Муколама бояд стратегияи рушди устувори кишварҳои иштирокдорро тарҳрезӣ намояд

№41 (3026) 01.04.2013

IMG_0197

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё

шаҳри Душанбе, 29 марти соли 2013

 

Муҳтарам роҳбарони воломақоми ҳайатҳо!

Меҳмонони гиромӣ!

Хонумон ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама мехостам ташрифи шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё хайра мақдам бигӯям.

Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз ба сифати Раиси Муколамаи ҳамкории Осиё шуморо дар шаҳри Душанбе истиқбол ва пазиройӣ менамоем. Хуш омадед ба сарзамини куҳан ва меҳмоннавози тоҷикон!

Шоистаи тазаккур аст, ки ғояи асосии Муколамаи ҳамкории Осиё дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфузи Осиё тавассути муаррифии он ҳамчун минтақае, ки бартариятҳои мавҷудаи худро баҳри мусоидат ба рушди глобалӣ истифода мебарад, ба шумор меравад. Ин ба принсипҳои базавии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки ҷонибдори самимии ҳамгиройии минтақавист, мувофиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, кишвари мо дар марҳилаи раисии худ дар Муколамаи ҳамкории Осиё тамоми имкониятҳои худро барои дастёб шудан ба ин ҳадаф равона хоҳад сохт.

Итминон дорем, ниҳоди мо, ки сафи он рӯ ба афзоиши мунтазам дошта, имрӯз 32 кишвари минтақаро гирди ҳам овардааст, тавассути таҳкими дастовардҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва муайян сохтани афзалиятҳову роҳҳои нави тавсеаи он аз иҷрои ин вазифаи масъулиятнок бо сарбаландӣ мебарояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушду тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа барои ноил шудан ба ҳадафҳои ниҳойии тамоми самтҳои ҳамкорӣ, ки дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудаанд, ҳавасманд мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Хонумон ва ҷанобон!

Қитъаи Осиё соҳиби тамаддуни қадима ва фарҳанги волову ғанӣ буда, аксар кишварҳои он дар ҷодаи рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар баробари ин, як қатор кишварҳои минтақа ба неъматҳои маъмулии иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, неруи барқ, оби тоза, хизматрасонии тиббӣ ва маориф дастрасии кофӣ надоранд. Мушкилоти зикршуда аҳамияти вусъат додани фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиёро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам болотар мебарад.

Дар ин росто, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои муқарраршуда, алалхусус дар арсаҳои энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ, тавсеаи гуфтугӯйи байнифарҳангӣ ва ташаккули бозори захиравии қитъаи мо бояд хислати амалию фаъол касб намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои зикршуда дар маҷмуъ ба ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди устувор иртиботи бевосита дорад. Ба андешаи мо ба хотири таъмини гузариш ба рушди устувор мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти муштараки кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё аз рӯйи якчанд самти умда вусъат пайдо намояд.

Дар миёни ин қабил самтҳо мо паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии пойдори аҳолии қитъа ба эҳтиёҷоти асосӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа нисбат ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкиму густариши инфрасохтори минтақавиро дар мадди аввал мегузорем.

Дар ин росто, кишвари мо дар Стратегияи миллии рушд, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола такя мекунад, ноил шудан ба тараққиёти устувори иқтисодӣ, боло бурдани дараҷаи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи худ муқаррар намудааст.

Яке аз масъалаҳои асосии ин Стратегия аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ табдил додани он мебошад.

Итминон дорам, ки таваҷҷуҳи кишварҳои Муколама оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти тавсеа ва рушди инфрасохторҳои коммуникатсионӣ дар минтақа ба амалӣ шудани ин иқдоми мо мусоидат хоҳад кард.

Дар мавриди истифодаи захираҳои табиӣ мо кӯшишҳои бартарӣ додан ба ҳамкории байналмилалиро пуштибонӣ менамоем. Дар ин қарина паҳлуи дигари кӯшишҳои мо дастрас кардани технологияҳое мебошад, ки сарфа кардан ва самаранок истифода намудани захираҳои табииро таъмин менамоянд.

Бо назардошти эҳтиёҷоти шадиди аксари кишварҳои минтақа ба қувваи барқ, ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетика низ бояд яке самтҳои афзалиятноки Муколамаи ҳамкории Осиё бошад. Дар ин росто, Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи неру даъват ба амал меорад.

Ба андешаи мо, гидроэнергетика ба ҳайси яке аз унсурҳои муассир дар ин самт, метавонад ба барномаи афзалиятноки рушди устувор табдил ёбад. Захираҳои бойи обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди ин бахш фароҳам овардаанд. Татбиқи чунин барнома метавонад аҳолии кишварҳои минтақаро ба неруи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ба рушду тавсеаи ҳамкории воқеии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин арса бори дигар иброз медорад.

Бо дарназардошти суханҳои зикршуда Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Муколама зарурати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Форуми энергетикии кишварҳои иштирокдорро бори дигар таъкид менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз соҳиби захираҳои бузурги обию энергетикӣ буданаш, ба ҳалли мушкилоти марбут ба об пайваста аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин росто тайи чанд сол кишвари мо ба ҷомеаи байналмилалӣ силсилаи ибтикорҳоро манзур намуд ва онҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди қабул ва татбиқ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, ки дар марҳилаи хотимавии худ ҷараён дорад, дар мавриди ба роҳ мондани муколамаҳои самаранок ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва энергия аҳамияти назаррасеро соҳиб аст.

Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳамкории самаранок дар ҳаллу фасли мушкилоти торафт мураккабшавандаи истифодаи захираҳои об соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба сифати «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид.

Дар ҷараёни татбиқи нақшаи Соли зикршуда мо итминон дорем, ки мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби нӯшокӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои гидроэнергетикии кишварҳо, мавриди таваҷҷуҳи хосаи кишварҳои иштирокдори Ҳамоиш қарор хоҳад гирифт.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ низ яке аз василаҳоест, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои мо дар ин бахшҳо мусоидат хоҳад намуд.

Дӯстони азиз!

Шоистаи таъкид аст, ки баъзе кишварҳои осиёӣ ба ҳайси тавлидкунандаи техника ва технологияҳои муосир дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд. Ин кишварҳо, ки соҳиби зарфиятҳо ва имкониятҳои фаровони рушд мебошанд, метавонанд давлатҳои ниёзмандро дар бобати дастёбӣ ба технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани иқтисодиёти инноватсионӣ кӯмак намоянд.

Дар ин миён мо вусъати фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотиро истиқбол намуда, умедворем, ки интиқоли навовариҳо дар ин соҳа ба кишварҳои иштирокдори Муколама самаранок ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ба назари мо кӯшишҳои давлатҳои иштирокдори Муколама дар маҷмуъ бояд ба он равона карда шаванд, ки нобаробарии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ тадриҷан коҳиш ёфта, ноил шудан ба имкониятҳои бештар барои татбиқи рушди устувор таъмин гардад. Ин танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки кишварҳои пешрафта барои давлатҳои ақибмонда ёрию дастгирии ҳамаҷониба ва беғаразонаи худро дареғ надоранд.

Дар ин маврид даъвати як теъдод кишварҳои аъзои Муколама барои ҷалби воситаҳои молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар кишварҳои ниёзманд қобили дастгирӣ мебошад.

Самти дигаре, ки дар замони ҷаҳонишавӣ муносибати ҷиддиро тақозо дорад, ин тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарист. Пӯшида нест, ки кишварҳои Шарқ дар саромади тамаддуни фарҳанги инсоният қарор доштанд. Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ба манфиати инсоният истифода намудани онҳо бояд ба яке аз вазифаҳои муҳими Муколамаи мо табдил ёбад.

Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои рушди захираҳои инсонӣ, ҳифзи тандурустии мардум, баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонон бояд дар нақшаҳои Муколама мақоми хоса дошта бошад. Бояд дар ин ҷода табодули донишҷӯён ҷиҳати таълим ва такмили ихтисос аз вазифаҳои муҳими мо арзёбӣ гашта, дар ин соҳа барномаҳои мушаххас таҳия ва татбиқ гарданд.

Хонумон ва ҷанобон!

Аз замони таъсис ёфтани Муколамаи ҳамкории Осиё беш аз даҳ сол сипарӣ шуд. Дигаргуниҳои зиёде, ки дар ин давра дар сиёсати ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастанд, дурустии ташкили Муколама ва зарурати такмил ва тавсеа бахшидани мазмуну мундариҷаи фаъолияти онро собит сохтанд. Аз ин рӯ, мо таъсис додани ниҳоди доимамалкунандаи онро дастгирӣ намуда, зарур мешуморем, ки корҳои амалӣ дар ин самт вусъат дода шаванд.

Мо бар онем, ки Муколама бояд стратегияи рушди устувори кишварҳои иштирокдорро тарҳрезӣ намояд ва барои баррасии масъалаҳои таҳкими фаъолияташ гуруҳҳои кории соҳавӣ таъсис диҳад.

Гузашта аз ин, таъсис додани гуруҳҳои коршиносони кишварҳои иштирокдори Муколама ҷиҳати муайян кардани тадбирҳои муштарак оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди энергетика ва инфрасохтор дар минтақаи Осиё имконияту пешомадҳои зиёдро дар ин самтҳо ошкор карда метавонад.

Ба назари мо, андешидани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани мушкилоти хоси кишварҳои минтақа аз мантиқ холӣ нест. Роҳандозӣ намудани тадқиқот дар соҳаи ҳифзи захираҳои оби тоза, тарҳрезии стратегияи ҳамкориҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъсиси шабакаи ҳамоҳангсози кишварҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо метавонанд аз ҷумлаи чунин иқдомҳо бошанд.

Тарҳрезии лоиҳаҳои зарфиятсоз, ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, кушодани роҳҳои нави тиҷоратӣ ва рушди шабакаҳои мавҷудаи ҳамлу нақл низ аз мавзуъҳое ҳастанд, ки ба тадқиқ ва барномарезии мушаххас ниёз доранд.

Фикр мекунам, ки бо таъсис додани фонди молиявии худ Муколама метавонад маблағҳои кишварҳои алоқамандро ҷалб ва мутамарказ намуда, онҳоро ҳадафмандона барои дастгирии кишварҳои ниёзманд, хусусан ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ равона созад.

Ҳозирини арҷманд!

Хонумон ва ҷанобон!

Умедворем, ки ҳамоиши имрӯза дар роҳи ба ҳам овардани саъю талоши кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъа, густариш ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои мо қадами самараноке гашта, барои тақвияти нақши Ҳамоиш мусоидат хоҳад намуд.

Дар интиҳо ба кори ҷаласа муваффақият орзу намуда, итминон дорам, ки меҳмонони гиромӣ аз будубоши худ дар шаҳри Душанбе таассуроти хубу тозае хоҳанд бардошт.

Барои таваҷҷуҳатон ташаккур.