Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
16 сентябри соли 2013
Ҳамватанони арҷманд!
Мардуми куҳанбунёду сарбаланди тоҷик табиатан ва таърихан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, заҳматпешаву ободгар мебошанд ва анъанаи хубе доранд, ки ҳар як сана ва ҷашни милливу давлатиро бо дастовези арзанда ва рӯҳияи баланди идона истиқбол менамоянд.
Боиси қаноатмандист, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон, яъне бисту дуюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони заҳматқарини ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд мо чандин иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои навсохти иҷтимоӣ, аз ҷумла хобгоҳ барои 46 оилаи омӯзгорони мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов, беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Ашт, клиникаи хусусии ташхису табобат дар ноҳияи Спитамен, корхонаи истеҳсоли дару тиреза ва либосҳои варзишӣ, таваллудхонаи вилоятӣ ва мактаби нав барои қариб ҳазор нафар хонанда дар шаҳри Хуҷанд, инчунин бинои иловагии мактаб барои 1450 нафар хонанда дар ду баст ва бинои нави мактаб барои хонандагони болаёқат бо 1300 ҷойи нишаст дар деҳоти «Ҳайдар Усмонов» ва «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, ки ҳар яки онҳо туҳфаи сазовор ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон мебошад.
Ҳоло мо ба муносибати боз як рӯйдоди хотирмон, яъне мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи варзишӣ дар деҳоти «Хистеварз»-и бостонӣ ҳузур дорем, ки аз ҷумлаи иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба хотири ободии Ватани азизамон ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо — сокинони фарҳангпарвару меҳмоннавози Хистеварз, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғдро бори дигар ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ба муносибати ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо зиндагии ободу осуда ва толеи баланд орзу менамоям.
Ҳукумати мамлакат пайваста азму талош дорад, ки дар ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза гирифта, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тадриҷан баланд бардошта шавад.
Расо се сол муқаддам, ҳангоми ифтитоҳи мактаби зебои замонавие, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда буд, таъкид карда будам, ки бо мақсади ҳалли масоили иҷтимоии деҳоти «Хистеварз» барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он таҳия карда шавад.
Дар заминаи дастури Роҳбари давлат моҳи сентябри ҳамон сол Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Барномаи рушди деҳоти «Хистеварз»-ро тасдиқ намуд ва ҳоло ин барнома бо маблағи қариб 30 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки то имрӯз 23 миллион сомонии он аз худ шудааст.
Мутобиқи барнома сохтмон ва азнавсозии як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимиву тиббӣ, иншооти варзишӣ, варзишгоҳ, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, майдончаҳои кӯдакон, чойхонаи миллӣ, ҳаммом, бунёди боғи фароғатӣ ва азнавсозии шабакаи обрасонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони литсей барои хонандагони болаёқат бо хобгоҳаш ва бунёди варзишгоҳи ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир аз ҷумлаи супоришҳое буданд, ки се сол қабл дар назди масъулон гузошта будем.
Боиси хушнудист, ки супоришҳои додашуда дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардиданд ва тантанаи имрӯза ба хотири ифтитоҳи варзишгоҳ баёнгари татбиқи амаливу саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баробари азимтарин воҳиди маъмуриву ҳудудии кишвар будан, ҳамзамон сарзаминест, ки барои пешрафти мамлакат саҳми калон мегузорад. Аз ин рӯ, ман ба ин сарзамини муқаддас ихлоси бепоён дорам ва эҳтироми ман нисбат ба сокинони деҳа ва ноҳия бесабаб нест.
Аввал ин ки мардуми ноҳия бо заҳматписандӣ ва ҳимматбаландии хеш дар қаламрави кишвар ҳамто надоранд, баъдан, ин диёр зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихамон бо кору пайкори ватандӯстона, бахусус бо таълифи шоҳасари безаволи худ — «Тоҷикон» дар ҷодаи ташаккули худшиносии миллӣ ва пойдории давлати тоҷикон саҳми беназир гузоштааст.
Ҳамчунин ман ҳамеша ифтихормандам, ки маҳз аз минбари баланди Қасри овозадори Арбоб ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидам ва тамоми мардуми Тоҷикистон имрӯз Қасри Арбоби таърихиро ба хотири оғози сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон ҳамчун макони муқаддас гиромӣ медоранд ва ҳамеша онро ба унвони сарчашмаи ваҳдати миллии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба пешравиҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, истифодаи пурсамари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, бунёди корхонаҳои дорои технологияҳои навтарин ноил гардиданд ва сатҳи зиндагии сокинони заҳматқарини он хеле баланд шуд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо дарназардошти имкониятҳои васеи ноҳия, махсусан бо истифода аз неруи созандаи соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Рушди иқтисодиёти ноҳия асосан аз ҳисоби бахши кишоварзӣ таъмин мегардад, зеро 60-70 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳия 35 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо асосан дар заминаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти иқтисодии ноҳияро рушди саноат ташкил медиҳад.
Дар ин раванд зарур аст, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд тавассути тақвият бахшидани азнавсозии корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ аз ноҳияи аграрӣ ба ноҳияи агросаноатии рушдёбанда табдил дода шавад. Мо бовар дорем, ки роҳбарону мутахассисон ва мардуми заҳматқарини ноҳия дар вақтҳои наздиктарин ба ин ҳадаф низ ноил мешаванд.
Ҳозирини муҳтарам!
Тайи солҳои охир фаъолияти сохтору мақомоти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумат ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015» ва силсилаи барномаҳои соҳавӣ хеле назаррас гардидааст.
Маҳз дар натиҷаи фаъолияти мақсадноку босамари мақомоти давлатӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ соҳибкории истеҳсолӣ дар миқёси вилоят сол аз сол густариш ёфта, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва тадриҷан баланд гардидани даромади буҷети давлатӣ мусоидат карда истодааст.
Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, усулҳои нави роҳбарӣ, ташаббускориву мустақилият ва сари вақт андешидани тадбирҳои судманд имконият фароҳам овард, ки тӯли солҳои охир вилоят ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардад.
Танҳо дар соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар вилоят қариб ба нуҳ миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёд мебошад.
Инчунин, қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоят дар ҳафт соли охир беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст, ки чунин комёбӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Агар соли 2007 қисми даромади буҷети вилоят ҳамагӣ 164 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли гузашта беш аз як миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин рақамҳо аз афзудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот гувоҳӣ медиҳанд.
Дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёд гардида, барои сохтмони иншооти давлатӣ ва баргузории чорабиниҳои милливу фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Вобаста ба ин, ба ҳамаи раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як ташаббуси созандаи соҳибкорони ватаниро дастгирӣ намуда, монеаҳои сунъии рушди иқтисоди миллиро сари вақт бартараф созанд ва ҳамкории манфиатбахшро бо бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар самти тақвияти ҳифзи иҷтимоии сокинон, сохтмони иншооту роҳ ва дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ҳафт миллиарду 200 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт соли охир бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015» аз тарафи ташкилоту идораҳои вилоятӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳаҷми сармоягузорӣ, бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, беш аз чор миллиард сомониро ташкил намудааст.
Дар ин давра, илова ба бунёди садҳо километр роҳҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ, нақбҳои мошингард, истгоҳу иншооти замонавии энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, садҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоӣ ва варзиш ба истифода дода шуданд.
Илова бар ин, бо супориши Президенти мамлакат роҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан таҷдид гардидааст ва айни замон таъмиру азнавсозии роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва роҳҳои дохилии шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
Инчунин дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба рушди варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. То имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 80 толор ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардида, барои варзишгарон ва наврасону ҷавонони вилоят тамоми шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.
Вобаста ба ин, ба ҳамаи масъулони иншооти варзишӣ зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самаранок ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои доимӣ андешанд.
Татбиқи ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дар ин самт андешидашуда имконият доданд, ки маошу нафақаи сокинон тадриҷан баланд карда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар ҳафт соли охир дар соҳаи саноати вилоят қариб 350 корхонаи саноатӣ бо фарогирии 12 ҳазор кормандон таъсис дода шуда, барои зиёдшавии номгуйи маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда мусоидат кардаанд.
Дар натиҷаи ин иқдомҳо ҳаҷми содироти маҳсулот афзоиш ёфта, ба вазъи гардиши хориҷии молу маҳсулот таъсири мусбат гузошт.
Мусоидат ба иҷрои барномаи давлатии амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷода соҳаи картошкапарварӣ яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои барномаи рушди кишоварзӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳаҷми истеҳсоли картошка дар вилоят дар ҳафт соли охир қариб ду баробар зиёд гардида, соли гузашта истеҳсоли он ба зиёда аз 380 ҳазор тонна расонида шуд.
Ҳамзамон бо ин зарур аст, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилоят тавассути васеъ кардани майдони кишт аз ҳисоби заминҳои ҳосилхез, истифодаи тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли картошка боз ҳам афзоиш дода, боғу токпарварӣ ва истеҳсолу содироти мева, аз ҷумла зардолу, вусъат дода шавад.
Дӯстони азиз!
Истиқлолияти кишвар воқеан ҳам дастоварди бузургу бебаҳо ва таърихии халқи мо, ормони чандинасраи фарзандони баору номус ва маҳсули талоши садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.
Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи халқи куҳанбунёди худро амалӣ намуда, ба бунёди давлати миллии хеш ноил гардем.
Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ меравад, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ таъсиси давлат ва давлатдории миллӣ мебошад, зеро бунёди давлати мустақили миллӣ омили муҳимтарини ҳастии миллат ҳисобида мешавад.
Зимни мулоқот ва суханрониҳоям борҳо таъкид намудаам, ки яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо ва ҳамчун шахсиятҳои сазовори ҷомеа ба камол расидани онҳо маҳсуб меёбад.
Итминон дорам, ки мардуми соҳибмаърифату ҳимматбаланд ва заҳматқарину саховатпешаи вилояти Суғд, аз ҷумла Хистеварзи бостонӣ, дар роҳи татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат беш аз ҳарвақта саъю талош ва иқдомҳои тоза намуда, тавассути заҳмати созанда ва пайкори офаранда барои ободии кишвари маҳбубу биҳиштосоямон саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.
Мо ифтихорманд ҳастем, ки мардуми шарафманди вилояти Суғд ҳамеша бо садоқати ба худ хос ба халқу Ватани азиз, ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар амри татбиқи барномаву ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумат иқдомоти шоиста намуда, дар ҷодаи ободии сарзамини поки ниёгони хеш — Суғди бостонӣ ва Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор мегузоранд.
Умедворам, ки садоқати бепоён ва муҳаббати беандозаи ҳар яки шумо — сокинони шарафманди вилояти Суғди бостонӣ минбаъд низ ҳамчун роҳнамо ба сӯйи пайкорҳои тозаи бунёдкориву созандагии Ватан ва эҷоди фазои боз ҳам мусоид барои рушди кишвар нақши пурфайз хоҳад гузошт.
Бо чунин ниятҳои нек ва бо изҳори сипос аз истиқболи самимонаи шумо ифтитоҳи варзишгоҳи муҳташами имрӯзаро ҳамчун туҳфаи беҳтарин барои мардуми ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табрик гуфта, бовар дорам, ки аз ин варзишгоҳи бузург ҳамеша суруди сулҳу ваҳдат ва ҳамдилии мардум садо хоҳад дод.
Ҳамеша саломату хонаобод ва муваффақу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!