Кохи бузурги сулҳу ваҳдат бегазанду пойдор бимонад

№80 (3065) 29.06.2013

Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили шонздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

27 июни соли 2013, шаҳри Душанбе

IMG_0054Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам намояндагони сокинони пойтахти кишвар!

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз дастовардҳои бузурги сиёсии таърихи навини давлатдории тоҷикон имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар заминаи он таъмин гардидани ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад, ки мо имрӯз ба ифтихори шонздаҳумин солгарди ин санаи бузург ҷамъ омадаем.

Воқеан, бо гузашти солҳо ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик он қадар шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки қадру манзалати онро танҳо бо мафҳуми санаи тақдирсоз ифода кардан мумкин аст.

Муҳимияти хоси ин рӯйдоди таърихӣ дар он аст, ки дар он марҳалаи бисёр ҳассос мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист манфиатҳои миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони худ ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди ватани ободу зебои биҳиштосои имрӯзаро дилпурона оғоз намояд.

Бо истифода аз фурсат тамоми мардуми соҳибтамаддуну сулҳпарвари кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони пойтахти зебоямон – шаҳри Душанберо ба ифтихори шонздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии осоишта, амнияту осудагӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Мардуми сулҳхоҳу сулҳпарвари мо он рӯзҳои мудҳиш хуб дарку эҳсос карданд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа муҳимтарин шарти таҳкими иқтидори давлат мебошад ва ин омили созанда аз ҳамбастагии афроди ҷомеа ва ҳамоҳангии андешаҳо сарчашма мегирад.

Имрӯз, ки дар ҷомеаи мо фазои сулҳу ваҳдат ҳукмрон аст, мехоҳам якчанд омили ваҳдатсоз ва таъминкунандаи сулҳи тоҷикон, аз қабили таҳаммулгаройӣ, шукргузорӣ, сабру тамкин ва бахшидани якдигарро ҳамчун нишонаи хиради азалии халқамон ва хислатҳои хоси фарҳанги сулҳофарии тоҷикон барои насли ояндасози кишвар хотирнишон созам, то ин ки мояи ифтихор ва раҳнамои ҳаёти онҳо барои расидан ба қадри неъмати Худододи оромиву осоиш бошад.

Бояд зикр намоям, ки барои ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ аввалин иқдом дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд, ки мо соли гузашта бистумин солгарди баргузории онро ботантана таҷлил намудем.

Арзишҳои волои сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшии ҳамагонӣ аз ғояҳои муҳимтарине буданд, ки дар Иҷлосияи шонздаҳум баланд садо доданд ва сипас меҳвари асосии барнома ва фаъолияти мо қарор гирифтанд.

Хотирнишон месозам, ки дар таърихи ҷангҳои шаҳрвандӣ нахустин бор тарафҳои даргир тавонистанд ҳамдигарро шунаванд, ҳамдигарро бахшанд ва бо таҳаммулгароиву дурандешӣ масъулияти бузурги хешро дар назди халқу Ватан ва ормонҳои миллати худ амиқан дарк намоянд.

Сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, набояд ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқи мо ва наслҳои имрӯзу фардо фаромӯш гардад.

Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки мо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба осонӣ ба даст наовардаем. Аз ин лиҳоз, мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бе падар мондани ҳазорон -ҳазор кӯдакон, бе фарзанду бе саробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем.

Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва моро водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем. Мардуми мо, хусусан ҷавонони мо, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва, муҳимтар аз ҳама, нодида гирифтани майлу хоҳиш ва иродаи халқ ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад оқибатҳои фоҷиаборе ба бор оварад, зеро танҳо халқ сарчашмаи ҳокимият аст ва майлу иродаи он муайянкунандаи воқеият ва асли ҳокимият мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, инсонпарвар, фарҳангофар ва созандаву бунёдкор мебошад.

Ҳамин фазилатҳои оливу азалӣ мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуд. Аз баракати пойдории сулҳ мо пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худро пайваста таҳким мебахшем.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистон дар шонздаҳ соли пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон паймудааст, бо садсолаҳо баробар мебошад.

Бинобар ин, мо фарҳанги сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва, пеш аз ҳама, заминаи асосии таҳаввулоти демократӣ мебошад.

Ман ҳамеша бо халқи сарбаланду бунёдкор, некандешу соҳибтадбир ва сулҳпарвари худ ифтихор менамоям ва бо тамоми ҳастӣ итминон дорам, ки бо дастгириву пуштибонии чунин халқи матинирода мо минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш хоҳем рафт ва нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкориҳои имрӯзу фардоямонро ба ҳаёт татбиқ менамоем ва тамоми мушкилоти ҳаётамонро бартараф сохта, барои ҳар як сокини мамлакат рӯзгори аз имрӯза беҳтару хубтарро таъмин мекунем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам мерасонем.

Барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ мо ҳамаи имкониятҳо ва иқтидорҳои заруриро дорем ва қувваи асосии татбиқкунандаи ин ҳадафи нек неруи созанда ва офарандаи халқи меҳнаткашу ободкори тоҷик мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми ҳамватанони азизро, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хонаи обод, оромиву осудагӣ ва некбахтиву хушрӯзӣ орзу дорам.

Бигзор, ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша пойдор бошад ва аз хонадони ҳар кадоми шумо файзу баракат кам нагардад!

Бигзор, кохи бузурги сулҳу ваҳдати тоҷикон мисли ободкориҳои дар масири таърих бунёднамудаи аҷдоди некномамон асрҳои аср бегазанду пойдор бошад!

Ҷашни ваҳдат ва ризоияти миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!