Дар даҳ соли охир маблағгузории буҷети ноҳия беш аз ёздаҳ баробар афзудааст

№36 (3182) 11.04.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод

 10 апрели соли 2014

IMG_9801

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Силсилаи сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии мардум ва ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар давраи омодагӣ ба таҷлили санаҳои муҳими давлатдории миллиамон, яъне 20-солагии Конститутсияи мамлакат, қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон — Суруди миллӣ ва Соли Ҷомӣ, ки ба хотири гиромидошти шахсияти барҷаста ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ эълон шудааст, баргузор гардида истодаанд.

Бо дарназардошти ташаббусҳои созандаи мардуми заҳматқарини ноҳияи Файзобод ва имкониятҳои васеи ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки метавонад дар самти афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузорад, мо тасмим гирифтем, ки бо шумо машварати корӣ доир намоем.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза яке аз воситаҳои асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, бахусус корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мебошад.Зеро нақши чунин корхонаҳо дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, арзониву фаровонии маводи озуқаворӣ ва таъмини сокинони минтақаҳои кишвар бо ҷойи кори доимӣ назаррас мебошад.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар мамлакат беш аз 7,8 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди он ба ҳафт фоиз баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда натиҷаи кору фаъолияти шабонарӯзии заҳматкашони мамлакат, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсту соҳибтаҷрибаи ноҳияи Файзобод, мебошад.

Ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ торафт афзоиш ёфта, дар 10 соли охир маблағгузории буҷети ноҳия беш аз 11 баробар афзудааст, ки ин, албатта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намудааст.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар ноҳия имконияту захираҳои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, хусусан бо роҳи таъмин намудани рушди соҳибкории истеҳсолӣ зиёданд.

Ҳар яки шумо хуб медонед, ки тараққиёти соҳибкорӣ ва пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ омили асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва пайдо гардидани сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети ноҳия ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, бояд якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор доир ба дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон, пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои пурраву сифатноки Буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар доираи татбиқи чорабиниҳои давлатӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ҳаҷми пешниҳоди қарз ба сокинони ноҳияи Файзобод торафт афзуда, ин рақам соли 2013 ба 31 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Танҳо дар давоми се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилоту сохторҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия қариб 8 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд мебошад.

Ҳукумати кишвар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинони ноҳия чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Илова бар ин, ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 80 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки маблағҳои зикршуда барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти некуаҳволии мардум равона гардидаанд.

Ҳозирини арҷманд!

Шумо хуб медонед, ки бунёди боғу токзор дар баробари ривоҷ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ яке аз унсурҳои таърихан ташаккулёфтаи шуғл ва умуман маданияти кишоварзии мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Ноҳияи зебоманзари Файзобод бо мавқеи мусоиди ҷойгиршавии худ ҳамчун мавзеи муносиби пешбурди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ, шинохта шудааст.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки бо заҳмати пайвастаи кишоварзони ноҳия дар 13 соли охир қариб 1000 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, имсол бунёди зиёда аз 200 гектар боғ, аз ҷумла боғҳои интенсивии таҷрибавӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Чун сухан доир ба бунёди боғу токзор меравад, мехоҳам таваҷҷуҳи кишоварзон ва масъулони соҳаро ба вазъи иҷрои барномаҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабулшуда ва фармону дастурҳои Президенти кишвар ҷалб намоям.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» дар миқёси мамлакат бунёди 46 ҳазору 900 гектар боғу токзор, аз ҷумла 5015 гектар токзори нав, ба нақша гирифта шуда буд.

Тибқи маълумот то аввали соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат дар майдони 46 ҳазору 340 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 98,8 фоизи нақша баробар мебошад.Яъне иҷрои фармони зикргардида асосан таъмин карда шуда, дар натиҷа қариб 52 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва 14 корхонаи коркарди мева таъсис ёфтааст.Илова бар ин, ба корҳои мавсимӣ дар ин боғҳо ҳар сол боз даҳҳо ҳазор нафари дигар ба кор ҷалб карда шуда, соҳиби даромад мегарданд.

Ноҳияи Файзобод яке аз ноҳияҳои калонтарини боғпарварии кишварамон буда, барои рушди боғу токпарварӣ ва картошкапарвариву сабзавоткорӣ, хусусан парвариши меваи пешпаз, иқлими бисёр мусоид дорад.

Ҳоло майдони умумии боғу токзори ноҳия зиёда аз 4200 гектарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2006-ум 800 гектар зиёд мебошад.

Дар баробари ин ки имрӯзҳо дар ноҳия барои васеъ намудани майдони боғу токзор тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сифати маҳсулот ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.

Дар ҳудуди ноҳия имконияти дар чор-панҷ соли оянда бунёд намудани боз ҳазорҳо гектар боғҳои нави меваи содиротӣ дар мавзеъҳои Шулашак, Офтобрӯя, Яккабеду Меҳробод, Саричашма ва Мискинободу Қалъаи Дашт мавҷуданд.

Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки барои ташкили боз чор ҳазор гектар боғу токзори нав, парваришу нигоҳубини навъҳои хушсифату серҳосили ниҳолҳои меваю ангур ва ноил гардидан ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари меваҷот, инчунин барқарор намудани боғу токзорҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ҷиҳати барвақт ба ҳосил даромадани боғҳои навбунёд, ташкили корхонаҳои коркарди мева ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Дар ноҳияи Файзобод тайи солҳои охир дар натиҷаи амалӣ намудани «Барномаи рушди занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» истеҳсоли асал аз се тоннаи соли 2001 ба 55 тонна дар соли 2013 расонида шудааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калон низ ду баробар афзуда, раванди хушзоткунӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои ширдеҳ беҳтар гардида истодааст.

Умуман соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия беш аз 180 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2003-ум 12 баробар зиёд мебошад.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар ҷараёни амалисозии «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» саршумори паранда дар Корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳия ба 627 ҳазор сар ва истеҳсоли солонаи тухм ба зиёда аз 98 миллион дона расидааст.

Соли 2013 корхона ба маблағи умумии 57 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти парҳезӣ саҳми намоён гузоштааст.

Ҳоло кор дар самти боз ҳам беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона ҷараён дорад ва дар назар аст, ки то охири соли равон саршумори паранда қариб ба як миллион сар расонида шавад.

Алҳол роҳбарияти Корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» барои таъмин намудани корхона бо технологияҳои муосири парандапарварӣ ва дар назди корхона бунёд кардани коргоҳ барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бо иқтидори истеҳсолии 12 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол саъю талош дорад.

Ҳоло дар Корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» 420 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки маоши миёнаи онҳо қариб 700 сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари пешравиҳои зикршуда бояд гуфт, ки дар соҳаи кишоварзии ноҳия масъалаҳое низ ҷой доранд, ки ҳалли онҳо бе кумаку мусоидати вазорату идораҳои дахлдор ғайриимкон аст.Аз ҷумла барои беҳтар таъмин намудани заминҳои ноҳия бо оби полезӣ ва баланд бардоштани самаранокии замин зарур аст, ки канали «50 — солагии Тоҷикистон» ва силсилаи чоҳҳои амудии аз фаъолият бозмонда барқарор карда шаванд.

Дар сурати таъмиру барқарорсозии иншооти зикршуда хоҷагиҳои ноҳия метавонанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва сабзавотро ба маротиб зиёд намоянд.

Нарасидани техникаи кишоварзӣ барои шинонидан ва коркарду ҷамъоварии картошка низ аз мушкилоти кишоварзони ноҳия мебошад, ки аз масъулон андешидани чораҳои саривақтиро тақозо дорад.

Дар зарфи солҳои 2009-2011 дар асоси қарорҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳсозии шароити манзили сокинони ноҳия 570 гектар замин ҷудо гардидааст ва то имрӯз зиёда аз 3500 оилаи эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замин таъмин шудаанд. Яъне, қариб 25 ҳазор нафар сокинони ноҳия соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардида, шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд ва акнун зарур аст, ки барои онҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.

Дӯстони азиз!

Солҳои охир сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ дар ҳамаи гӯшаву канорҳои мамлакат бомаром вусъат дорад ва ба ин кори муҳим дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Файзобод, низ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар эътибори доимӣ дода мешавад.

То имрӯз дар ноҳия 40 иншооти иҷтимоӣ бо тарҳи замонавӣ сохта ва ба истифодаи мардум супорида шудааст ва ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар доираи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар ҳудуди ноҳияи Файзобод се неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 120 киловатт-соат ба истифода дода шудааст, ки ин амал ба хеле коҳиш ёфтани норасоии барқ ва ба таври доимӣ фаъолият намудани корхонаву муассисаҳои ноҳия мусоидат мекунад.

Тавре ки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, масъалаи тарбия кардан ва ба камол расонидани ҷавонону наврасон, аз ҷумла наврасону ҷавонони лаёқатманд, инчунин таъмин намудани иштироки ҳамаҷонибаи занон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ба татбиқи барномаҳои давлатии дар ин самтҳо қабулшуда аҳамияти зарурӣ медиҳем.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва талаботи барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон ва занону духтарон саҳми онҳо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла зинаҳои гуногуни роҳбарӣ, тадриҷан меафзояд.

Ҳар сол, тибқи квотаи Президентӣ, даҳҳо нафар духтарони ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд.

Умуман аз соли 2006 то имрӯз 124 нафар ҷавонон, аз ҷумла 66 нафар духтарони ноҳия, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тибқи квотаи Президентӣ дохил шудаанд.

Бо вуҷуди ин, барои ҷалби ҳар чӣ бештари занону духтарон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва таъмин намудани фаъолияти босамари онҳо андешидани тадбирҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷалби онҳо ба соҳибкории хурду миёна ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои халқӣ, вазифаи муҳими роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманди ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба омӯзиши илму дониш машғуланд, наздики 100 нафар бо стипендияи Президентӣ ва дигар кумакпулиҳо фаро гирифта шудаанд.

Боиси таҳсин аст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия низ барои ҷавонони аълохон ва болаёқат кумакпулиҳо ҷудо карда мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, торафт вусъат гирифта, соли гузашта майдони варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами як пурра аз таъмир бароварда шуда, чор толор ва клуби варзишии нав сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.Илова бар ин, соҳибкорони ноҳия бунёди се толори нави варзиширо дар деҳоти ноҳия ба уҳда гирифтаанд.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номуси ноҳия, ки дар ободу зебо ва пешрафта гардидани ин гӯшаи Ватани азизамон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ривоҷи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон, инчунин бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои хизматрасонӣ саҳми ватандӯстона гузошта, барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, изҳори сипос менамоям.

Ҳукумати мамлакат лоиҳаи азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳияро ба маблағи қариб 13 миллион сомонӣ ба нақшаи соли 2015 ворид намудааст, ки баъди амалӣ гардидани он барои машқу тамрини варзишгарон ва гузаронидани чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ шароити беҳтарин фароҳам оварда мешавад.

Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд.

Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд.

Чунонки медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир аст.Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд.

Мақбараи мазкур ба асри XV тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст.

Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад.

Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дӯстони азиз!

Дар идомаи тадбирҳои созандагиву ободонӣ имсол 14 бунгоҳи тиббӣ ва бинои як қатор мактабҳои ноҳия аз таъмири пурра бароварда шуда, ҳоло таъмири марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Меҳробод, Қошқарӣ, Сари чинор ва Лолагӣ идома дорад ва сохтмони бунгоҳҳои тиббии баъзе деҳаҳо, ки солҳои тӯлонӣ дар вагонҳо ҷойгир мебошанд, вақтҳои наздик шурӯъ мешавад.

Дар доираи «Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ то имрӯз 17 маҳалли аҳолинишини ноҳия ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маҳалҳои нави аҳолинишини шаҳраки Файзобод чораҷӯйӣ намоянд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди ноҳия 16 мактаби наву замонавӣ барои 4600 ҷойи нишаст сохта, соли ҷорӣ сохтмони мактабҳои нав дар деҳаҳои Бӯстон, Чилчашма ва Дашти Марзо оғоз меёбад.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, фаъолону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеаи ноҳияро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи наслҳои ояндасози давлату миллат ва дар зеҳну шуури онҳо ривоҷ додани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаи соҳаи маорифи ноҳияро бо заҳмати аҳлона бартараф созанд.

Имрӯз дар хизмати сокинони ноҳия 48 муассисаи тандурустӣ қарор дорад. Беморхонаҳои деҳаҳои Меҳрободу Мискинобод пурра навсозӣ гардида, беморхонаи марказии ноҳия, бинои таваллудхона, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои қалб, марказҳои саломатии деҳаҳои Чилчашма ва Бобои Валӣ аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд.

Соли 2008 зимни сафари корӣ ба ноҳия, бо дарназардошти мушкилоти сокинон дар бобати хизматрасонии муосири тиббӣ, ба масъулони соҳа дастур дода будам, ки дар маркази ноҳия аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат муассисаи тиббии замонавӣ бунёд карда шавад.Ҳоло сохтмони бинои мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Давлату Ҳукумати мамлакат амалӣ намудани тадбирҳоро доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, дар навбати аввал ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Файзобод, бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо минбаъд низ идома медиҳад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дурнамои рушди ноҳия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони он вазифаҳои муҳим гузоштааст.Аз ҷумла нақшаҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноату сохтмон хеле зиёданд.

Тибқи дурнамо дар 10 соли оянда бунёди 4 ҳазор гектар боғ пешбинӣ шудааст, ки мақсад аз он ба ноҳияи бузурги боғпарварӣ дар кишвар, инчунин ноҳияи пешрафтаи картошкапарвариву сабзавоткорӣ ва парандапарвариву занбӯриасалпарварӣ табдил додани Файзобод мебошад.

Имсол дар майдони шафати шоҳроҳи ноҳия бунёди боғи нав дар майдони 120 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Мо имрӯз бунёди ин боғро оғоз карда, итминон дорем, ки дар давоми 3-4 соли наздик ба манбаи иловагии даромади мардуми ноҳия ва майдони таҷрибавии ташкили боғу токзор барои дигар минтақаҳои кишвар табдил меёбад.

Ҳамзамон бо ин, супориш додем, ки дар заминаи боғи навбунёд корхонаҳои коркарди мева ташкил карда шаванд.

Дар баробари бунёди корхонаҳои коркарди мева инчунин афзоиш додани истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии ин иқдомот солҳои наздик беш аз 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуда, сатҳи зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтару баландтар мегардад.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Файзобод чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои истеҳсолии нав ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд.

Ба мардуми боғайрату заҳматкаш, бонангу номус ва соҳибмаърифату фарҳангдӯсти ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам, дар ин рӯзҳои оғози корҳои баҳорӣ рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед