Мо бояд кӯшиш намоем, ки кору фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамон равона созем

№121-122 (3106-3107) 01.10.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол

26 сентябри соли 2013

1239105_536497869753737_947972157_o

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Қаблан ба ҳамаи шумо – сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ҷиргатол, ки як гӯшаи хушманзараи Ватани азизамон мебошад, барои истиқболи гарму самимонаатон изҳори сипос менамоям.

Сипас бо қаноатмандӣ мехоҳам хотирнишон созам, ки имрӯзҳо кулли сокинони кишварамон, аз ҷумла мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷиргатол аз баракати сулҳу оромии мамлакат азму талош доранд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азиз иқдомҳои тоза нишон диҳанд ва мо инро дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми ноҳияи баландкӯҳи Ҷиргатол хуб эҳсос мекунем.

Дарвоқеъ, зиндагиву фаъолият кардан дар фазои соҳибистиқлоливу озодӣ ба мардуми мо дар самти вусъат додани корҳои созандагӣ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло дар баробари иқдомҳои Давлату Ҳукумати мамлакат, инчунин аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар обод кардани гӯшаҳои алоҳидаи Ватанамон ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин падидаи нек далели равшани ватандӯстӣ ва вусъат ёфтани раванди неки созандагиву ободгарӣ дар байни мардуми тоҷик мебошад.

Зеро моҳияти зиндагисози соҳибдавлатӣ ва ватандориро дарк намудани хурду бузурги ҷомеа худ нишонаи густариши ғояи ватандӯстӣ ва дар айни замон омили асосии рушди муназзами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷиргатол ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Ҷиргатол қариб 340 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои беҳтар кардани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудааст.

Инчунин дар ин давра дар ноҳия татбиқи ҳафт лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расида, ҳоло боз чор лоиҳаи дигар дар соҳаҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди деҳот амалӣ гардида истодааст, ки танҳо аз ин ҳисоб қариб 190 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ҷиргатол дар зарфи 22 соли истиқлолияти давлатӣ назаррас мебошанд ва афзоиши мунтазами Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар ноҳия далели ин гуфтаҳост.

Масалан, агар ҷамъи солонаи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 1998-ум ҳамагӣ 15 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 ин нишондиҳанда қариб ба 110 миллион сомонӣ расонида шудааст. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир тамоюли афзоиши устувори истеҳсолот таъмин гардида истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷиргатол маблағгузории давлатӣ сол ба сол зиёд гардида, имрӯз ҷиҳати бунёди иншооти таъиноти гуногун ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари ин, агар соли 1996 ҳаҷми маблағгузориҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ноҳия ҳамагӣ 237 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия 16 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, яъне ҳаҷми маблағгузорӣ қариб 60 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат бо дастгирии Ҳукумати кишвар иншооти муҳими ноҳия, аз ҷумла каналу нассосҳои обкашӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори маишӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Агар дар соли 1997 барои анҷоми корҳои ободониву барқарорсозӣ 132 ҳазор сомонӣ харҷ карда шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар солҳои 2011 — 2012 ба 32 миллион расидааст, яъне қариб 250 баробар зиёд шудааст.

Илова бар ин, дар ноҳияи Ҷиргатол тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар 400 иншооти муҳим, аз ҷумла 39 пул, 21 мактаби нав ва 20 муассисаи табобатӣ сохта шуда, 52 адад трансформатору зеристгоҳҳои барқӣ харидорӣ ва васл карда шудаанд.

Инчунин 76 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир карда шуда, ба 35 деҳаи ноҳия хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст.

Танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президент барои иҷрои корҳои ободонию азнавсозии ноҳияи Ҷиргатол 2,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимиву тандурустӣ 26 адад воситаи нақлиёт ва 100 адад компютер харидорӣ шудааст.

Чунонки маълум аст, яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳияро картошкапарварӣ ташкил медиҳад ва тибқи барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Президент барои рушди ин соҳаи муҳим дар ноҳия заминаи мустаҳкам фароҳам гардидааст.

Дар натиҷа, соли 2012 масоҳати майдони кишти картошка дар ноҳия ба 3800 гектар ва истеҳсоли он ба 84 ҳазор тонна расонида шудааст, ки албатта, қобили таҳсину дастгирист.

Заҳматкашони ноҳия азм доранд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷиргатол барои боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли картошка имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва зарур аст, ки бо мақсади афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ ва афзун намудани даромади аҳолӣ аз имкониятҳои мавҷуда ҳар чӣ пурраву оқилона истифода карда шавад.

883512_536498199753704_2133333382_o

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти ин ки таъмини рушди бахшҳои гуногуни кишвар дар навбати аввал аз мутахассисони касбӣ вобастагӣ дорад, Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбия ва омода намудани мутахассисон, бахусус барои ноҳияҳои дурдасти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳоло тибқи квотаи Президентӣ зиёда аз 300 нафар ҷавонони ноҳияи Ҷиргатол дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил доранд, ки қариб 100 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия ба масъалаи ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Имрӯз аз 1600 нафар хонандагони мактабҳои миёна қариб 1000 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Солҳои охир дар ноҳия бо мақсади ҳар чӣ беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳоти «Муксу» барои 740 ҷойи нишаст, дар деҳаи Ғулама барои 280 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Яраш барои 300 ҷойи нишаст дар ду баст мактабҳои нав сохта шуданд.

Дар давоми даҳ соли охир танҳо барои сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин тибқи нақша соли ҷорӣ се мактаби нав ва шаш синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Ҳоло татбиқи «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» босуръат идома дошта, мактабҳои ноҳия бо 440 компютер ва 80 принтер таъмин шудаанд ва дар доираи барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии ноҳия 45 синфи компютерӣ ташкил гардидааст.

Имрӯз дар ноҳияи Ҷиргатол ба 15 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқиёси кишвар мебошад.

То имрӯз раванди ҷалби духтарону занон ба корҳои идоракунӣ ва истеҳсолот дар асоси талаботи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ба роҳ монда шуда, 63 нафар занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомот фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин дар доираи барномаҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва ҷалби занон ба истеҳсолот тадбирҳо андешида шуда, танҳо дар ҳафт моҳи соли равон бо таъсис додани се сехи дӯзандагӣ 151 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ноҳия ба масъалаи рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳоло шумораи соҳибкорони ноҳия 1285 нафарро ташкил менамояд, ки онҳо бо истифода аз имкониятҳои худ ба рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия мусоидати фаъолона карда истодаанд.

Солҳои охир барои бо об таъмин намудани заминҳои кишти ноҳия чандин каналҳои обрасонӣ азнавсозӣ ва таҷдиду барқарор карда шудаанд, ки дар натиҷа 350 гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ҳолати мелиоративии 160 гектар заминҳои корам беҳтар карда шуд. Бо мақсади амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» соли 2010 дар ҳудуди ноҳия 173 гектар замин ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд, ки ин иқдом ба болоравии сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат намуд.

Умуман, дар замони истиқлолият тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини шаҳрвандони ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати сохтмони манзили истиқоматӣ қариб як ҳазору 800 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки дар натиҷа шароити манзили зиёда аз 10 ҳазор оилаи ноҳия беҳтар гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (заминҳои президентӣ) ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба сокинони ноҳия 1450 гектар, аз ҷумла 1150 гектар замини обӣ вобаста карда шудааст.

Ноҳияи Ҷиргатол бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дӯстиву ҳамкориҳои мо бо ин кишвари ҳамсоя сол аз сол қавитар мегардад, ки яке аз нишонаҳои равшани ин раванди нек дӯстӣ ва ҳамзистии аҳлонаи ду миллати дӯст дар ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба масъалаи рушди деҳот диққати махсус медиҳад. Дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст ва мо ният дорем, ки бо таъмин намудани рушди деҳот ба ҳадафи асосиамон — таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат муяссар гардем.

Дар ин росто, рӯ овардан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар деҳоти кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.

Имрӯз ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккули неруи ҷисмонӣ ва ҳисси зебоипарастии ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, варзиш на танҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, балки дар деҳоти кишвар низ тараққӣ карда истодааст.

Мо сохтмони майдону варзишгоҳҳо ва толорҳои варзиширо дар деҳоти кишвар ба барномаи рушди минтақаҳо ворид кардаем. Дар ин кори хайр ҳамчунин соҳибкорони ватанӣ низ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Имрӯзҳо дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол барои 5000 нафар сохтмони варзишгоҳи замонавӣ идома дорад, ки мо чанд лаҳза пештар бо ҷараёни корҳои сохтмони он шинос гардидем.

Бовар дорам, ки масъулон ва сохтмончиён бо азму иродаи ватандӯстона иншооти мазкурро дар муҳлатҳои наздик сохта, ба истифодаи мардуми ноҳия месупоранд.

Тӯли солҳои пешин қисме аз сокинони маркази ноҳия ва деҳоти он аз тамошои барномаҳои телевизиони кишвар маҳрум буданд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ҳоло мардуми ин гӯшаи зебои диёрамон имкон пайдо намуданд, ки пурра ба фазои иттилоотӣ пайваст шуда, аз тамошои шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Тоҷикистон баҳраманд шаванд.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки омили асосии таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, пеш аз ҳама, иттиҳоду ягонагӣ, ҳамфикрӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар таъкид месозам, ки соҳибистиқлолии Ватан барои мо ба арзиши ҷонамон баробар буда, ҳар кадоми мо вазифадорем, ки барои ҳифзи он ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатамон доим саъю талош кунем. Зеро истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккулу таҳаввули андешаи миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд кӯшиш намоем, ки кору фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамон равона созем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои бисёр азизу муқаддас мебошанд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Ҷиргатол сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро минбаъд низ ҷонибдорӣ намуда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёти Ватани соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ба ҳамаи шумо — ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони меҳмоннавози ноҳия тандурустиву иқболи нек, рӯзгори хушу осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ободии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.