Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
30 августи соли 2014, шаҳри Душанбе
Устодони муҳтарам ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Таҳкими заминаҳои моддиву техникии соҳаи маорифи мамлакат ҷиҳати фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода хусусан солҳои охир иқдомоти мушаххасу ҳадафманд амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин раванд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти нави соҳаи маориф ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои мавҷуда босуръат идома дорад ва танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 30 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои қариб 7000 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Тибқи нақша то оғози соли нави хониши имсола дар қаламрави кишвар 216 бинои таълимиву синфхонаҳои иловагӣ барои 32 ҳазор нафар хонанда бо харҷи зиёда аз 175 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Имрӯз мову шумо шоҳиди ифтитоҳ гардидани боз як даргоҳи илму маърифат дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳастем, ки корҳои бунёди он дар муддати як сол анҷом ёфта, ба ифтихори таҷлили бистусеюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави хониш ҳамчун туҳфаи арзанда ба муаллимону хонандагони ин муассисаи таълимӣ пешкаш гардид.
Аз ин рӯ, ифтитоҳи мактаби навбунёдро ба аҳли устодону шогирдон ва сокинони шаҳри Душанбе табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр, яъне сохтмони боргоҳи илму донишу маърифат саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Мактаб аз 30 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир барои гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ ва ошхонаи барҳаво иборат буда, инчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои тарбияву ташаккули малакаи зебоипарастии наврасон мебошад ва дар ду баст 1280 нафар хонандаро фаро мегирад.
Муассисаи таълимии имрӯза бо харҷи қариб 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, боз як нишонаи равшани ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.
Дар ин маврид, аз шумо, фарзандони азиз, тақозо мегардад, ки дар фазои орому осудаи Ватани азизамон аз имкониятҳои фароҳамсохтаи давлату Ҳукумат ҳар чӣ пурраву самаранок истифода намуда, масъулият ва қарзи фарзандии худро адо кунед, яъне барои амиқан аз бар намудани илму дониши муосир ҳаматарафа азму талош варзед, касбу ҳунар омӯзед ва ба хотири ободии фардои Ватан аз имрӯз омода гардед.
Зеро суръати имрӯзаи пешрафти илму техника, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва имкониятҳои дастрасӣ ба иттилоот ҳамаи моро водор месозад, ки ҳамқадами равандҳои замони муосир бошем ва онҳоро дуруст дарк карда тавонем.
Мусаллам аст, ки қафо мондан аз навидҳои иттилоотӣ ва навгониҳои илму техника ба пешрафти шахс бетаъсир намемонад.
Дар тақвияти ҳамин раванд, мо кушиш карда истодаем, ки дар мактабҳои имрӯза ҳамаи имкониятҳоро барои ташаккули насли ҷавони худогоҳ ва дорои ҷаҳонбинии муосир муҳайё созем.
Мақсади мо ин аст, ки хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосири таҳлилӣ ва баррасии масъалаҳои рӯз бошад.
Бо ин мақсад, аҳли маорифи кишвар бояд бо дарназардошти таҳаввулоти куллии соҳа ба тарбияи насли наврас бо ҷиддият муносибат намоянд.
Дар иртибот ба ин, ба масъулони соҳаи илму маориф, инчунин сохторҳои таҳқиқотии он зарур аст, ки сабабҳои нокифоя будани дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимӣ муайян намуда, ҷиҳати ба зинаи ибтидоии таҳсилот ҷалб намудани муаллимони касбӣ ва дорои истеъдоди хуби муносибат бо кӯдакон чораҷӯйӣ намоянд.
Зеро маҳз зинаи ибтидоии таҳсилот таҳкурсии асосии дониш ва инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакон ва пойдевори донишу малакаи заминавии ҳар як фард ба ҳисоб меравад.
Ҳоло мо барои бунёду азнавсозии инфрасохтори соҳаи маориф дар баробари маблағҳои буҷетӣ, инчунин соҳибкорони ватаниву шахсони саховатпеша ва грантҳои хориҷиро ҷалб намуда, мақсад гузоштаем, ки ҳар чӣ зудтар инфрасохтори мукаммалу замонавии соҳаро ба вуҷуд оварем ва онро бо тамоми шароити муосир таъмин намоем.
Дар радифи тадбирҳои андешидашуда алҳол дар пойтахти кишвар 112 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 2 ҳазору 400 нафар кӯдак фаъолият намуда, соли ҷорӣ барои таъмиру азнавсозии танҳо муассисаҳои томактабӣ дувоздаҳуним миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ҳамчунин тайи солҳои 1996 — 2001 бо мақсади таҳкими заминаҳои таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағгузории давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони ватаниву сармояи хориҷӣ зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишасти нав муҳайё гардидааст.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии муаллимони муассисаҳои таълимӣ барои пардохти хизматҳои коммуналӣ ҳамасола кумакпулии яквақта муайян шуда, ба хонандагони аълохони мактабҳои пойтахт, инчунин ба омӯзгорони варзидаву эҷодкор ва ғолибони озмунҳои соҳавӣ стипендия ва кумакпулиҳо дода мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, ба кормандони марказҳои рушди истеъдодҳо, кӯдакон ва наврасон, муаллимону мураббияҳои литсею гимназияҳо, мактаб-интернату хонаи кӯдакон ва маркази такмили ихтисоси омӯзгорон иловапулии ҳармоҳа муқаррар шудааст.
Чунин иқдомҳо имкон доданд, ки ҳолати бо муаллимони соҳибихтисос таъмин гардидани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе хеле беҳтар карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Муҳимтарин вазифаи аҳли маориф дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои болаёқат ва ихтироъкору эҷодкор аз байни наврасону ҷавонон мебошад.
Барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 – 2020» ва фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири тарбияи шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии наву ҳисси баланди миллӣ, худогоҳу худшинос, дастгирӣ ва ташаккули хонандагони болаёқат қарори махсуси Ҳукумати мамлакат қабул шудааст.
Дар доираи татбиқи барномаи зикршуда ба масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, малакаи касбии омӯзгорон, сатҳи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту техника ва технологияҳои муосир аҳамияти махсус дода мешавад.
Ин аст, ки толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соли ҷорӣ аз ҳама бештар ҷойҳои аввалро соҳиб шудаанд.
Толибилмони шаҳр инчунин дар озмуни довталабони шаҳодатномаи аъло бо гирифтани медалҳои тилло ва нуқра низ пешсаф мебошанд.
Нишондиҳандаҳои мазкур самараи татбиқи дурусти сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва пайгирона амалӣ шудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба шумор рафта, ҷиҳати мутобиқгардонии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мусоидат менамоянд.
Ин рақамҳоро барои он хотиррасон карда истодаам, ки шумо, омӯзгорони арҷманд, таҳлилу муқоиса кунед, хулоса бароред ва дар асоси он минбаъд низ ба таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти дучанд муносибат намоед.
Аҳли маорифи мамлакат бояд тамоми неруву маҳорати худро барои тарбияи насли донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму ахлоқи ҳамида сафарбар намоянд.
Зеро насли наврас бояд бо ҳидояту раҳнамоии бевоситаи шумо рисолати шаҳрвандии худро эҳсос карда, маънои соҳиби давлати соҳибистиқлол будан ва бо меҳнати содиқона ободу зебо гардонидани онро хуб дарк намояд ва ин кори бузургро вазифаи имониву виҷдонии худ донад.
Шумо, фарзандони азиз, хуб медонед, ки миллати соҳибфарҳанги мо аз қадим соҳиби китоб ва адабиёту фарҳанги ғановатманд буда, бо одобу рафтори нек, ахлоқи ҳамида, забони шево ва расму оинҳои хоси миллӣ машҳур гардидааст.
Шумо ҳамчун фарзандони некноми ин сарзамин бояд чунин хазинаи пурарзишро соҳибӣ кунед, барои ояндагон эмин нигоҳ доред ва дар навбати худ барои густариши он азму талош намоед.
Бори дигар иброз медорам, ки ояндаи мулки зебо ва биҳиштосои мо дар дасти шумост.
Барои боз ҳам рушду тараққӣ кардани Ватани азизамон аз шумо тақозо мегардад, ки дар бобати азхудкунии дониши мукаммал, касбу ҳунар ва дар худ парвариш додани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳамаи саъю талоши худро равона созед.
Дар ин радиф, муаллимон ва падару модарони азиз вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро ба насиҳату дарси муҳаббатомез фаро гиранд ва онҳоро бо такя ба фарҳанги созандаамон ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.
Итминон дорам, ки ҳамаи аҳли ҷомеа, дар навбати аввал омӯзгорон ва падару модарони гиромии мо дар ин кори пурифтихору пурмасъул, яъне таълиму тарбияи насли навраси хушахлоқу боодоб, донишманду ҷӯянда ва соҳибкасбу соҳибҳунар саҳми инсонии худро дареғ намедоранд.
Бари дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори дар остонаи Рӯзи дониш ва 23 – солагии Сстиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби нав табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, таҳсили хубу аъло ва комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед!