Сарҳадчиён — ҳомиёни содиқу шуҷои марзу буми Ватан

№54 (3200) 26.05.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 20 — солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

26 майи соли 2014, шаҳри Душанбе

 IMG_0224 (1)

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳозирини муҳтарам!

Дар таърихи давлатдории аҳли башар яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад.

Бисту ҳаштуми май ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз нишонаҳо ва рамзҳои муқаддаси миллии мо — марзҳои давлати соҳибистиқлоламонро бо сарбаландӣ ҳимоя мекунанд, бист сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳар яки шумо — ҳомиёни содиқу шуҷои марзу буми Ватан ва оромиву суботи мамлакатро, ки рисолати боифтихору пурмасъулияти ба зиммаатон гузошташударо ҷавонмардона ба иҷро мерасонед, табрик гуфта, ба шумо дар роҳи иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору комёбӣ орзумандам.

Бист сол муқаддам, яъне дар оғози марҳалаи соҳибистиқлолии кишварамон бо мақсади ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи ниҳоят вазнину номусоиди иҷтимоиву сиёсӣ ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ, мо дар баробари Артиши миллӣ сохторҳои ҳифзи сарҳадро таъсис додем. Ва чунонки имрӯз мебинем, Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марҳалаи на чандон тӯлонии мавҷудияти худ ҳамчун сохтори алоҳидаи низомӣ дар самти таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёриву амнияти давлат, таъмини ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва ҳимояи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба эътимоду эҳтироми хурду бузурги аҳолии мамлакат ноил гардидаанд.

Ҳамчунин дар ин муддат Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сохтори низомии неруманду зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мубаддал гардида, ҳоло бо дастгирии Давлату Ҳукумати мамлакат бо ҳамаи заминаҳои моддиву техникӣ ва шароити муосир ва муҳимтар аз ҳама, ҳайати фармондеҳӣ ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ таъмин мебошанд.

Имрӯз барои пешбурди ҳадафу вазифаҳои дар назди ҷузъу томҳои марзбони Тоҷикистон гузошташуда асосҳои муосири ҳуқуқӣ низ фароҳам оварда шудаанд ва онҳо ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодиро бо эътимоди қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ таъмин карда истодаанд.

Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳот ва навсозии Қӯшунҳои сарҳадӣ сохтмони иншооти нави сарҳадӣ ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори мавҷударо идома дода, барои ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани инфрасохтори марзҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ имрӯз ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи суботи давлат ва ҷомеа, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убур ва муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон тавассути сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор доранд.

Муҳтарам сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Шумо дар тӯли бист соли фаъолият рисолати муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодиамонро хуб эҳсос намуда, аз уҳдаи қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сарбаландона баромадед.

Бо дарназардошти вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо миёни қудратҳои ҷаҳонӣ, дар назди шумо вазифаҳои боз ҳам муҳимтар қарор доранд, ки иҷрои онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аскарону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ, масъулияти аз ҳарвақта бештар, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагии баланди ҷангиро талаб мекунад.

Ватан ва мардуми Тоҷикистон ба шумо, ҳомиёни далеру шуҷоъ, сарвати гаронбаҳотарини миллӣ, яъне сарҳади давлати худро бовар карда, онро ба дасти шумо супоридаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як сарбозу афсар бояд онро чун неъмати бузургу пурқимат эҳтиёт карда, барои аз ҳар гуна омилҳои халалдорсозанда ҳифз кардан ва дар ҳолати орому муътадил нигоҳ доштани марзҳои муқаддаси Ватан ҳамеша ҳушёру зирак ва омода бошад.

Итминон дорам, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, бо риояи ҳатмии талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии низомӣ барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани муқаддасамон минбаъд низ сарбаландона хизмат мекунанд.

Барои ҳимояи шарафмандонаи муқаддасоти миллие, ки халқу давлати Тоҷикистон ба шумо бовар намудааст, қабл аз ҳама, ғайрату номус, далериву шуҷоат, дасту дили пок ва нияти нек лозим буда, ин суннати некро мо аз аҷдоди бонангу номуси худ ба мерос гирифтаем ва ҳамеша ба он эҳтиром мегузорем.

Бори дигар ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро ба муносибати ин санаи муҳим самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо — ҳомиёни диловари марзу буми Ватани азизамон ва муҳофизони оромиву осоиши мардуми шарифамон тандурустӣ, саодати рӯзгор, иродаи қавӣ ва дар адои хизмати пурмасъулиятатон барори кор орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, сарҳадбонони диловари тоҷик!