Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе
6 сентябри соли 2014
Ҳозирини арҷманд!
Меҳмонони гиромӣ!
Ба истиқболи сазовори ҷашне, ки барои ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибихтиёр бисёр азизу муқаддас аст, яъне солгарди бистусеюми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бистсолагии қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон мавриди истифода қарор гирифтани Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» аз вусъати тоза гирифтани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.
Меҳмонхонаи имрӯза дорои ҳамаи шароити муосиртарин буда, бешубҳа, ба макони дӯстдоштаи буду боши меҳмонони пойтахти Тоҷикистон табдил меёбад. Зеро он дар мавзеи хеле мусоиди шаҳр ҷойгир буда, ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» наздик аст ва метавонад ба меҳмонон сатҳи баланди хизматрасонии милливу байналмилалиро пешниҳод намояд.
Ба ин муносибат ҳамаи сокинони пойтахт ва меҳмонони гиромиро самимона табрик намуда, ба сармоягузорон, мутахассисону муҳандисон ва сохтмончиёне, ки дар бунёди ин меҳмонхонаи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Меҳмонхонаи имрӯза бо сармояи Ширкати хусусии «СИ ЭЙ ЧЕЛ»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, бо тарҳи меъмории мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар масоҳати қариб 25 ҳазор метри мураббаъ ва харҷи 275 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар меҳмонхона ба иловаи мавҷуд будани тамоми шароити мусоид дар ҳуҷраҳо, толорҳои варзишу табобат ва дигар имкониятҳои инфрасохторӣ муҳайё карда шудаанд.
Мувофиқи нақша дар меҳмонхона 180 нафар кормандон бо маоши баланд ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки марҳалаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баъди соҳибистиқлол шудани давлати мо, яъне аз соли 1992 густариш пайдо карда, то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла тиҷорат, фарҳангу маориф, саноату энергетика, кишоварзиву тандурустӣ ва варзиш беш аз 50 созишнома ба имзо расидааст, ки дар заминаи онҳо ҳоло дар Тоҷикистон як қатор корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд.
Соли 2012 тавассути сармояи давлати ба мо дӯсти Ҳиндустон Неругоҳи хурди барқи обии «Варзоб-1» ба маблағи 75 миллион сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, иқтидори истеҳсолии он хеле баланд бардошта шуд.
Ҳамкориҳои судманди ду ҷониб дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ сол то сол тавсеа ёфта, ҳар сол шумораи зиёди мутахассисони мо барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос ба Ҳиндустон сафар мекунанд ва ҳамзамон бо ин, теъдоди зиёди донишҷӯёни ин кишвар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дӯстони азиз!
Бояд гуфт, ки дар баробари зиёдшавии меҳмонхонаҳо барои дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо имрӯз дар мамлакатамон Ҷамъияти дорандагони тарабхонаву меҳмонхонаҳо фаъолият намуда, мактаби миллии меҳмоннавозӣ таъсис дода шудааст, ки дар он мутахассисони баландихтисоси соҳа тайёр карда мешаванд. Бо бунёд гардидани чунин меҳмонхонаҳои бонуфуз, ки макони буду боши меҳмонони хориҷии сершумор мегарданд, бояд тамоми расму суннатҳои меҳмондории тоҷикон риоя гардида, хизматрасонӣ ва таъминоти меҳмонхонаҳо бо таҷҳизоту шароити зарурӣ дар сатҳи олӣ қарор дода шавад.
Азбаски кишвари мо дорои табиати зебои нотакрор, олами ҳайвоноту набототи нодир ва мавзеъҳои фароғату тамошо мебошад, зарур аст, ки бо истифода аз меҳмонхонаҳои замонавӣ ва сатҳи муосири хизматрасонӣ ҷиҳати муаррифии сазовори онҳо бештар талош варзида, сайёҳони сершумор барои тамошои ин куҳандиёр ҷалб карда шаванд.
Хотирнишон месозам, ки давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак тамоми шароитро фароҳам оварда, барои амалисозии онҳо бо ҳамаи давлатҳои дӯст ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Соли ҷорӣ дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ ва механизмҳои кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд.
Илова бар ин, дар назди халқи бунёдкори тоҷик ба хотири ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон нақшаву лоиҳаҳо барои бунёди садҳо иншооти дигар қарор доранд. Амалисозии нақшаву ниятҳоямон, бешубҳа, дар самти бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, вақте ки меҳмон ё сайёҳе ба Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» ворид мегардад, пеш аз ҳама, бояд фазои гарму самимонаи меҳмондории тоҷикона, сатҳи хизматрасонии байналмилалӣ ва муоширати сатҳи баланди кормандонро эҳсос намояд.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи сокинони кишвар ва меҳмонони кишвари ба мо дӯсти Ҳиндустонро ба ифтихори дар пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтани Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» табрик гуфта, ба ҷаноби доктор Лалит Малхотра ҷиҳати анҷоми муваффақонаи лоиҳаи мазкур миннатдорӣ баён мекунам.
Ба ҳамаатон барори кору сиҳатмандии комил орзу менамоям!