Мо тамоми шароити заруриро барои рушди варзиши касбӣ ва омода намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ муҳайё кардаем

№103(3249) 05.09.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи «Майдони теннис»

шаҳри Душанбе, 3 сентябри соли 2014

14941807647_730bde0aee_o

Муҳтарам варзишгарони номбардори Ватан! Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатиамон ба хотири фароғати сокинони пойтахт ва рушди яке аз зеботарин навъҳои варзиш – теннис маҷмааи варзишии нав ба истифодаи наврасону ҷавонон ва дӯстдорони теннис супорида шуд.

Ба ин муносибат, ҳамаи варзишгарон ва дӯстдорону мухлисони ин намуди зебои варзишро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ ва дастовардҳои тозаи варзишӣ орзумандам.

Ҳамчунин ба сохтмончиён ва масъулону саҳмгузорони иншооти имрӯза, аз ҷумла ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои чунин ташаббуси ватандӯстона ва бо сифат анҷом додани корҳои бунёди он миннатдорӣ баён менамоям.

Маҷмааи ифтитоҳшуда аз 2600 ҷойи нишаст иборат буда, дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ корти бозӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.

Варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон ва муаррифии давлату миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

Бо дарназардошти ин, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили инфрасохтори зарурӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон мо ба масъалаи фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани аҳолӣ ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, инчунин солим ба камол расонидани наслҳои навро вазифаи асосии масъулони соҳа ва аҳли ҷомеа эълон намудем.

Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо майдону толорҳои варзиш сохта, ба истифода дода шуда, бунёди боз садҳо иншооти замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи ҳамин иқдомҳои созанда солҳои охир дар кишвари мо як қатор чорабиниву мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор гардида, иштироки варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дастовардҳои онҳо торафт афзуда истодаанд.

Дӯстони азиз!

Тавре ки зикр намудам, теннис яке аз намудҳои зебои варзиш буда, таърихи хеле куҳан дорад.

Тибқи маълумоти таърихӣ ин намуди варзиш 2500 сол пеш пайдо шудааст, ҳарчанд ки аз рӯйи сарчашмаҳои дигар пайдоиши он ба давраҳои аз ин ҳам қадимтар мансуб дониста мешавад.

Теннис дар шакли муосир 800 сол пеш дар кишвари Фаронса зуҳур кардааст.

Таърихи рушди тенниси муосир бошад, ба нимаи дуюми асри ХIХ мансуб буда, соли 1896 ҳангоми баргузории нахустин бозиҳои олимпӣ дар Юнон ба номгӯйи мусобиқаҳои варзишӣ ворид гардидааст.

Дар таърихи варзиши кишвари мо бошад, мактаби нахустини кӯдакону наврасон оид ба теннис соли 1955 таъсис ёфтааст, ки дастпарварони он дар спартакиадаҳои гуногун ширкат варзида, маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи пешрафт ва тарғиби ин навъи варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ дода шуда, аз соли 1996 дар кишвари мо Федератсияи теннис амал мекунад, ки пайваста ба тарбия ва раҳнамоии варзишгарони касбӣ дар ин намуди варзиш машғул мебошад.

Дар идомаи тадбирҳои зикршуда ва дастгириву муаррифии беҳтарин теннисбозон Ҷоми Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки бозии нахустини он соли 2005 бо иштироки дастаҳои чандин кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, баъдан ҳар сол гузаронидани ин чорабинӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳукми анъана даромад.

Ҳамчунин ҷиҳати тарбия ва ба камол расонидани варзишгарони оянда се мактаби махсус оид ба теннис дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов фаъолият дошта, дар саросари кишвар даҳҳо корти теннис ба дӯстдорони варзиш хизмат мерасонад.

Вале ин ҳанӯз кам аст ва андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.

Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат қабул ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи варзиш ва ба ин васила боз ҳам беҳтар намудани тандурустии аҳолии кишвар ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мавқеи марказӣ дошта, мо барои таъсис додани инфрасохтори заруриву муосири варзишӣ ҳамаи имкониятҳоро равона кардаем.

Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони Корти теннис бо 3000 ҷойи нишаст, Қасри варзиши обӣ барои 2000 ҳазор ҷойи нишаст, майдони варзиши рӯйи ях ва бунёди садҳо иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар босуръат идома дорад.

Мо тамоми шароити заруриро барои рушди варзиши касбӣ ва омода намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ муҳайё кардаем ва итминон дорем, ки насли ҷавони кишвар аз ин имкониятҳо барои такмили маҳорати худ ва баланд бардоштани ному шарафи Ватани азизамон самаранок истифода мебаранд.

Дар робита ба ин, ба роҳбарону масъулони соҳа хотиррасон менамоям, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла корти тенниси имрӯзаро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештару пурсамар истифода намоянд.

Тавре ки огоҳед, маҳз дастгирӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар буд, ки варзишгарони бонангу номуси кишвар дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, ба хотири баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди кишвар мебошад, азму талош менамоянд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони кишвар бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда, дар баробари сазовори ҷойҳои намоён гардидан, барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо мамолики гуногуни дунё кушиш менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шуморо ба ифтихори ифтитоҳ гардидани майдони нави варзишӣ табрик гуфта, ба шумо дар фатҳи қуллаҳои баланди варзиш барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду дастболо ва номбардори Ватан бошед!