Набудани рақобат сабаби асосии рушди нокифояи бахши суғурта

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  

30 майи соли 2014, шаҳри Душанбе

 IMG_0568

Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз мо бори дигар бо ҳам муколама дорем ва масъалаҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Зеро беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт ислоҳот пай дар пай татбиқ шуда истодааст.

Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намудам, «бо дарназардошти тамоюлҳои рушди ҷаҳони муосир зарур аст, ки ислоҳотро доир ба тавсеаи соҳибкориву бахши хусусӣ идома дода, иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулгардида таъмин карда шавад ва дар хусуси боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву рушди бахши хусусӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд».

Имрӯз мо як қатор масъалаҳои муҳими рушди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро мавриди муҳокима қарор додем, ки татбиқи пурраи онҳо, бешубҳа, барои тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Яке аз чунин масъалаҳо, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мебошад. Вобаста ба мавзӯи мазкур гузоришҳои намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд шунида шуданд.

Бахши суғурта яке аз унсурҳои муҳими таркибии бахши молиявии иқтисодиёти мамлакатҳо ба ҳисоб рафта, метавонад дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд.

Инчунин бахши суғурта дар ташаккул ва рушди бозорҳои сармоя нақши ҷиддӣ дорад, зеро он яке аз харидорони асосии коғазҳои қиматноки давлатию корпоративӣ буда, барои муҳайё намудани маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо кумак менамояд.

Вале, тибқи таҳлили коршиносон, ҳиссаи бахши суғурта дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакат дар соли 2013 танҳо 0,3 фоизро ташкил додааст, ки ин боиси хароҷоти зиёди Буҷети давлатӣ барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон гардид.

Яке аз сабабҳои асосии рушди нокифояи бахши суғурта дар мамлакат набудани рақобат дар бозори суғурта мебошад, ки имконияти ширкатҳои хусусии суғуртавиро дар баробари ширкатҳои давлатӣ барои расонидани хизматрасониҳои суғуртавӣ, аз ҷумла хизматрасонии суғуртаи ҳатмӣ маҳдуд менамояд.

Аз аввали соли 2014 дар ҷумҳурӣ 16 ширкати суғуртавӣ ба аҳолии кишвар хизматрасониҳои суғуртавиро анҷом додаанд, ки аз ин теъдод 2 ширкати суғуртавӣ давлатӣ буда, 14 ширкати боқимонда ширкатҳои хусусӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, ба ду ширкати давлатии суғуртавӣ қариб 97 фоизи шартномаҳои суғуртавии басташуда ва 51 фоизи маблағҳои ҷалбшудаи ҳаққи суғуртавӣ рост меояд, ки аз сатҳи баланди марказонидашудаи бозори суғурта ва ривоҷи рақобати номукаммал дар он шаҳодат медиҳад.

Таҷрибаи пешқадами давлатҳои дунё дар ин самт нишон медиҳад, ки амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии суғуртавӣ барои рушди рақобат дар бозори суғурта, пайдо шудани хизматрасониҳои нави суғуртавӣ, баланд гардидани сифати онҳо ва самаранокии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, ширкатҳои хусусии суғуртавӣ барои амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ бояд ба талаботи меъёрҳои муосири фаъолияти суғуртавӣ ҷавобгӯ бошанд. Кифоя будани сармояи асосӣ ва пардохтпазирии ширкатҳои суғуртавӣ барои қаноатманд намудани аризаҳои даъвогӣ ҷиҳати ҷуброни зарари пайдошуда муҳим мебошад, ки омили муайянкунандаи рақобатпазирии ширкатҳои суғуртавӣ ва бахши суғуртаро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва дигар мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки масъалаи амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмиро аз ҷониби ширкатҳои хусусии суғуртавӣ, ба истиснои хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, ба роҳ монда, ҷиҳати васеъ намудани доираи ширкатҳое, ки ба хизматрасонии суғуртаи ҳатмӣ машғуланд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Масъалаи ҳалталаби дигари рушди бахши суғурта норасоии мутахассисони баландихтисоси соҳа мебошад, ки вобаста ба амалигардонии ҳисобҳои иқтисодии тарифи суғурта ва ҳаҷми захираҳои суғуртавӣ барои таъмини сатҳи зарурии пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ширкати суғуртавӣ фаъолият менамоянд. Кифоя набудани мутахассисони соҳибихтисос ва таҷрибаи кории гузаронидани ҳисобҳои иқтисодии таваккалҳои ширкатҳои суғуртавӣ боиси паст шудани самаранокии фаъолияти ширкатҳо ва рақобатпазирии онҳо мегардад.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати таҷдиди назар намудани низоми таълим, барномаҳои таълимии бахши суғурта ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори суғурта чорабиниҳои заруриро татбиқ намоянд.

Инчунин аз шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи суғурта бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ кумаки амалӣ намоянд.

Дӯстони азиз!

Дар заминаи таҳлили бахши суғурта дар мамлакат лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мазкур як қатор тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба беҳтаргардонии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта, аз ҷумла фароҳам овардани имконият барои рушди рақобати озод, мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи соҳа, таҳкими назорат ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши мазкурро дар бар мегирад.

Татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба мунтазам зиёд шудани саҳми бозори суғурта дар низоми муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, баланд шудани сатҳи ҳифзи суғуртавии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони мамлакат ва амалӣ намудани механизми таъминкунандаи рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бинобар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғуртаро мукаммал намуда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Вазорату идораҳое, ки барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зикргардида вазифадоранд, бояд ҷиҳати пурра ва босифат иҷро намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Бояд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» дар таҳрири нав таҳия гардида, дар муҳлатҳои муқарраргардида мувофиқа ва қабул карда шавад.

Ба шарикони рушд тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта ҳамкорӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Тавре ки дар ҷараёни ҷаласаи имрӯза баён доштам, яке аз роҳҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд гардонидани симои сармоягузории мамлакат, ин эътироф намудани конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз соли 1961 мебошад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти Конвенсия, ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷии шомилшуда бе расмиёти дохилӣ эътироф карда шуда, инчунин барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои шомили Конвенсия сода ва камхарҷ мегардад.

Ин барои сарфа намудани вақту маблағ ва содагардонии ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳангоми сармоягузорӣ ё фаъолияти соҳибкории онҳо, ҳамчунин фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар кумаки ҷиддӣ менамояд.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия ва молия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то охири нуҳмоҳаи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аз натиҷааш ахборот пешниҳод намоянд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро муҳокима гардид, ҷараёни ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Муайян намудани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ муҳим мебошад, чунки сармоягузорони хориҷӣ қабл аз ворид шудан ба ин ё он кишвар аз рейтинги мазкур васеъ истифода мебаранд.

Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва бо ҷалби шарикони рушд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонии баҳогузорӣ рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ ташкил намуда, аз натиҷааш ахборот манзур намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло мехоҳам вобаста ба яке аз мавзӯъҳои ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди иқтисоди миллӣ ибрози назар намоям.

Маълум аст, ки асоси пешрафти ҳама давлатҳоро бахши саноат таъмин намуда, барои рушди дигар соҳаҳо низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз рушди саноат обрую нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии давлатро боло бурда, давлатро ҳамчун шарики устувор муаррифӣ мекунад.

Кишвари мо аз лиҳози сарватҳои табиӣ, маъданҳо ва канданиҳои фоиданок ва обҳои мусаффо ғанӣ буда, таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро кайҳо боз ба худ ҷалб намудааст.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат, стратегияву барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ ба мо муяссар шуд, ки садҳо корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатиро мавриди истифода қарор диҳем.

Вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Чунки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла номукаммал будани қонунгузорӣ, камбудиҳои инфрасохторӣ ва дигар омилҳо, захираҳои табиии кишвар барои беҳтар гардонидани зиндагии аҳолӣ ба таври кофӣ истифода бурда намешаванд.

Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида таҳия ва татбиқи сиёсати муосири саноатӣ ва дар заминаи иқтисоди бозорӣ асосёфта мукаммал намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва сохтори институтсионалии соҳа, таҳия ва татбиқи барномаи мукаммали дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ зарур аст.

Инчунин барои андешидани як қатор тадбирҳо, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи саноат тавассути дастгирии корхонаҳои хурду миёна, ташкил ва рушди минтақаҳо ва гурӯҳҳои саноатию молиявӣ, таъсиси истеҳсолоти нав аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, рушди саноати ватанӣ барои таъмини бозори истеъмолии маҳаллӣ, беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, диверсификатсияи содирот, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои кории нав, васеъ шудани сарчашмаҳои гуногуни андозбандӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Бо назардошти нуқтаҳои баёнгардида ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва дигар вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронад ва аз натиҷаи он тавсияҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Дар охир бо итминон зикр менамоям, ки татбиқи қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Бо ҳамин ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро пӯшида эълон мекунам.

Ба ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ ва шахсоне, ки дар кори ҷаласа фаъолона иштирок карданд, изҳори сипос ва барори кор орзумандам.