Наврӯз айёми созандагиву ободкорӣ ва оғози амалҳои нек аст

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Данғара

22 марти соли 2014

дангара

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихор ва сарфарозии бузурги ҳар яки мост, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишвари маҳбубамон аз хурд то бузург ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро дар шароити сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва бо самимияти хосаву нишоту хушҳолии беандоза истиқбол мегиранд.

Бинобар ин, тамоми мардуми шарифу сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони меҳмоннавози ноҳияи Данғараро ба ифтихори фарорасии Наврӯз, яъне соли нави аҷдодӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, бахту иқбол ва ба кишоварзони заҳматқарини ноҳия файзу нусрати баҳорӣ орзу менамоям.

Беш аз шаш ҳазор сол муқаддам ниёгони тамаддунсози мо ба суннати абадзиндае асос гузоштаанд, ки тантанаи бақои рӯзгор ва покиву озодагии рӯҳу ҷони инсон мебошад.

Аз ин рӯ, тоҷикон дар масири пуртазоди таърих ин суннати аҷдодиро баробари забони модарии худ ҳифз намуда, онро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ гиромӣ медоранд.

Наврӯз дар баробари бисёр фазилатҳои некаш ҷашни ваҳдат, яъне баробариву ҳамдигарфаҳмии инсонҳо буда, аҷдоди накуноми мо дар ин айём ба ҳам омада, бо тараннуми сулҳу дӯстӣ ба якдигар хайру хубӣ мехостанд ва бо меҳрварзиву бахшидани ҳамдигар кинаҳоро аз дил дур мекарданд.

Гузаштагони мо, бо дарназардошти айёми эҳё гардидани табиат, Наврӯзро ҷашни офариниши табиату инсон ҳисобида, чунин мешумориданд, ки олам дар рӯзи Наврӯз офарида шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир ин падидаи абадзиндаи башарро азизу муътабар медонистанд.

Яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯйи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.

Воқеан, ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод.

Ва чунонки мебинем, ин ҷашнро халқҳои гуногуни олам бо ин ё он тарзе ҳамчун маросими ба охир расидани фасли сардӣ ва истиқболи мавсими гармиву эҳёи табиат таҷлил мекунанд.

Аз ин рӯ, муждаи мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн ормони чандинсолаи мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯзро амалӣ  кард ва барои асилу побарҷо мондани он мусоидат намуд.

Ҳамон тавре ки дар андарзномаи Бузургмеҳр омадааст: «офариниши зинда ва кори некро ҳеҷ кас рабуда наметавонад».

Бояд гуфт, ки Наврӯз ҷашни хислату амалҳои нек буда, муқаддима ва муҳтавои асосии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки инсонҳо ташкил медиҳад.

Наврӯз дар баробари созандаву офаранда буданаш, инчунин дар қалби одамон ҳисси зебоипарастиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба обу хоки ватанро парварида, дар радифи эҳдои рӯзу соли нав ҳамчунин ба инсонҳо ризқу рӯзии нав мерасонад.

Дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани донаи умед ба замин ва баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз эҳё гардида, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил ёфта истодаанд.

Дар баробари риояи суннату анъанаҳои мазкур ҳамчунин дар рӯзҳои пурфайзи наврӯзӣ иқдомоти созандаи мардум вусъати тоза пайдо карда, сокинони кишварамон ба хотири обод намудани диёрамон ба азму талошҳои нав оғоз менамоянд.

Мову шумо имрӯз дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ шоҳиди ба истифода додани мактаби замонавӣ дар деҳаи Ҳусейншайх ва беморхонаи минтақавии бисёр муҷаҳҳазу муосир дар маркази ноҳияи Данғара гардидем.

Дар идомаи корҳои созандагиамон инчунин санги асоси бунёди корхонаи ресандагиро бо иқтидори коркарди шаш ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ дар маркази ноҳия мегузорем.

Ҳамчунин фардо ба сохтмони аввалин хонаҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҳусни оғоз бахшида, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯии «Тоҷи Осиё»-ро ифтитоҳ мекунем ва санги асоси корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори коркарди як миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом мегузорем, ки баъди ба истифода додани навбати дуюми корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он 3500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Бо дарназардошти муҳайё будани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия зарур аст, ки иқдомҳои созандаи соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, тавассути ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.

Ҳамчунин таъкид месозам, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоят фаровоне, ки дар ноҳияи Данғара мавҷуданд, доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад.

Дӯстони азиз!

Майдони варзишие, ки чорабиниҳои имрӯзаи идона дар он доир шуда истодаанд, якҷо бо Маҷмааи фарҳангии «Хуррамшаҳр» ба ифтихори нахустин ҷашни байналмилалии Наврӯз бунёд шуда буд ва имрӯз ба як мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайругашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст.

Дар идомаи суннатҳои аҷдодӣ мо тасмим гирифтаем, ки чунин майдонҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо риояи фарҳанги асили ободкориву боғдории гузаштагонамон бунёд намоем.

Ва чун Наврӯз айёми созандагиву ободкорӣ ва оғози амалҳои нек аст пешниҳод менамоям, ки ҳамасола дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз заҳмати кишоварзон натиҷагирӣ намуда, барномаи амали аз Наврӯз то Наврӯз ба роҳ монда шавад. Зеро риояи маданияти истифодаи замин ва офаридани неъматҳои моддӣ нишонаҳои нахустини тамаддуни башарӣ ва аз ҷумлаи ойинҳои неки Наврӯз маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд набояд фаромӯш кард, ки ба роҳ мондани муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиати зебои диёрамон яке аз рукнҳои маърифати шаҳрвандии ҷомеа буда, аз ҳар яки мо масъулияти баланди ватандӯстӣ ва андешидани чораҳои заруриро доир ба ҳифзи он талаб мекунад.Зеро масъалаҳои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва муносибати ғамхорона ба табиат аз ҷумлаи масоили муҳимтарини замони ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра мебошад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола ба мардуми заҳматқарини кишварамон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланду ободкори ноҳияи Данғара неруи тоза оварда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар мамлакатамон, боз ҳам решадор гардидани ваҳдати миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат хоҳад кард.

Бо ҳамин ниятҳои неки баҳорӣ бори дигар хурду бузурги мардуми вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони ганҷофари ноҳияи Данғара ва ҳамаи шумо — ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаву мубораки Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Қудуми сабзи Наврӯз муборак бод, ҳамватанони азиз!