Ноҳияи Фархор имрӯз назар ба чанд соли пеш хеле ободу зебо гаштааст

№137 (3122) 29.10.2013

2

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Фархор

27 октябри соли 2013

 Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо ба дидори сокинони меҳмоннавозу меҳнатқарини ноҳияи Фархор омада, то ин лаҳзаҳо бо корҳои ободониву созандагие, ки аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати ватандӯстонаи мардуми ноҳия дар ин гӯшаи диёрамон анҷом ёфтаанд, шинос шудем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Фархор имрӯз назар ба чанд соли пеш хеле ободу зебо гаштааст.

Барои чунин заҳмати  созандаву ободгарона ба хурду калони ноҳия, инчунин соҳибкорону сохтмончиёни иншооти навбунёд самимона арзи сипос менамоям ва ба ҳар хонадон оромиву осоиш ва файзу баракат орзу мекунам.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки саҳми сокинони ноҳияи Фархор дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат, инчунин болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ назаррас мебошад.

Сокинони ноҳия хуб дар хотир доранд, ки солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар солҳои мухолифати мусаллаҳона ва вазъи ҳалокатбори сиёсӣ бо сабаби камбуди маводи ғизоӣ дар кишварамон мардуми ноҳия мушкилоти аз ҳама вазнинро аз сар гузарониданд ва он рӯзҳои сахтро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дарвоқеъ, ба шарофати таъмину таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфта, ҳадафҳои стратегии қабулкардаамон тадриҷан амалӣ шуданд, ки дар ин раванд саҳми сокинони бунёдкору созандаи ноҳияи Фархор низ хеле калон мебошад.

Чун намунаи иқдомоти созандаи мардуми ноҳия имрӯз мо дар ифтитоҳи як силсила иншооту биноҳои навбунёд, аз ҷумла китобхонаву осорхонаи марказӣ, мактаби навбунёд, боғи фарҳангу фароғат, бинои шуъбаи амнияти ноҳия ва роҳи азнавсозишудаи маркази ноҳия иштирок намудем ва аз самараи заҳмати бинокорону муҳандисон ва меъморону соҳибкороне, ки солҳои охир дар бунёди иншооти нав ва ободии ноҳия саҳм гузоштаанд, қаноатманд гардидем.

Ва ин лаҳзаҳо дар варзишгоҳи муҷҷаҳази замонавие, ки барои даҳ ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, қарор дорем.

Варзишгоҳи имрӯза боз як иқдоми ҷиддие дар роҳи пешрафти варзиш, оммавигардонии варзиш ва густариши тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.

Илова бар ин, акнун сокинони ноҳияи Фархор имконият доранд, ки чорабиниҳои оммавию фарҳангии худро дар ин варзишгоҳи муосиру зебо доир намоянд.

Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамаи шуморо табрик мегӯям.

Зимнан бояд зикр намоям, ки дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору барномаҳои қабулкардаи Ҳукумат ва албатта, бо заҳмати аҳлонаи мардум дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Фархор ба таври назаррас рушд карда, шароити зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар шуда истодааст.

Самараи неки кору фаъолияти софдилонаи мардуми ноҳия аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 284 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши имкониятҳои буҷети давлат маблағгузории шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Фархорро мунтазам зиёд карда истодааст.

Масалан, соли 2006 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Фархор ҳамагӣ 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2012 қариб ба 64 миллион сомонӣ расида, афзоиши маблағгузорӣ дар ҳафт соли охир беш аз панҷ баробарро ташкил намудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳия дар ҳафт соли охир аз 5,6 миллион сомонӣ то ба 30 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба соли 2006 қариб 25 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳафт соли охир дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 33 миллион сомонӣ амалӣ гардида, айни замон татбиқи 6 лоиҳа дар соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, обрасонӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

Аз ҷумла   бо  мақсади аз байн бурдани яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳраки Фархор, яъне бо оби нӯшокӣ таъмин намудани онҳо дар доираи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ то охири соли 2015 гузаронидани шабакаи оби нӯшокии шаҳраки Фархор ва сохтмони махзани об ба маблағи 52 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба чунин иқдомоти Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаву ободгаронаи соҳибкоронро дар самти бунёду азнавсозии иншооти гуногун, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Ман дар суҳбату мулоқотҳо ба роҳбарону масъулон доим таъкид менамоям, ки мавҷудияти захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба маводи ғизоӣ моро водор месозад, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.

Қобили зикр аст, ки дар баробари зиёд шудани даромади буҷети ноҳия қисми хароҷот барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ торафт афзоиш ёфта, дар солҳои 2006-2012 беш аз панҷ баробар зиёд гардидааст.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки бо азму талоши ватандӯстонаи соҳибкорон ва сокинони ноҳия имрӯз симои шаҳраки Фархор ба куллӣ тағйир ёфта, ҳоло дар ҳудуди ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 20 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 9 корхонаи пахтатозакунӣ ва коркарди дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, 11 корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум фаъолият доранд, ки дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия ва бо ҷойи корӣ таъмин кардани аҳолии маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар иртибот бо ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор, инчунин ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ зарур аст, ки бо истифода аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, инчунин ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳои ресандагии ноҳия ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Бо дарназардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ва рушди муносибатҳои бозаргонӣ вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан роҳбарону мутахассисони корхонаҳои саноатӣ вазифадоранд, ки барои истеҳсоли молу маҳсулоти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки барои таъмини ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, имкониятҳои соҳибкорони маҳаллиро ҷалб намудан ва барои онҳо шароити мусоиди кору фаъолиятро фароҳам овардан зарур аст.

Имрӯз мо ҳамчунин дар маросими гузоштани хишти аввали мактаби рақами 2 барои 1300 нафар хонанда дар ду баст, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва дармонгоҳи замонавии мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Хуршед Нозимов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов сохта мешаванд, ширкат доштем ва изҳори итминон кардем, ки ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бунёд гардида, ба истифода супорида мешаванд.

Итминон дорам, ки соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯсти ноҳияи Фархор дар оянда низ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ азму талоши бештар менамоянд.

Хурсандибахш аст, ки дар натиҷаи саъю кӯшиши сокинони ноҳия солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 240 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 20 фоиз зиёд мебошад.

Ҳоло давраи ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба кишти тирамоҳии зироатҳо фаро расидааст.

Роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии аълосифат гузаронидани кишти зироатҳои тирамоҳӣ, инчунин доир ба беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ноҳияи Фархор дар гузаштаи на чандон дур яке аз ноҳияҳои калонтарини шоликории мамлакат ба ҳисоб мерафт ва зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд барои тараққиёти ин бахши кишоварзӣ низ чораҳои муассир андешида шаванд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли яке аз масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне беҳтар намудани шароити манзили истиқоматии аҳолӣ ба сокинони ноҳия 2100 гектар замин ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, қариб 15 ҳазор оила, яъне аз 144 ҳазор нафар аҳолии ноҳия беш аз сад ҳазор нафарашон шароити манзили худро беҳтар кардаанд.

Илова бар ин, дар замони истиқлолияти давлатӣ доир ба сохтмони мактабҳои нав ва таъмиру навсозии таълимгоҳҳои ноҳия чорабиниҳои зиёде амалӣ гардида, 15 мактаби нав, 8 бинои иловагӣ ва 65 синфхонаи иловагӣ барои 4600 нафар хонанда бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шуд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи фарзандони мардуми ноҳия чораҳои иловагӣ амалӣ шуда истодаанд.

Имрӯз мо дар деҳоти «Ғайрат» ду бинои аввали мактаби таҳсилоти умумиро барои 1200 нафар хонанда ба истифода супоридем, ки бо ҳиммати соҳибкор Муҳиддинов Диловар ба маблағи қариб ҳашт миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки мактаби мазкур дар ноҳия аввалин муассисаи иҷтимоии аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохташуда мебошад.

Итминон дорам, ки омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, зиёиён ва шахсони рӯзгордида ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавонон ва умуман ба камол расонидани шахсиятҳои соҳибмаърифату донишманд, забондон ва аз дастовардҳои илму технологияи замонавӣ бохабар минбаъд низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Ноҳияи Фархор яке аз мавзеъҳои бостонии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди он ёдгориҳои нодири таърихӣ, аз қабили шаҳраки Золи Зар, Сайёду Саксанохур, Шаҳртеппаву Макони Мор ва амсоли онҳо ҷойгиранд, ки дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқи олимону бостоншиносон қарор гирифтанд.

Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ҳанӯз дар давраҳои пеш аз мелод Фархор макони зебову дилрабо ва сокинони он ҳунармандони асил будаанд.

Аз ин лиҳоз, шоирони классики мо дар осори худ зебоиҳои Фархор ва табиати биҳиштосои ин гӯшаи зебоманзари диёрамонро зиёд васф кардаанд.

Ғайр аз ин, доир ба мардумони гузаштаи ин минтақа қиссаву ривоятҳои таърихие мавҷуданд, ки дар онҳо далериву мардонагӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ ва покиву заҳматдӯстии онҳо тасвир шудаанд.

Яъне, мардуми ин минтақа ворисони шахсиятҳои ватандӯсту муборизи таърихи гузаштаамон мебошанд.

Дар иртибот ба ин, роҳбарону масъулон ва ҳар шахси огоҳе, ки таърихи пурифтихори диёр барояш азиз аст, бояд ёдгориҳои таърихии ҳудуди ноҳияро ҳифз карда, онҳоро барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихор аз дороиҳои фарҳангиву таърихии миллати тоҷик пурсамар истифода намоянд.

Ҳар кадоми мо бояд шукронаи сулҳу оромӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрии Ватани азизамонро ба ҷо оварем ва барои ҳифзи ин неъматҳои бебаҳо ҳамеша омодаву ҳушёр бошем.

Ҳамзамон бо ин, имрӯз мо – насли калонсол ва рӯзгордидаро зарур аст, ки фарзандону пайвандони хешро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ва ватандӯстиву заҳматписандӣ ба камол расонем, то ки онҳо ба корномаҳои дурахшони аҷдоди хеш, инчунин ба хизматҳои шоёни шахсиятҳои хештаншиносу худогоҳ ва меҳнатдӯсту ободгари имрӯзи миллат арҷ гузошта, дар пайравии кору пайкори онҳо барои пешрафти зодгоҳ ва Ватани маҳбуби худ саҳми муносиб гузошта тавонанд.

Барои ободу пешрафта гардидани Фархори бостонӣ ва Тоҷикистони азиз, инчунин таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии халқамон садҳо нафар фарзандони далеру ғаюр ва бонангу номуси ин диёр хизматҳои шоиста кардаанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Фархор бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллиамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо барои заҳмати содиқона ва истиқболи самимонаатон изҳори сипос карда, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтиву тансиҳатӣ, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!