Наврӯзи муборакқадам мужда дод: имсол тоза аз паи ҳам фатҳҳо шавад

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили чорумин Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз

Ҷумҳурии Туркманистон, 21 марти соли 2013

IMG_0185

Ҷаноби Олӣ, Гурбонгули Бердимуҳаммадов!

Президенти муҳтарами Туркманистон!

Ҷалолатмаобон ва олиҷанобон раисони кишварҳо!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама, мехоҳам ба Ҷаноби Олӣ, Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Президенти муҳтарами Туркманистон ва мардуми дӯсту бародари туркман барои пазиройии самимонаву гармашон изҳори сипос намоям.

Ҳамзамон барои ман мояи ифтихор аст, ки бародари худ Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай – Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод – Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ – Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷаноби Олӣ Абдуллоҳ Гул – Раиси Ҷумҳурии Туркия, роҳбарони муҳтарами ҳайатҳои кишварҳои дар ин ҷашн ширкаткунандаро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният гӯям.

Басо рамзист, ки ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Туркманистони бародар баргузор мегардад.

Ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз маҳсуб мегардад.

Аз ҷумлаи намунаҳои олии ин тамаддуни муштарак фарҳанги қадимаи Марғиён аст, ки дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод дар Марви бостонӣ арзи вуҷуд карда буд ва нишонаҳои он то имрӯз дар ин сарзамин боқӣ мондаанд.

Наврӯз ҷашни халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик буда, дар аслу ҷавҳари худ падидаи фаромиллиест, ки аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният дарак медиҳад.

Бо дарки ин асл гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавии ин ҷашни бузургро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод гузошта буданд.

Тавре ки аз ёдгориҳои Тахти Ҷамшед маълум мегардад, Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Россияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт.

Сабаби пазириши ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои Авруосиё дар он будааст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум месохт.

Дар тӯли қарнҳо фалсафа ва фарҳанги наврӯзӣ, ки таҳаммулгаройӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро дар худ ғунҷонидааст, ташаккул ёфта, пос доштани чаҳор нахустунсури зиндагии башар – обу замин ва оташу бодро дар мадди аввал қарор дод.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои волои инсонӣ гузаштагони мо таълимоти созандаи ахлоқӣ ва маънавиеро ба вуҷуд оварданд, ки он ҷавобгӯи тақозоҳои ҳама давру замонҳо буда, ҷавҳари он дар қолаби мафҳуми «паймону ростӣ» зуҳур кардааст.

IMG_0127

Мутобиқи устураи бостонии мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯз дар рӯзи шашуми ҷашн, ки дар солшумории хуршедӣ Хурдодрӯз ном дорад, «Наврӯзи бузург» таҷлил мегардад. Мегӯянд, ки дар ҳамин рӯзҳо асоси андешаи бузургии инсон гузошта шудааст.

Ҳамин андешаи арҷгузорӣ ба мақоми инсон буд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон ҳуқуқи башар дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз тарафи Куруши Кабир ба ҳукми қонун даромад.

Ӯ аз ҷумлаи нахустин сиёсатмадороне буд, ки суннати таҳаммулгароиро ба фарҳанги сиёсии аҳли башар ворид карда, ба намояндагони ҳама гуна халқҳо имконоти баробари мавҷудият ва инкишофро фароҳам оварда буд.

Барои расидан ба ин ҳадаф фарҳанги Наврӯз имрӯз низ ба мо кӯмак хоҳад кард, зеро Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд.

Дар аҳди Сосониён мардум субҳи Наврӯз ба канори наҳрҳо рафта, ба ҳамдигар чун пайғоми покиву садоқат об мепошиданд ва ширинӣ медоданд, ки ин анъанаи нек дар ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, минҷумла Тоҷикистон, имрӯз низ идома дорад.

Дар чаҳорчӯбаи ин афкору ойинҳо асли ахлоқии «Ашо» ё худ ростӣ зуҳур кард, ки асоси фикр, сухан ва амали инсонро дар бар мегирад.

Ниёгони мо ин аслро дар ҳикмати маъруфи худ «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» возеҳу равшан ифода карда, онро ҳамчун қонуни муштараки ҷаҳони инсонӣ ва кайҳонӣ пазируфтанд, зеро паймону ростӣ инсонро ба ободкорӣ, созандагӣ ва пешрафт ҳидоят мекунад.

Ҷанбаи дигари паймони умумиинсонӣ ва умумикайҳонӣ, ки дар доираи суннатҳои Наврӯз зуҳур кардааст, адолат дар умури давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Ойини «Сӯги Сиёвуш» ва бозтобҳои минбаъдаи он, чун «Сайри гули сурх» ва «Сездаҳбадар» аз бузургтарин ҷашнвораҳои наврӯзӣ мебошанд, ки пирӯзии адолатро бар зулм ифода мекунанд.

Фарҳанги Наврӯз дар назди башарият масъулиятҳои ҷиддиеро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ гузоштааст.

Мову шумо ҳамчун меросбарони ин фарҳанги бузург бояд дар амалӣ сохтани орзуву омоли наврӯзӣ ибтикороти созанда нишон диҳем.

Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмуи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамойии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад.

Фарҳанги Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳар чӣ бештари омилҳои ҷудоиро дар байни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ аз байн бардорем.

Барқарор ва бунёд намудани роҳҳои иртиботӣ ва воситаҳои иттилоотӣ дар ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ ба таҳкими ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

Тарғиби фарҳанги Наврӯз метавонад ғоя ва амалияи Роҳи абрешимро густариш дода, ба эҷоди бозори муштараки кор ва тиҷорат дар минтақа мусоидат намояд.

Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд.

Дӯстони гиромӣ!

Наврӯз рамз аст — рамзи навсозӣ ва тоҷикон дар ин маврид мегӯянд: «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост».

Бигзор, ин баҳор ва ин Наврӯз оғози корҳои неки муштарак ва амалҳои созанда бошад. Бо умеди амалӣ шудани нияту барномаҳои нек ҳар яки шуморо бори дигар ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз сидқан табрик мегӯям ва ба шумо соли хушу бобарор орзу менамоям.

 

Ҷашни қадаммубораки Наврӯз  мужда дод,

К-имсол тоза аз паи ҳам  фатҳҳо шавад.