Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд
21 августи соли 2014 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Омӯзгорони муҳтарам ва шогирдони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо мардуми созандаву заҳматкаши мо дар ҳамаи гӯшаву канори кишвари соҳибихтиёрамон ба истиқболи ҷашни пуршукӯҳи 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсии баргузоршаванда омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Барои дар сатҳи арзанда истиқбол намудани ин санаҳои муҳим дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо муассисаҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимии дорои тамоми шароити муосир ба истифода дода мешаванд.
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, аҳли маорифи вилояти Суғд, дар остонаи Рӯзи дониш ва сулҳ ба рӯзи ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост омадааст, ки туҳфаи арзанда ба сокинони ин гӯшаи диёрамон мебошад.
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳим ҳамаи шумо, омӯзгорону хонандагони ноҳия ва кормандони маорифи вилояти Суғдро самимона табрик гуфта, ба шогирдони мактаби навбунёд барои фатҳи қуллаҳои баланди дониш комёбиҳо орзумандам.
Мактаби навбунёд аз 14 синфхонаи барҳавои муҷаҳҳаз бо ашёву лавозимоти муосири таълимӣ, инчунин толори варзиш ва ошхона иборат буда, дар заминаи бинои таълимии аз заминларза осебдида бунёд карда шудааст.
Дар мактаб бо мақсади муосиргардонии раванди таълим таҷҳизоти замонавӣ насб гардида, инчунин барои гузаронидани дарсҳои таҷрибавии кишоварзӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Сохта ба истифода додани чунин мактабҳо тақозои давру замон ва нишонаи ғамхориҳои давлат дар ҳаққи насли ояндасози Ватанамон буда, дар навбати худ аҳли маориф ва падару модаронро вазифадор месозад, ки барои омода кардани мутахассисони соҳибихтисос ва фарзандони ифтихори миллати тоҷик азму талоши бештар намоянд.
Тавре ки медонед, давлати соҳибистиқлоли мо дар марҳалаи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегиву ояндасоз қарор дорад ва дар ин росто яке аз вазифаҳои асосии кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва рушди неруи инсонӣ мебошад.
Солҳои охир бо мақсади амалисозии усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ мо консепсия ва барномаҳои гуногунро доир ба рушди мактаби миллӣ роҳандозӣ карда истодаем.
Дар зарфи 23 соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд марҳалаи ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ шуда, навсозии инфрасохтори соҳа, такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, низоми нави омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат амалӣ шуда истодааст.
Дар баробари ин, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ имконият ба вуҷуд овард, ки ба низоми маорифи кишвар як қатор дигаргуниҳои куллӣ ворид карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба дастрасии баробар ба илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати ҷавонону наврасон тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодаанд.
Ҳарчанд ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ харҷи маблағҳо барои рушди илму маориф ҳамасола тамоюли афзоиш дорад, вале дар муқоиса ба талаботи воқеӣ ва пеш аз ҳама афзоиши бомароми аҳолӣ ҳоло ҳам кофӣ нест.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат пешбинӣ кардааст, ки дар доираи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон» барои рушди илму маориф ва таъминоти муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун то соли 2015 ҳиссаи солонаи хароҷотро то 5-5,5 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ расонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар пешбурди соҳаи маорифи кишвар мавқеи асосиро давлат ба уҳда дошта, ҳамзамон бо ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат рақобати солими мактабҳои давлатӣ ва хусусиро дастгирӣ мекунад, дар ин самт танҳо беҳдошти сифати таълиму тарбияро нишондиҳандаи асосии пешравии соҳа меҳисобад, яъне ҷонибдори бо ҳамин роҳ боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Ҳамин аст, ки сатҳу сифати таълим ва дастовардҳои мактабҳои хусусӣ дар вилояти Суғд сол ба сол беҳтар гардида, толибилмони болаёқати ин мактабҳо танҳо дар зарфи ду соли охир дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби қариб 300 медал гардидаанд, ки ин натиҷаи заҳмати омӯзгорони соҳибэҳтироми мо мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии зикршуда сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ 75-100 фоизро ташкил дода, дар онҳо омӯзгорону толибилмон тариқи озмун қабул карда мешаванд.
Дар робита ба ин, таъкидан ба масъулини соҳа, олимону мутахассисон, омӯзгорону падару модарон ва аҳли ҷомеа иброз медорам, ки мо ҳамаи заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи маориф ва илми кишварро муҳайё намудаем. Ин раванд дар солҳои минбаъда низ идома меёбад, зеро пешрафти маориф дар сиёсати иҷтимоии давлатамон ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ мемонад.
Вазифаи масъулони соҳа дар марҳалаи навбатии рушди соҳаи маориф, пеш аз ҳама, тақвияти самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди соҳа дар сатҳи миллӣ буда, вобаста ба пешрафти бемайлони ҷомеа бояд ҳар чӣ зудтар навсозии мазмуни таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои он амалӣ карда шавад.
Дар ин раванд, навсозӣ ва такмили низоми омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, такмили ихтисоси онҳо ва гузаштан ба усулҳои инноватсионии таълим бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Дар идомаи бозсозии сохтору низоми соҳаи маориф зарур аст, ки ба таъсис ва рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии шакли нав, марказҳои касбомӯзиву интихоби касб, такмили ихтисос ва дар муассисаҳои томактабӣ татбиқ намудани шаклҳои нави маблағгузорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Инчунин, бояд ба таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, таъминот бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои электронӣ, фарогирии хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои фосилавӣ дар таҳсилоти касбӣ диққати зарурӣ дода шавад.
Ғайр аз ин, зарур аст, ки ҷараёни навсозии инфрасохтори таҳсилоти томактабиро вусъат бахшида, ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи духтарон ба таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа ба раванди таълиму тарбия давра ба давра амалӣ карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷараёни амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, рушди баробари соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар таъмин шуда истодааст.
Тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои қонунгузории соҳаи маориф дар вилояти Суғд торафт беҳтар гардида, дар баробари мақомоти давлатӣ, инчунин аҳли ҷомеа, падару модарон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ба пешрафти он таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки минбаъд низ дар баробари таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи навсозӣ ва муосиргардонии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ эътибори зарурӣ дода, бо ин мақсад ҳамкориро бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу саховатпеша тақвият бахшанд.
Таҳлили ҳолати маблағгузории соҳаи маориф дар вилоят нишон медиҳад, ки он дар ҳоли афзоиш қарор дошта, соли равон маблағгузории он ба 522 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳост, ки сол ба сол ба мактаб бозгаштани омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ зиёд шуда, ҳайати сифатии онҳо беҳтар мегардад.
Дар соли таҳсили сипаригардида дар муассисаҳои таълимии вилоят беш аз 33 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият кардаанд, ки 74 фоизи онҳо дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.
Дар ин давра шумораи омӯзгорони ғайриихтисос нисбат ба соли гузашта зиёда аз 2 ҳазор нафар кам гардидааст.
Дар баробари ин, нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашту Айнӣ бештар ба назар мерасад, ки чунин вазъ аз масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Давлат ва Ҳукумати кишвар минбаъд низ дастгирӣ намудани хонандагони болаёқат ва аз ҳисоби онҳо тайёр намудани мутахассисони барои рушду пешрафти мамлакат заруриро аз ҷумлаи вазифаҳои асосии худ меҳисобад.
Соли равон тавассути квотаи Президентӣ 1144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмун иштирок намуда, 322 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул шуданд.
Вобаста ба ин масъалаи муҳим, таъкид менамоям, ки вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ банақшагирии квотаро воқеъбинона ва тибқи талаботи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, ҷараёни ташкил ва баргузории одилонаи озмун барои дарёфти квотаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Асри ХХI асри иттилоот ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад ва боиси қаноатмандист, ки имрӯз дар ин самт барои наврасону ҷавонони тоҷик тамоми шароит фароҳам буда, онҳо аз технологияҳои муосир озодона истифода мекунанд.
Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилоят 103 фоиз иҷро шуда, алҳол ба 14 нафар хонанда як компютер рост меояд.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки таъминот бо компютер ҳанӯз маънои пурра донистани онро надошта, истифодаи мақсадноки компютер аз омӯзгорон вобастагии мустақим дорад.
Аз ин хотир, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим таваҷҷуҳи шогирдонро ба истифодаи мақсадноки компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, яъне баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии солими онҳо ҷалб намоянд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилоят 441 муассисаи таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, қариб 130 ҳазор ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари ин, ҳоло дар вилояти Суғд 77 бинои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 478 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад ва масъулини соҳаро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои фаврӣ андешанд.
Ҳамчунин ҳолати татбиқи барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ беҳбудиро мехоҳад.
Тибқи қарори Ҳукумати кишвар бояд дар муддати панҷ сол дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 796 утоқи фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ташкил карда мешуданд.
Гарчанде то анҷоми муҳлати барнома якуним сол боқӣ мондааст, аммо ҷараёни иҷрои он қонеъкунанда нест.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда пурра иҷро намудани талаботи қарори Ҳукумати мамлакат чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мусаллам аст, ки раванди омода намудани мутахассисони баландпоя ва ворисони ҳақиқии Ватану сарзамини аҷдодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, ҳалли он аз ҳамаи шумо, омӯзгорони гиромӣ, вобаста мебошад.
Зеро низоми идоракунии давлатро бо дарназардошти ворид шудани муносибатҳои нав ва таъсиси мақомоти дорои низоми муосир фақат кадрҳои соҳибтахассус, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ пеш бурда метавонанд.
Дар иртибот ба ин, як нуктаро таъкид месозам, ки баъзе кадрҳои то ҳол омодашуда ҳанӯз дорои дониши мукаммали заминавӣ набуда, сатҳи ҷаҳонбинии онҳо доир ба масъалаҳои ҷаҳони муосир маҳдуд мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки асоси пешрафти ҳар як кишвар аз сатҳи саводнокии мардум, бахусус ҷавонону наврасони он вобаста мебошад. Шахси бомаърифат қудрату тавоноии давлату миллат мебошад. Давлате, ки мардумаш соҳиби донишу маърифати баланд нест, ҳеҷ гоҳ пурқудрат нахоҳад шуд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарону масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он, падару модарон, аҳли зиё, инчунин ҷомеашиносон қарор гирад, тарбияву талқини одобу рафтор ва тарзи сухангӯйиву муоширати ҷавонону наврасон мебошад.
Савол ба миён меояд, ки мо тамоми тадбирҳоро барои рушди инфрасохтори соҳаи маориф меандешем, ҷиҳати тарбияи афроди хушахлоқу баодоб хазинаи бузурги илмиву фарҳангӣ ҳастем, падару модарони хирадманду соҳибтаҷриба ва омӯзгорони донишманду ватандӯст дорем, вале чаро гуфтору кирдори баъзе наврасону ҷавонони мо ба суннату одоби миллиамон мувофиқ нест.
Падару модарони муҳтарами мо бояд баробари ба дунё овардани фарзанд ба кӯдак бо забони нобу шевои тоҷикӣ танҳо сухани нек гуфтанро омӯзонанд. Албатта, аҳли ҷомеа низ нисбат ба рафтору гуфтори насли наврас набояд бетафовут бошанд.
Гарчанде то имрӯз бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд, аммо вазъи ҷинояткорӣ дар байни хонандагон афзоиш дорад. Хусусан ҳолатҳои ба худкушӣ дасти задани хонандагон боиси нигаронӣ мебошад.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, инчунин оилаҳои намунавӣ корҳои таблиғотиро дар сатҳи ноҳияву ҷамоатҳо тақвият бахшанд.
Ҳозирини муҳтарам ва фарзандони азиз!
Таъкид менамоям, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, гузоштани заминаи устувор барои тарбияи созандагони ҷомеаи пешрафта, яъне наврасону ҷавонони имрӯза мебошад.
Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон мебошад.
Хусусан дар замони ҷаҳонишавӣ ба муқобили хатарҳои ин раванди фарогир истодагарӣ карда тавонистан, фоидаро аз зиён фарқ кардан, аз таъсири хатарноки равияву ҳаракатҳои бегонаву ифротгароёна эмин мондан танҳо ба василаи дониши пухта ва ҷаҳонбинии солим муяссар мегардад.
Аз ин хотир, таъмин ва иҷрои ин масъулияти басо пурзаҳмат, яъне тарбияи насли оянда ба дӯши устодону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вогузор шудааст.
Бинобар ин, масъулини соҳаи маорифро зарур аст, ки ҷиҳати таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва худшиносу ватандӯст содиқона саъю талош карда, рисолати устоду омӯзгорро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом диҳанд.
Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз аввал ҷонибдори дар ҷомеа ба мақоми сазовор соҳиб гардидани омӯзгор будам ва муносибати ман нисбат ба ин табақаи созандаи шахсият минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.
Зеро маҳз омӯзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад.
Муҳимтар аз ҳама, пешрафти ҷомеа ва ташаккули шахсиятҳои номбардори миллат натиҷаи фаъолияти хастагинопазири омӯзгор аст.
Бузургони илму адаби мо дар бобати ба ояндагон мерос гузоштани таълимоти ахлоқиву тарбиявии худ ба омӯзгорон ишора намудаанд, ки шод бод он касе, ки аз мо чизе шунида ва онро тавре ки шунида, ба дигарон ҳамон тавр расонад.
Мехоҳам боз як масъалаи муҳимро хотирнишон созам, ки иҷрои он аз фаъолияти тамоми фаъолон, аҳли ҷомеа ва албатта, аҳли маориф вобаста мебошад.
Шумо аз вазъи ҷаҳони имрӯза, хусусан хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа ва дигар равандҳои номусоид хуб хабар доред.
Дар чунин шароит, пеш аз ҳама, худи шумо ҳамчун шахсони соҳибмаърифату огоҳ намунаи сарфаю сариштакорӣ бошед ва ин кори хайру муҳимро ба шогирдони худ ҳамеша талқин намоед.
Мо бояд коре кунем, ки сарфаю сариштакорӣ ба амалу одати доимии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Дигар ин ки соли ҷорӣ мо 23 – солагии Конститутсияи кишвари соҳибихтиёрамон ва яке аз рамзҳои муқаддаси миллатамон – Суруди миллӣ, инчунин 600 –солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро таҷлил мекунем.
Мо бояд ин санаву ҷашнҳоро барои тарбияи фарзандони худ – наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва шукрона аз сарзамини аҷдодии соҳибихтиёр истифода намоем, ки ин кори хайрро низ устодону омӯзгорони муҳтарами мо метавонанд муваффақона анҷом диҳанд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам боз як нуктаро ба аҳли ҷомеа, устодону омӯзгорон ва падару модарон таъкид намоям, ки инсон баъди худ фарзанд мерос мегузорад, ки онҳо идомаи хонадони мо, масъулияти мо ва давоми миллати мо мебошанд.
Аз ин лиҳоз, биёед ба хотири номи неки худ, ояндаи дурахшони фарзандон ва ворисони сазовори давлату миллат рӯ ба тарбияи ҷиддии фарзандон оварем ва бо мактаб дар иртиботи доимӣ бошем.
Дар ин кори хайру савоб ва иҷрои вазифаи пурмасъул ба ҳамаи шумо барори кор мехоҳам ва дар фарҷоми суҳбат барои ҳар яки шумо — устодони гиромиву фарзандони азиз саодати рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои баланди донишро орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!