Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 5 ноябри соли 2014
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Бинобар ин, бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо — ҳозирини гиромиро ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил самимона табрику шодбош мегӯям.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Дар таърихи на чандон тӯлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад. Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯй ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.
Ҳоло, ки мо дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди санади тақдирсози кишвар қарор дорем, бояд бори дигар ба таърихи қабули он назар андохта, андеша намоем, ки то имрӯз дар заминаи ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ дар самти эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ба кадом дастовардҳо ноил шудаем. Зеро ёдовар шудан аз дастовардҳо ба мардуми кишвар ва хусусан ҷавонон, имконият медиҳад, ки аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияро амиқан дарк намоянд.
Дӯстони азиз!
Истиқлолият, ки ибтидои давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллии мо мебошад, ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ барои халқи тоҷик имкони воқеии амалӣ намудани орзуву ормонҳои гузаштагонамонро фароҳам оварда, роҳи пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рӯи кор оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳими демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад. Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафтаи олам муяссар мешавад, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин мегардад ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, устувор мегардад.
Вазъияти ниҳоят ҳассосу печида ва зудтағйирёбандаи онвақтаи арсаи олам низ дар баробари вазъияти ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии дохили кишвар ба мазмуну мундариҷаи таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мардуми мо ва умуман, ҳастии давлати навини тоҷикон таъсири амиқ ва торафт афзоянда дошт ва дар назди давлату ҷомеа вазифаи басо муҳим ва ҳамзамон бо ин, масъулияти ниҳоят ҷиддиро гузошта буд. Бинобар ин, бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардид.
Таҳия ва қабули Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар кӯшиш мекард, ки кори худро босифат ва дар муддати кӯтоҳ ба иҷро расонад, зеро ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи ноороми он рӯзҳо ҳар чӣ зудтар қабул гардидани ин ҳуҷҷатро тақозо мекард.
Дар раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи кишвар мардуми Тоҷикистон низ фаъолона иштирок карда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳои зиёдеро манзур намуданд.
Аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ тамоми пешниҳодҳои воридшуда таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамзамон бо ин, конститутсияи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта, таҷрибаи мусбати онҳо мавриди истифода қарор дода шуд.
Ман борҳо таъкид дошта будам ва боз иброз медорам, ки қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад. Бинобар ин, ман ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ, дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иштирок карданд, изҳори сипос менамоям. Зеро қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва дар он инъикос ёфтани мақсаду мароми ҷомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тоҷикон ягона роҳи муаррифии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд. Аз оғози пайдоиши тамаддуни инсонӣ то ба давраи муосир санадҳои зиёде расидаанд, ки муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихӣ, тарзи зиндагӣ, сатҳи тафаккур ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии онҳо мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо Эъломияи Куруши Кабирро, ки таърихи зиёда аз дувуним ҳазорсола дорад, метавон дохил намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ин санадҳои муҳим раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд ва баромадан аз доираи муқаррароти онҳо ё нодида гирифтани онҳо сабаби сар задани низоъҳои мухталиф ва фалаҷ гардидани низоми ҳокимияти сиёсӣ мегардад.
Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо, давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.
Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.
Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд. Дар чунин шароити ниҳоят вазнину ҳассос, пеш аз ҳама, ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати мардуми тоҷик ва дар асоси меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия ба мо муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми парокандаи кишварро сарҷамъ намоем ва давлати миллиамонро аз хатари тақсимшавӣ эмин дорем.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам. Маҳз қудрати ваҳдатсози санади тақдирсози миллат, яъне Конститутсия буд, ки дар асоси меъёрҳои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ — Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Метавон гуфт, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад. Он метавонад ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро нишон дода, ба мактаби омӯзиш табдил ёбад.
Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки имрӯз мардуми фарҳангсолори мо ба қадру қимати сулҳу суботи комил ҳамчун арзишҳои муқаддастарин мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд. Барои ин, ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.
Зеро равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.
Қабули Конститутсия аз рӯзҳои аввал дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.
Яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт.
Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд. Зеро мо хуб медонем, ки барои ташаккул ва рушди давлату ҷомеа заминаи устувори иқтисодӣ зарур буда, бидуни мавҷудияти иқтисодиёти ба рақобат тобовар ноил гардидан ба пешравиҳо ва таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар кас, ки кафолати он дар сатҳи Конститутсия ҳамчун кафолати давлати иҷтимоӣ дарҷ гардидааст, ғайриимкон мебошад.
Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи иқтисодиву иҷтимоии давлат қабул гардидани барномаҳои мухталифи иқтисодӣ ва татбиқи бомароми онҳо имкон дод, ки ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ суръати тоза бахшида шуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.
Рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ андозаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои гуногун ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд, бамаротиб афзуда, ҳамасола аз нисф зиёди буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоиёт сафарбар карда шавад, ки ин нишондиҳандаи возеҳи хислати иҷтимоӣ доштани буҷети давлати мо мебошад.
Албатта, ҷойи таъкид аст, ки барои расидан ба сатҳи арзандаи зиндагии аҳолӣ мо бояд хеле заҳмат кашем.
Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.
Бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва ба принсипи эътирофшудаи байналмилалии инсондӯстӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ аз соли 2004 инҷониб дар кишвар татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд.
Ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ ва бо дарназардошти он ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи давлати мо қарор дорад, дар муддати бист сол бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Президенти Тоҷикистон понздаҳ маротиба лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи авф»-ро ба парламент пешниҳод намуд ва онҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузор қабул гардиданд, ки дар маҷмӯъ ба зиёда аз 100 ҳазор нафар қарорҳо дар бораи озод кардан аз ҷазои таъиншуда, кам кардани муҳлати он ва озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қабул карда шуданд.
Чанд рӯз пештар бо мақсади идома бахшидан ба ин иқдоми башардӯстона, татбиқи ҳамаҷонибаи принсипи инсондӯстӣ, тақвияти кафолати конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояву эҳтиром ва ҳифзи онҳо ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи истисноии конститутсионии худ лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба парламенти мамлакат пешниҳод намудам ва он низ қабул гардид.
Амали ин қонун нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ гардида, пеш аз ҳама, занон ва ноболиғон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд, ки ин боз як қадами муҳиму устувор дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Дар маҷмӯъ, аз давраи ба даст овардани истиқлолият то ин дам ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории ҷиноятӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили принсипи инсондӯстӣ дар меъёрҳои он корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, ҳоло лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятӣ таҳия шуда истодааст, ки ин боз як иқдоми қавӣ дар самти такмили он мебошад.
Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Бо дарназардошти ин, дар давраҳои мухталиф (солҳои 1999 ва 2003) бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуда, дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир мебошад. Воқеияти ҳаёт чунин аст, ки рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини шароит барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аз мақомоти қонунгузор вобастагии амиқ дорад.
Дӯстони гиромӣ!
Дар радифи таъмини имконияти баробари ҳар шахс барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад.
Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.
Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии хусусияти миллидошта ба ҳисоб мераванд.
Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати фазои озоди мафкуравӣ ва гуногунандешӣ роҳҳои қонунии татбиқи ин меъёрро тавассути қонунҳои соҳавӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа имрӯз дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ ва 44 иттифоқи касаба ба расмият шинохта шудаанд.
Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ба ҳаёти мардум мафкураҳоеро таҳмил намоянд, ки онҳо суннату арзишҳои муқаддаси миллӣ, ваҳдат, субот ва амнияти ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатиро халалдор созанд.
Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст.
Дигар унсури муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, кафолати фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма мебошад, ки ба инкишофи ҷомеаи фардҳои озод ва изҳори озоди ирода мусоидат мекунад.
Бо мақсади татбиқи амалии ин меъёри конститутсионӣ ҳоло дар кишвар тамоми шароити зарурӣ ва заминаи ҳуқуқии муосир муҳайё мебошад ва ин имкон медиҳад, ки доираи фаъолияти воситаҳои ахбори омма боз ҳам васеъ гардида, барои пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шаванд.
Имрӯз аз 516 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рӯзномаву маҷалла ғайридавлатӣ, аз 68 шабакаҳои радио ва телевизион 49 шабака хусусӣ ва аз 11 агентии иттилоотӣ даҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ мебошад. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет қариб ба 4 миллион нафар мерасад.
Соли 2000-ум аз 300 номгӯй рӯзномаву маҷалла 200 номгӯй ва ҳамагӣ 14 телевизиону ду радио ғайридавлатӣ буданд. Ин рақамҳо нишонаи равшану возеҳи озодии сухан ва воситаҳои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст.
Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст.
Маҳз ба ҳамин хотир дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ҳозирини арҷманд!
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.
Бо дарназардошти он ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судҳо ва судяҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ва тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ иброз доштам, ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода мешавад.
Таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ҳамзамон барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, таҳкими ризоияти ҷомеа, баланд гардидани обрӯву эътибори мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, пойдории кишвар, таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд нақши муҳиму арзанда мегузорад. Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки судяҳо бояд барои мунтазам беҳтар кардани фаъолияти касбӣ, баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии худ кӯшиш карда, барои баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки рисолати аслии хизматии онҳо пойдории адолати судӣ мебошад.
Шарти муҳими ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, устувор гардонидани низоми қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз замони қабули Конститутсия то ин дам дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба таъмини суботу оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷинояткорӣ дар мамлакат муваффақ шудаанд.
Дигар вазифаи муҳими Конститутсия муайян намудани асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа, яъне таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ мебошад.
Дар сархати Конститутсия мо халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карда, дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтем ва онҳоро то имрӯз пайгирона татбиқ менамоем.
Пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии давлат дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо имконият дод, ки ҳамқадами ҷараёни тағйироти амиқи бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва сиёсати фаъоли давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия кишвари мо иштирокчии зиёда аз 1500 санади байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ҳисоботи худро ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам пешниҳод менамояд. Аммо бо вуҷуди ин дастовардҳо, кишвари мо ҳоло низ дар марҳалаи тақдирсози таҳкиму тақвияти пояҳои давлати худ қарор дорад ва ин амр аз мо саъю талошҳои минбаъдаро ба хотири ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ тақозо менамояд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Дар робита ба ин, як масъалаи дигари муҳимро мехоҳам хотирнишон созам, ки моҳи феврали соли 2015, тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, дар кишварамон интихоботи парламент, мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад.
Ҳоло барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад.
Бо мақсади такмили заминаи имкониятҳои баробари иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба наздикӣ аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар баробари як қатор дигаргуниҳо дар ин қонун андозаи гарави интихоботӣ панҷоҳ фоиз кам карда шуд. Меъёри мазкур ба номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабукӣ оварда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар интихоботи навбатӣ фаъолтар иштирок намоянд ва барои ноил шудан ба мақоми вакилӣ дар фазои демокративу баробар талош варзанд.
Чунонки борҳо хотирнишон кардаам, мо ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад. Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ номзадҳои зиёде пешбарӣ мешаванд, ки инро мо ҳамчун як падидаи табиӣ дар ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мекунем.
Гузашта аз ин, мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад.
Мо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсонеро, ки дар интихобот иштирок менамоянд, даъват мекунем, ки барои дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда барпо шудани ин маъракаи сиёсӣ талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.
Ман ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парламентӣ, мақомоти намоядагии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамаи шароити заруриро муҳайё намоянд.
Дар ҷараёни гузаронидани тадбирҳои пешазинтихоботӣ лаҳзае набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дар маҷмӯъ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва баланд бардоштани эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ масъулият дорем.
Шубҳае нест, ки интихоботи соли оянда ба мақомоти намояндагӣ, мисли дигар чорабиниҳои сиёсии дар кишварамон баргузоршуда, боз ба як омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва болоравии обрӯи кишварамон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил хоҳад ёфт.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони азиз ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон сарчашма мегирад.
Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Эътимоди комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худогоҳу худшиноси кишвар минбаъд низ бо дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои зикршуда ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Қонуни асосии кишвар талош меварзад.
Бори дигар ҷашни пуршукӯҳи 20-солагии қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишварро ба ҳар як фарди Ватан шодбош гуфта, умедворам, ки меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тӯли садсолаҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ мемонад.
Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Саломату сарбаланд бошед!