Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Бохтар
8 октябри соли 2014
Омӯзгорон ва падару модарони арҷманд!
Фарзандони азиз!
Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани як қатор иншооти нав, аз ҷумла ду муассисаи тандурустӣ дар маркази ноҳия ва деҳоти «Бӯстонқалъа» гардидем, ки аз татбиқи тадбирҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Бохтар, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, нишонаи равшани вусъати корҳои созандагии диёрамон ва татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф дар кишварамон мебошад. Дар робита бо ин, ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушу пурсаодат орзу менамоям.
Инчунин ба меъморону сохтмончиёни иншооти мазкур барои бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ миннатдории самимӣ баён намуда, бовар дорам, ки муассисаи таълимии имрӯза ба раванди камолоти насли босаводу ояндасоз мусоидат карда, заминаи омода намудани мутахассисони замонавӣ ва кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мегардад.
Бунёди муассисаи таълимии ифтитоҳшуда дар заминаи ҳамкориҳои кишвари мо бо шарикони рушд шурӯъ гардида, бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Мактаб барои ба таҳсил фаро гирифтани қариб 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз чор бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, даҳ озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Муҳимтар аз ҳама, бо ифтитоҳи мактаби имрӯза бисёр масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи сокинони деҳаи Дониёрқул ҳал мегардад, зеро сокинони деҳаи зикршуда ин рӯзро дер боз интизор буданд.
Тавре ки огоҳӣ доред, дар кишвари мо раванди бунёди инфрасохтори соҳаи маориф ва такмили низоми таҳсилот бомаром идома дорад. Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷиҳози муосири хониш, тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, соли равон ҷиҳати рушди соҳаи маорифи мамлакат зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта беш аз 18 фоиз зиёд буда, 5,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварамонро ташкил медиҳад. Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 725 миллион сомонӣ қариб 700 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 148 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф рушди ин бахш дар ноҳияи Бохтар низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, соли ҷорӣ афзоиши маблағгузории соҳа қариб 40 миллион сомониро ташкил намудааст.
Ҳамчунин Ҳукумати мамлакат, баробари афзоиши имкониятҳои иқтисодии кишвар, барои беҳтар гардидани таъминоти иҷтимоии кормандони соҳаи маориф пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, танҳо дар ду соли охир маоши омӯзгорони мактабу кӯдакистонҳоро 90 фоиз баланд бардошт. Имрӯз афзоиши музди меҳнати омӯзгорон дар муқоиса бо соли 2000-ум 60 баробарро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба мақоми омӯзгор эътибори махсус дода шуда, дар ин доира барои онҳо имтиёзҳои зиёд пешбинӣ гардидаанд. Вобаста ба ин, масъулони Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии муқаррароти қонуни мазкурро таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон» тадбирҳои иловагӣ андешанд.
То имрӯз бо мақсади рушди бомароми соҳаи маорифи мамлакат як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардида, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ҳамаи заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва моддиву техникӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо мақсади истифодаи васеи техника ва технологияҳои муосир дар ҷараёни дарсҳои амалӣ татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ» идома дорад. Бо вуҷуди он ки дар ноҳияи Бохтар тайи се соли охир ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур як силсила корҳо анҷом дода шудаанд, аммо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди татбиқи барнома қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати таъмини иҷрои барнома чораҳои бетаъхир андешанд.
Тавре доимо таъкид менамоям, дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бохтар дар олимпиадаву озмунҳои гуногун дастболо шуда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Ҳамчунин тайи се соли охир аз 8000 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 3640 нафар, аз ҷумла 2320 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд. Дар байни онҳо 68 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 95 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва 1160 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат таҳсил мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин, сатҳу сифати таҳсилот дар баъзе мактабҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест ва дониши толибилмон, бахусус аз фанҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ, беҳбудиро тақозо менамояд.
Чанд рӯз пеш бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маорифи кишвар қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи таъсис додани Шӯрои миллии рушди маориф ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур, намояндагии Шӯро дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ таъсис дода мешавад. Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм, Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки корро дар самти омода намудани санадҳои зарурӣ барои фаъолияти пурсамари Шӯрои мазкур тақвият бахшанд. Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва кулли масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки бо истифода аз роҳу усулҳои муосири таълиму тадрис ва малакаву маҳорати касбии хеш барои ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таҳсилот азму талоши бештар намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии донишандӯзӣ ва интихоби касб маҳсуб ёфта, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст, ки дониши хонандагонро пурра менамояд ва барои интихоби огоҳонаи касб замина мегузорад. Дар ин самт дар ноҳияи Бохтар маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад, ки хонандагон дар маҳфилҳои он фаъолона ширкат варзида, ба ин васила қобилияту истеъдод, донишҳои назариявӣ ва олами маънавии худро ҳаматарафа инкишоф медиҳанд. Аммо шумораи шогирдоне, ки ба чунин муассисаҳо ҷалб шудаанд, ҳанӯз кам аст ва аз масъулон тақозо мегардад, ки фаъолияти худро дар ин самт тақвият бахшанд. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои ташкил ва густариши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла сохтмону барқарор намудан ва баргардонидани чунин муассисаҳое, ки қаблан ба ташкилоту муассисаҳои гуногун дода шудаанд, чораҳои мушаххас андешанд. Зеро фаъол гардонидани кори ин гуна муассисаҳо барои баъд аз дарс ба омӯзиши иловагӣ ҷалб намудани хонандагон мусоидат намуда, боиси коҳиш ёфтани оворагардӣ ва ҷинояткории наврасону ҷавонон мегардад.
Дӯстони азиз!
Таъсисёбии Маркази миллии тестӣ ва қабули марказонидашудаи довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар таъмини сифати таҳсилот дигаргуниҳои мусбат ба миён хоҳад овард. Зеро аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон ва хатмкардагони мактабҳо, имсол итминон пайдо карданд, ки сатҳи баланди дониш омили асосӣ ва ягонаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Имсол аз 1395 нафар довталабони ноҳияи Бохтар 821 нафарашон тибқи ихтисосҳои интихобнамудаи худ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд, ки қариб 60 фоизи теъдоди умумии довталабони ноҳияро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, чунин натиҷа бори дигар собит намуд, ки сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ боз ҳам тақвият мехоҳад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки натиҷаҳои имтиҳоноти имсоларо ҳамаҷониба таҳлил карда, омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасонандаро муайян намояд ва ҷиҳати бартарафсозии онҳо чораҳои мушаххас андешад. Аз таҳлили пешакии натиҷаҳои имтиҳонот маълум аст, ки дар бисёр мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои табииву риёзӣ, информатика ва забонҳои хориҷӣ ба талабот ҷавобгӯй нест. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои таҳсилоти миёнаи умумиро таҷдиди назар карда, дар ин замина стандартҳои нави фанниро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва дар амал ҷорӣ намояд.
Стандартҳо бояд бо дарназардошти дастовардҳои илму техника таҳия карда шуда, ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот бошанд, инчунин бояд дар онҳо арзишҳои милливу умумибашарӣ ва падидаҳои пешқадами таърихии халқамон инъикос гардида, ҷавобгӯи рӯҳияи миллат ва инъикосгари манфиатҳои миллӣ бошанд.
Ҳамчунин зарур аст, ки нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ҳар чӣ бештар дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, зеро ин иқдом барои таъмини маҳсулоти босифату дастрас ва рушди иқтисоди миллӣ хеле муҳим мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Бохтар дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия яқ қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд. Танҳо дар даҳ соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ ҷиҳати тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия 477 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудааст. Аз ҷумла аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва маблағҳои марказонидашуда барои сохтмони иншоот дар қаламрави ноҳия, инчунин кумаки молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ 274 миллион сомонӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ ва бонкҳо додани қарзи имтиёзнок барои рушди соҳибкорӣ, соҳаи кишоварзӣ ва бо тариқи лизинг додани техникаву таҷҳизот 11 миллион сомонӣ равона шудааст.
Дар баробари ин, дар ноҳия масъалаи иҷрои сифатноки уҳдадориҳои буҷетӣ ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи андоз якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва пайдо намудани сарчашмаҳои нави андозсупорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҳафт соли охир пешниҳоди маблағҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия беш аз 11 баробар афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда дар соли 2013 ба 73 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Инчунин дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ 43 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби дигар, барои бунёди иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзии ноҳия 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 70 миллион сомонӣ амалӣ карда шудааст. Илова бар ин, дар ноҳия тавассути амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳҳои мошингарди Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ ва Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб бо харҷи беш аз 95 миллион сомонӣ 35 километр роҳ ва пул бо дарозии 300 метр сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ноҳияи Бохтар дар доираи чор лоиҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураҳои ҷамоавӣ, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳоло аз ин ҳисоб дар ноҳия беш аз 11 миллион сомонӣ аз худ шуда, бинои дуошёнаи таълимии 11 синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37-и деҳоти «Бохтариён» ва сохтмони бинои таълимии ҳашт синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Ҳаёти нави деҳоти «Бӯстонқалъа» сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, то охири соли 2015 тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар мактаби рақами 47-и деҳоти «Бохтариён» бинои дуошёнаи таълимӣ ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Тибқи маълумот, тавассути Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Қутайба» ва «Бохтар» ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ доир ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли равғани пахта беш аз якуним миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.
Бо дарназардошти таъмини самаранокии маблағҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати интихоб ва татбиқи дурусти лоиҳаҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Дар соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети давлатӣ барои сохтмони Муассисаи давлатии «Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ барои калонсолон», таҳияи нақшаи генералии шаҳраки Исмоили Сомонӣ, сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мактаб барои 320 хонанда дар деҳоти «Бохтариён»-и ноҳия, маркази саломатӣ, сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия 6,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Илова бар ин, дар се соли оянда барои рушди ноҳия аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети давлатӣ ҷудо намудани 16 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ торафт афзоиш ёфта, соли ҷорӣ 9 корхонаи саноатӣ таъсис шудааст. Ҳоло миқдори корхонаҳои саноатии ноҳия ба 32 адад расидааст, вале соли ҷорӣ як қатор корхонаҳои саноатии ноҳия ба пастшавии ҳаҷми истеҳсол роҳ дода, ҳафт корхона умуман фаъолият накардааст. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо субъектҳои хоҷагидор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, воридоти техникаву технологияи муосири истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Давлату Ҳукумат ва заҳмати шабонарӯзии сокинон ноҳияи Бохтар сол аз сол тараққӣ карда, ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфтааст ва имрӯз дар рушди иқтисодӣ ва таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ мавқеи муҳим дорад. Дар даҳ соли охир дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,2 баробар афзоиш намудааст.
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 22,5 ҳазор гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш намуда, ба ҳолати 1-уми сентябр ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 420 миллион сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 5 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар ҳашт моҳи соли равон дар ноҳия истеҳсоли ғалла, пахта, картошка, полезӣ, ангур ва пилла нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба таври назаррас кам гардидааст. Ҳол он ки мавқеи ҷойгиршавии ноҳия имконият медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки минтақа табдил дода шавад. Иқдоми мазкур дар навбати худ боиси афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд шудани некуаҳволии сокинон мегардад.
То ҳанӯз ҳамаи захираҳо дар ин самт истифода нашудаанд ва дар сурати самаранок истифода намудани обу замин, қувваи қобили меҳнат ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир имконияти боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва дар муҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, омодагии ҳамаҷонибаро ба кишти баҳорӣ таъмин намоянд.
Бо мақсади беҳгардонии вазъи иҷтимоиву манзилии сокинони ноҳия мувофиқи Қарори Ҳукумати кишвар 396 гектар замин ҳамчун қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, айни замон лоиҳаи қарор барои ҷудо намудани боз 90 гектар замин барои эҳтиёҷмандони ноҳия дар баррасии Ҳукумат қарор дорад. Дар натиҷа, то имрӯз ҳазорҳо оила соҳиби манзили нави истиқоматӣ шуда, боз ҳазорҳо оилаи дигар, хусусан оилаҳои ҷавон, аз ин имконият баҳравар мегарданд.
Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон месозам, ки ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ талаботи замона ва унсурҳои меъмории миллиро ба назар гирифтан шарт аст.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сохторҳои маҳаллии он, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ин масъаларо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд ва ба мардум дар ҷараёни бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ва иншооти дигар кумаки амалӣ расонанд.
Ҳамватанони азиз!
Бо истифода аз ҳузури роҳбарону фаъолон ва падару модарон мехоҳам боз як масъалаи муҳимро иброз намоям. Пеш аз ҳама, ҳар як фард бояд шукронаи ободиву пешрафти рӯзафзуни кишварро намояд, ки ин неъмати бузург тавассути сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва заҳмати аҳлонаи сокинони мамлакат ба даст омадааст. Ҳамзамон бо ин, кишвари мо дар марҳилаи нави созандагӣ қарор дошта, барои босуръат амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон дар ин самт зарур аст, ки мардум ба ин раванд бо рӯҳияи созандагӣ ва ташаббускорӣ аз ҳарвақта дида бештар ширкат намоянд.
Бояд ҳар як фарди ҷомеа дарк намояд, ки мақсади асосии мо аз татбиқи чунин сиёсати созанда танҳо пешрафта гардонидани кишвар, афзоиш додани суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии он ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Ин нақшаҳои бузурги созанда дар сурате амалӣ мегарданд, ки мову шумо бо нияти нек, дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон содиқона хизмат кунем.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, сокинони заҳматпешаву ҳимматбаланди ноҳияи Бохтар, инчунин кулли устодону шогирдони мактаби навро бо ин рӯзи хотирмон табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагӣ, ба шогирдони ин боргоҳи илму дониш таҳсили хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!