Роҳҳои оҳан шабеҳи рагҳои хунгард мебошанд

№68 (3053) 08.06.2013

IMG_0307

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон

Ҷумҳурии Туркманистон, 6 июни соли 2013

 Ҷаноби Олӣ муҳтарам Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳамедов!

Ҷалолатмаоби муҳтарам Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай!

Бинокорони арҷманд!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Мо имрӯз шоҳид ва ширкаткунандаи рӯйдоди таърихӣ ва дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастем. Аз ин рӯз сар карда, орзуи чандинсолаи мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки аз бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвари бародар иборат буд, ҷомаи амал мепӯшад.

Ин рӯйдод, бешубҳа, дар саҳифаҳои таърихи ҳамкории халқҳои мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» мо, сарони се давлат, дар Ашкобод санади татбиқи амалии муштараки лоиҳаи имрӯзаро ба имзо расонида будем. Ва инак, имрӯз, яъне баъди дуюним моҳ, ба шарофати талошҳои пайгиронаи Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳамедов мо бори дигар дар сарзамини зебои туркманҳо ҷамъ омадем, то ки ин маросими бошукуҳи оғози бунёди роҳи нави оҳанро баргузор намоем.

Мо итминон дорем, ки ин шоҳроҳи ҳамкориҳо ва азми созандаи мамлакатҳои мо на фақат беҳтарин василаи ҳаракати мусофирон ва интиқоли борҳо, балки омили муҳими таҳкими дӯстиву бародарии мардумони кишварҳоямон хоҳад гашт.

Аҳамияти стратегии ин роҳ на танҳо аз нигоҳи боз ҳам бештар ба ҳам наздик гаштани кишварҳо ва мардумони мо, балки дар самти ҳалли як силсила масъалаҳои минтақавии иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ комилан возеҳ мебошад.

Тавре таҷрибаву амалия собит месозад, дар ҷодаи рушди босуръат фақат давлатҳое ҳамаҷониба муваффақ мегарданд, ки миёни ҳамдигар роҳҳои хуб ва муосири иртиботӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин, шабакаи роҳҳои мошингарду оҳан, ки аллакай бунёд ёфтаанд, ё худ сохта мешаванд, намунаи эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим мебошанд.

Тасодуфӣ нест, ки роҳҳои оҳанро ба «рагҳои хунгард» ташбеҳ медиҳанд. Дар ин росто тӯли солҳои наздик ба истифода додани роҳи нави оҳан рушди муштараки устувори моро ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишварҳоямон, таҳкими робитаҳои арзишманди башарӣ ва, албатта, боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон имконпазир хоҳад кард.

Табиист, ки қад – қади роҳи нави оҳан ва алалхусус дар атрофи истгоҳҳои он ҳаёти сокинони маҳаллӣ ва заминҳои бекорхобида ободу зебо гашта, корхонаҳо, нуқтаҳои нави савдо ва шабакаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

Ин роҳ барои мураттаб боло бурдани сатҳи зиндагии мардумонамон ва муҳайё шудани имконоту ҷойҳои ҷадиди корӣ шароити мусоид эҷод хоҳад кард, ки он, дар навбати худ, ҷиҳати рушди неруҳои созандаи кишварҳоямон заминаи мустаҳкаме хоҳад шуд.

Беҳуда нест, ки дар замони муосир масъалаи бунёди роҳҳои нави байнидавлатии оҳан, бемуболиға, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ ба шумор меравад.

Агар минтақаи мо дар маҷрои равандҳои глобалию минтақавӣ, аз ҷумла дар масири роҳҳои транзитӣ, қарор гирад, пас ин ба таҳкими тамоюлоти ҳамгиройӣ такони бузург бахшида, ин қаламравро ба иттиҳоди воқеии минтақавӣ табдил хоҳад дод.

Тоҷикистон, ба мисоли Туркманистону Афғонистон, ҷонибдори самимии ҳамкориҳои мукаммал ва судманди минтақавӣ мебошад, зеро фақат эҷоди шароити мусоид барои ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ имкон фароҳам месозад, ки дар солҳои наздик маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаи мо, ҳадди ақалл, ду баробар афзоиш ёбад.

Зиёда аз ин, матлабе бебаҳс аст, ки Осиёи Марказӣ фақат ба ҳайси бозори ягона метавонад барои сармоягузорон ҷолиб ва муносиб бошад.

Агар дар бораи кишварҳои мо сухан равад, пас бояд тазаккур диҳем, ки солҳои охир миёни онҳо робитаҳои тиҷоратӣ бо суръати баланд густариш меёбанд. Бо бунёди инфрасохтори нақлиётиву транзитӣ рушди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот тавсеа хоҳад ёфт. Ва дар ин арса барои фаъолияти муштараки мо яқинан майдони васеъ вуҷуд дорад.

Мутмаинам, ки анҷоми сохтмони роҳи нави оҳан ва дар ояндаи на чандон дур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба мо имкон фароҳам хоҳад овард, ки ба сӯи ҳадафҳои созандаву дарозмуҳлатамон зудтар ва хубтар ҳаракат кунем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба дӯстам Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳамедов барои даъваташон ҷиҳати ширкат дар ин чорабинии муҳими таърихӣ изҳори сипос менамоям. Ҳузури Ҷалолатмаоб, дӯсти мо, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ҳомид Карзай низ ба ин маросим шукӯҳи тозае зам кард.

Иҷозат фармоед, бад-ин васила ҳамаи мардумони кишварҳоямон ва аз ҷумла тамоми ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик гӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва дар кору зиндагиатон, аз ҷумла дар татбиқи амалии ин тарҳи муҳим, барори кор орзу намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.