Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

Индонезия, якуми августи соли 2016

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Хонумон ва ҷанобон!

Нахуст мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ва мардуми дӯсти он барои даъвати инҷониб ҷиҳати анҷом додани ин сафар, ҳамчунин пазироии самимӣ ва истиқболи гарми ҳайати Тоҷикистон сипоси амиқи хешро иброз намоям.

Ин боздид аз кишвари зебоманзару зудтараққиёбандаи Индонезия ба ҳайати мо таассуроти нек бахшид.

Мо комёбиҳои назарраси мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд арзёбӣ менамоем.

Нақши созандаи кишвари шумо дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин аст.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Мувофиқаҳои дар рафти ин сафари мо ҳосилгашта боз як қадами устувор дар самти таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоямон мебошанд.

Муҳим он аст, ки ҷонибҳо бо таъкиди ҳавасмандии хеш ба рушди ҳамёрӣ дурнамои густариши ҳамкориҳояшонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мушаххас гардониданд.

Мо бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расонидем, ки таҳкимбахши заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои тарафҳо мебошад.

Давлатҳои мо тасмим гирифтанд, ки ҳадафмандона ҷиҳати рушди тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҷалби сармоя ба он, ҳамчунин таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангиашон кӯшишҳои бештар фаъол намоянд.

Дар ин робита, мо пешниҳодоти худро ҷиҳати самаранок ба кор андохтани иқтидорҳои дар ин арсаҳо мавҷуда ба мақоми олии ҷониби Индонезия манзур намудем.

Ҳамзамон, бо назардошти нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, мо салоҳ донистем, ки фаъолияти мунтазами он ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, даъват намудем, ки ҷониби Индонезия иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди  сармоявии Тоҷикистон, ки аксарашон аҳамияти минтақавӣ доранд, фаъол гардонад.

Барои ин амалия дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мо, аз ҷумла  гидроэнергетика, саноати сабуку коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм имкониятҳои фаровон ва мусоид вуҷуд доранд.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода барои соҳибкорону ширкатҳои Индонезия шароити зарурӣ фароҳам орад.

Дар рафти музокирот мо  атрофи  масъа­лаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози ақида намудем.

Маълум шуд, ки назари ҷонибҳо роҷеъ ба бисёре аз ҷанбаҳои мавзӯъҳои доғи рӯз, минҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва исломситезӣ, ба ҳам мувофиқ ё наздик мебошанд.

Дар ин робита, мо сари он ақида омадем, ки ҳамёрии кишварҳоямонро дар доираи ҳамоишҳо ва созмонҳои ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Ҳаракати адами тааҳҳуд ва ғайра тақвияти бештар бахшем.

Зимни музокирот мо бо Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарами Индонезия оид ба чанде аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳаводиси охири олами ислом, мубодилаи афкор намудем.

Аз ин дидгоҳ, мо ҷонибдории худро аз талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар  кишвари дӯсту ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон иброз доштем.

Дар мавриди идомаи муколамаи  сиёсии доимӣ мо идомаи тамосу машваратҳои  байнидавлатии ду кишварро дар сатҳҳои гуногун таъкид кардем.

Дар ин росто ман аз Ҷаноби Олӣ  Ҷоко Видодоро даъват намудам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикис­тон сафар намоянд ва меҳмони азизу олиқадри мардуми Тоҷикистон шаванд.

www.president.tj