минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истифода барем.

Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар мо масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикаро мавриди пайгирии пайваста қарор додаем.

Дар ин замина, тайи солҳои охир аз ҷониби мо, бо дарназардошти риояи тавозуни манфиатҳои милливу минтақавӣ, як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таҳия шудаанд, ки ба зиёд кардани ҳаҷми тавлиди неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он нигаронида шудаанд.

Айни замон ба таври шаффоф амалӣ гардонидани қисмате аз ин лоиҳаҳо идома дошта, татбиқи қисмати дигари онҳо дар ҳамдастӣ бо шарикони байналмилалӣ ба итмом расидааст.

То имрӯз ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими инфрасохтори соҳаи энергетикаи кишвар даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гардидаанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», марҳалаи аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», сисилаи неругоҳҳои барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 1020 мегаватт аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои соҳа ба шумор мераванд.

Бунёди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон – Афғонистон» ва монанди инҳо ба масофаи умумии зиёда аз 670 километр ҳамчунин аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки татбиқашон то ба имрӯз ба анҷом расидааст.

Илова бар ин, дар қаламрави кишвар корҳои вобаста ба таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда, сохтмони дигар иншооти муҳими тавлиди неруи барқ ва хатҳои интиқоли он идома доранд.

Дар назар аст, ки қисмати зиёди онҳо дар муҳлатҳои наздиктарин ба истифода дода шаванд.

Ҳамаи ин нишонаи возеҳи бамаротиб зиёд гардидани имкониятҳои Тоҷикистон дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз», ки аз рӯи фоизи истеҳсоли он кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки умумиҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст, мебошад.

Зимнан, изҳори итминон менамоям, ки истифодаи васеи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мақоми Тоҷикистонро ҳамчун шарики устувори содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза боз ҳам устувортар ҳоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Пайваст намудани шабакаҳои энергетикии кишварҳои масир, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин замина таъмин гардонидани рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҳамҷавори минтақа ҳадафи асосии татбиқи лоиҳаҳои зикршуда ба шумор мераванд.

Аз ин нигоҳ, лоиҳаи CASA — 1000 на танҳо хатти интиқоли неруи барқ аст, ки кишварҳои моро ба ҳамдигар пайванд медиҳад, балки рамзи эҳё ва таҳкими робитаҳои таърихии тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо ва оғози ҳамгироии онҳо дар самтҳои дигари иқтисодиёт мебошад.

Яъне, бо гузоштани хишти аввали сохтмони хатти интиқоли неруи барқи CASA — 1000 мо заминаи шаклҳои нави ҳамёрии минтақавии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро мегузорем.

Ба ин манзур итминони комил дорам, ки лоиҳаи CASA — 1000 заминаи мусоидро барои банақшагирӣ ва татбиқи як қатор тарҳҳои инфрасохтории дигар фароҳам оварда, дар рушду устувор гардонидани муносибат ва ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа саҳми арзишманд хоҳад бозид.

Татбиқи муваффақонаи лоиҳаи CASA — 1000 гувоҳи он хоҳад буд, ки кишварҳои мо минбаъд низ метавонанд дар якҷоягӣ барномаҳои сатҳи баланди байналмилалиро амалӣ гардонанд.

Ба ҳамагон дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои нек комёбӣ орзу намуда, ба мутаххассисону сохтмончиён оғози бобарори кор мехоҳам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.