Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон

№47 (3032) 16.04.2013

IMG_008115 апрели соли 2013, ш. Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, хонумҳо ва ҷанобон!

Сафари мазкури Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби олиқадр Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар аст, ки марҳилаи муҳими он моҳи сентябри соли гузашта дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон амалӣ гашта буд.

Ин муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд хислати мунтазам дошта, бад-ин васила ҳар ду ҷониб ният доранд, ки ба муносиботи дорои анъанаҳои дерини таърихии миёни кишварҳоямон неруи тоза бахшанд.

Дар ҷараёни сафари расмии кунунӣ мулоқот ва музокироти муфассал бо Ҷаноби олиқадр Ноиби Президенти Ҳиндустон ва ҳайатҳои ҳар ду ҷониб анҷом додем, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

Мавзуи умдатарини мулоқоту музокирот ин дарёфти роҳҳо ва воситаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони моҳи сентябри соли 2012 дар Деҳлӣ ҳосилгашта буд. Асноди соли гузашта имзошуда як қадами муҳим дар татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ, мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориаш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад. Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин соҳа минбаъд низ пуштибонӣ намоем.

Дар раванди музокирот ҳар ду ҷониб зарурати густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавиро таъкид намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ва музокирот мавзуоти муҳими минтақавӣ мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифтанд. Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик доранд.

Мо мувофиқ бар он будем, ки дарёфти роҳҳои самараноки ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоишта дар он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро то ва баъди хурӯҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави ин кишвар тақозо менамоянд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Ҳиндустон даъват ба амал овард, ки дар асоси муштарак тадбирҳои ғайринизомӣ дар иртибот ба эҳёи иқтисодии Афғонистон андешида шавад. Қабл аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва иртиботот мадди назар аст.

Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ду кишвари дӯсту ҳамшарик ҷойи муносиберо ишғол хоҳад кард.

Боздиди Ҷаноби олиқадр Ансорӣ аз Тоҷикистон барои таъмини дурнамои неки ҳамкории ду ҷониб ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд.

 

www.president.tj