Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштироки роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат дар маросими гузоштани санги асос барои сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи «Истиқлол»
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам роҳбарон ва намояндагони мардуми сарбаланди шаҳри Ваҳдат!
Сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳре, ки ба ифтихори яке аз дастовардҳои бузургу таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон — ваҳдати ҷовидонаи миллӣ номгузорӣ шудааст ва мулоқоти мо бо шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат дар оғози бистусеюмин баҳори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани муқаддасамон қарзи инсониву имонӣ ва ватандӯстонаи хешро софдилона иҷро карда истодаанд.
Ва боиси хушҳолист, ки ин раванди некро сокинони заҳматқарини шаҳри Ваҳдат бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории миллӣ ҷонибдорӣ карда, дар фазои орому осудаи кишвар ва шароити муҳайёсохтаи давлату Ҳукумати мамлакат барои ободу зебо гардонидани диёри худ мунтазам саъю талош мекунанд.
Тавре ки дар хотир доред, соли гузашта зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар назди роҳбарону масъулони мақомоти дахлдор доир ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳалталаб дастуру супоришҳои зарурӣ гузошта будам.
Аз ин лиҳоз, имрӯз тасмим гирифтем, ки бо мақсади бевосита шинос шудан бо ҷараёни иҷрои супоришҳои додашуда, вазъи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва оғози корҳои кишоварзӣ, инчунин оғоз кардани сохтмони як силсила иншооти нав ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ анҷом диҳем.
Бояд гуфт, ки рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар маркази диққати доимии Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар давоми солҳои охир доир ба ободонии ин гӯшаи зебои диёрамон хеле тадбирҳои созанда амалӣ карда шудаанд.
Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт торафт афзуда истодааст.
Маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳри Ваҳдат низ мунтазам афзуда, дар даҳ соли охир дар маҷмӯъ қариб 600 миллион сомониро ташкил додааст.
Барои рушди иқтисодиёти шаҳри Ваҳдат ва ҳалли масъалаҳои бахшҳои гуногун дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то имрӯз зиёда аз 300 миллион сомонӣ аз худ гардида, алҳол 8 лоиҳаи дигар ба маблағи 60 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ соли гузашта ба субъектҳои соҳибкориву хоҷагидори шаҳр 142 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ дода шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2012-ум 21 фоиз зиёд мебошад.
Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ дар давоми даҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 39 корхонаи саноатии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,6 баробар афзоиш ёфтааст ва соли 2013 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 66 миллион сомонӣ расидааст.
Дар зарфи се соли охир бо роҳи таъсис додани корхонаҳои нав ва барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қариб 3 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.
Лекин, бояд гуфт, ки дар шаҳри Ваҳдат барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Аз ин рӯ, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дода мешавад, ки доир ба дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи минтақаҳои калони кишоварзии мамлакат буда, қариб 14 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ дорад ва аксарияти сокинони он бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.
Имрӯз масоҳати умумии боғу токзори шаҳр дар маҷмӯъ панҷ ҳазору 400 гектар буда, қариб 500 гектари он дар чор соли охир бунёд карда шудааст.
Боиси таҳсин аст, ки солҳои охир соҳибкорони шаҳр барои бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна саҳми сазовор гузошта истодаанд.
Воқеан, иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷойгиршавии шаҳр имконият медиҳад, ки боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил дода шавад, ки иқдоми мазкур дар навбати худ, албатта, боиси афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва зиёд шудани даромади аҳолӣ мегардад.
Амалӣ шудани ин кор дар айни замон саҳми ватандӯстонаи кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ хоҳад буд.
Аз ин хотир, зарур аст, ки Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои васеъ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии бунёди боғу токзори нав, кишти навъҳои серҳосили зироатҳо, омода кардани анборҳои нигоҳдории меваҷот ва бо роҳи бунёд намудани корхонаҳои нав ба роҳ мондани коркарди ҳар чӣ бештари маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои муассир андешанд.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, масъалаи таъмин намудани сокинон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.
Бо ин мақсад тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар давоми чор соли охир барои сокинони шаҳри Ваҳдат 845 гектар замин ҷудо карда шуд.
Вобаста ба ин, ҳамеша таъкид менамоям, ки муносибати масъулона ба ин масъалаи муҳим, яъне тақсимоти одилонаи замин, дар навбати аввал ба эҳтиёҷмандон ва оилаҳои ҷавон, инчунин бунёди инфрасохтори муосири маҳалҳои навбунёд вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз самтҳои калидӣ ва таъминкунандаи пешрафти ояндаи мамлакат соҳаи маориф буда, барои бунёди инфрасохтори замонавии таълиму тарбия ва мутобиқсозии раванди таълим ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот мо тамоми имкониятҳои худро сафарбар кардаем. Чунки соҳаи маориф ояндаи миллат ва давлатро тарбия мекунад.
Солҳои охир дар шаҳри Ваҳдат 7 бинои нави таълимӣ ва 144 синфхонаҳои иловагӣ бо зиёда аз 10 ҳазору 600 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳоло сохтмони се мактаб идома дорад ва тибқи нақша то оғози соли нави хониш ду мактаби нав барои қариб 5000 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода мешавад.
Чанд лаҳза пеш мо санги асоси сохтмони бинои мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумиро гузоштем, ки бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ барои 2480 нафар хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
Инчунин корҳои лоиҳакашии сохтмони боз як мактаби нав дар мавзеи Истиқлол барои 1280 ҷойи нишаст ва таъмиру азнавсозии дигар мактабҳои аз офати табиӣ осебдида дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Шаҳри Ваҳдат солҳост, ки манбаи омодасозии кадрҳои коргарӣ буда, дар ҳудуди он омӯзишгоҳи тиббӣ, коллеҷи омор ва литсейи касбҳои техникӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ҷавонон аз ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мухталиф фаро гирифта шудаанд.
Дар робита ба ин, ба омӯзгорону устодони ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ зарур аст, ки дар ҷараёни таълим кӯшиш намоянд, то мактабро танҳо барои гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ маҳдуд накарда, дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонону наврасон, бахусус ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Зеро рисолати асосии мактаб тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон ташаккул додани эҳсоси гарми хештаншиносиву ватанпарастӣ ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос хизмат кардан барои ободиву пешрафти Ватан мебошад.
Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ба масъалаҳои татбиқи усулҳои фаъоли таълим, мунтазам гузаронидани мониторинги сатҳи дониши хонандагон ва интихоби касб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дӯстони азиз!
Давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои ҷавонони мамлакат муҳайё кардааст, ки фарзандони мо аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ, аз ҷумла барои гирифтани маълумот, касбу ҳунар ва ихтисоси замонавӣ пурра истифода карда, ҳамчун шахсони соҳибистеъдоду болаёқат ва созандагони ояндаи Ватан ба камол расанд.
Мо бо мақсади таъмини заминаҳои ҳуқуқии ташаккули насли ояндасози ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем, ки иҷрои он рисолат ва вазифаи бевоситаи падару модарон, устодону омӯзгорон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мехоҳам бо истифода аз ҳузури намояндагони мардуми шаҳр як масъалаи муҳимро хотирнишон созам.
Бо вуҷуди тадбирҳои амалишудаистода доир ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни онҳо дар семоҳаи якуми соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасони шаҳри Ваҳдат 2,4 баробар афзудааст.
Хусусан ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Бинобар ин, бори дигар таъкид месозам, ки ба тарбияи насли ҷавон муносибати бисёр ҷиддӣ ва масъулона зоҳир намудан вазифаи роҳбарону фаъолон, устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва умуман ҳамаи табақаҳои ҷомеа мебошад.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор аст, ки ҷиҳати татбиқу амалисозии барномаҳои маҳаллии сиёсати ҷавонон тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.
Шаҳри Ваҳдат дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, мавқеи ҷойгиршавию табиати зебо ва наздик будани он ба пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармояи мустақим соҳаи сайёҳӣ дар ин мавзеъ боз ҳам тараққӣ дода шавад.
Бахусус, минтақаи Ромит, истироҳатгоҳҳои «Явроз» ва «Дониш»-у «Кайҳон» ва дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳр бояд бо инфрасохтори муосир ва шароити мусоиди истироҳату саёҳат таъмин карда шаванд.
Дар иртибот ба ин, ба кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тарғиби ҳамаҷонибаи мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳр ва бунёди иншооту инфрасохтори муосир тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Густариш додани соҳибкории хурду миёна дар байни занон, тақвияти ҳунарҳои мардумӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар байни бонувон ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Занону бонувони мо то имрӯз дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки бонувони ватандӯсти тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона иштирок карда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат бо иқдому ташаббусҳои созандаи хеш дар баробари мардон барои ободии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта истодаанд.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат бори дигар ба тамоми занону бонувони мамлакат, аз ҷумла ба соҳибкорзанони шаҳри Ваҳдат, ки бо вуҷуди мушкилоти зиндагӣ барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талош менамоянд, миннатдории хешро баён менамоям.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки огоҳед, моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат заминларза ба амал омад, ки беш аз 230 хоҷагӣ ва як қатор муассисаҳои таълимӣ хисороти калон бардоштанд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандони осебдида 166 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои сохтмонии кишвар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.
Имрӯз мо аз 108 хонаи истиқоматии ба нақша гирифташуда калиди 60 хонаи навсохти барҳаворо ба соҳибонашон супоридем.
Маблағи ҳар як хонаи сохташуда ба ҳисоби миёна беш аз 200 ҳазор сомонӣ буда, дар маҷмӯъ маблағи умумии хонаҳои дар ин мавзеъ бунёдшаванда зиёда аз 21 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати барқарорсозии манзилҳои истиқоматии 128 хоҷагии қисман вайроншуда маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.
Тибқи нақша дар ояндаи наздик дар мавзеи нав 1200 оилаи эҳтиёҷманди шаҳр, аз ҷумла 150 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати бунёди манзили зист бо қитъаҳои замин таъмин карда мешаванд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки аз ин кори хайру савоб соҳибкорони ватанӣ низ дар канор намондаанд. Аз ҷониби онҳо 11 хонаи истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза осебдида ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ватандӯст, ки бо иҷрои ин амали хайр ба осебдидагони офати табиӣ дасти кумак дароз карданд, изҳори сипос менамоям.
Дар маҳаллаи навбунёди Истиқлол баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, ҳамчунин бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, мағозаву шабакаҳои барқу об, таъмири роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зарурӣ ба назар гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва комиссияи дахлдор зарур аст, ки суръати бунёди манзилҳои истиқоматии боқимонда ва инфрасохтори маҳаллаи навбунёдро тезонида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба сокинони зарардида тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини арҷманд!
Субҳи имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи навбати аввали гармхонаи нав ширкат намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмони навбати дуюми он шинос гардидем.
Дар иншооти мазкур имконият дорад, ки дар марҳалаи аввал 50 нафар ба шуғл фаро гирифта, баъди пурра ба анҷом расидани сохтмони он боз 250 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Гармхона бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ бунёд мегардад ва дар назар аст, ки ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар гектар ба 500-600 сентнерӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин имрӯз Корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти чармӣ бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 70 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
Иқтидори солонаи корхона коркарди 120 ҳазор пӯсти чорво буда, тибқи нақша дар он то охири соли ҷорӣ, инчунин коргоҳи дӯхти либосҳои баландсифати чармӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар он боз 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Имрӯз фаъолияти Корхонаи истеҳсоли қубурҳои калонҳаҷми пластикӣ оғоз шуд, ки ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд гардида, барои 45 ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст.
Дар сурати фаъолияти пурраи корхонаи мазкур муассисаҳои коммуналӣ ва пойгоҳҳои обкашии шаҳри Ваҳдат ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо қубурҳои калонҳаҷм таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин мо дар маросими оғози сохтмони аввалин биноҳои 26 — ошёна ва иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ иштирок намудем, ки баъди ба истифода додани биноҳои мазкур намуди шаҳр куллан тағйир меёбад.
Дар ҷараёни сохтмони иншооти зикршуда зиёда аз 1000 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ ба шуғл ҷалб гардида буданд. Баъди бунёди онҳо то 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Моҳи октябри соли гузашта ба роҳбарияти Ҷамъияти «Ёқут-2000» барои бунёд намудани корхонаи дӯзандагӣ бо 400 ҷойи корӣ дастур дода будам ва имрӯз ин корхона низ ифтитоҳ гардид ва 500 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Корхонаи мазкур барои таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ махсус гардонида шудааст.
Дар баробари ин, дар шафати корхонаи дӯзандагӣ санги асоси ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ гузошта шуд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва ба фаъолият оғоз кардани онҳо барои ду ҳазор нафар сокинони шаҳр ҷойи кори доимӣ муҳайё карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар ҳудуди деҳаи Шӯри Болои деҳоти Карим Исмоилов ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ Корхонаи нави сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор тонна семент дар як сол бунёд мегардад.
Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат марҳалаи дуюми бунёди корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсоли 180 ҳазор тонна семент дар як сол, корхонаҳои истеҳсоли шарбат ва мебелбарорӣ, фабрикаи рангубори ришта ва боз як корхонаи дӯзандагӣ идома дорад.
Яъне, нақшаҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Ваҳдат хеле зиёданд. Танҳо ҳамин рӯз баробари оғоз гардидани корҳои сохтмон дар иншооти номбаршуда қариб 3000 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, баъди пурра ба истифода додани онҳо дар маҷмӯъ беш аз 4000 нафар сокинони шаҳр ба шуғл фаро гирифта мешаванд.
Дар доираи сохтмону азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ то кунун 18 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Ваҳдат таъмиру таҷдид карда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, роҳбарону мутахассисони шаҳр, соҳибкорон ва масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати пурра таъмиру азнавсозӣ кардани роҳҳои дохилишаҳриву маҳаллӣ, алалхусус минтақаи сайёҳии Ромит мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Ҳарчанд ки аз сафари пешинаи Роҳбари давлат ба шаҳри Ваҳдат муддати чандон зиёд нагузаштааст, аммо имрӯз баръало мушоҳида мегардад, ки сокинони шаҳр ҷиҳати ободонии диёри худ дастаҷамъонаву самимона заҳмат кашида, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Дар робита ба ин, такроран иброз менамоям, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯза ва зиндагии осудаи мардуми диёрамон маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати комил буда, таърихи на чандон дарози давлатдории миллиамон собит намуд, ки ин неъмати бебаҳо натиҷаи ақлу заковат ва фарҳанги волои сулҳдӯстии мардуми таҳаммулпазири мо мебошад.
Маҳз ҳамин ваҳдати комил ва сулҳу суботи пойдор дар кишвари мо имкон медиҳад, ки наслҳои ояндасозу ободгари мо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия карда шаванд ва ҳамқадами ҷаҳони муосир бошанд.
Ба ин хотир соли ҷорӣ санаҳои муҳиму тақдирсози миллӣ — 20 — солагии Конститутсияи мамлакат, қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Суруди миллӣ ҷашн гирифта мешаванд.
Мо инчунин ба хотири ташвиқи осори ахлоқии яке аз абармардони бузург ва тарбиятгари камназир – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ соли 2014-ро соли Ҷомӣ эълон кардем.
Итминони комил дорам, ки ҷашнгирии санаҳои зикршуда воситаи муҳимтарини тақвиятбахши худшиносиву ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба аркони давлатдории миллати куҳанбунёдамон барои насли ҷавони мамлакат хоҳад гардид.
Шаҳри Ваҳдат бо вожаи зебое номгузорӣ шудааст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ифодагари фарҳанги асили сулҳдӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёгариву созандагӣ мебошад ва даҳҳо кӯчаву хиёбон ва боғу марказҳои фарҳангӣ бо ин вожаи зебову пурмуҳтаво, яъне Ваҳдат номгузорӣ шудаанд.
Ваҳдат мафҳумест, ки барои мардуми сарбаланди мо сулҳу суботи комил ва ризоияти миллиро таъмин намуда, рамзи воқеии фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати моро таҷассум менамояд.
Ман ин нуктаро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ташаккулёбии давлатдории миллиамон доим таъкид месозам, ки вазифа ва қарзи фарзандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвари соҳибистиқлоламон дар марҳалаи созандагӣ, пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати бебаҳо мебошад.
Илова бар ин, ҳар яки мо бояд дар кору пайкорамон ташаббускор, ваҳдатгарову ободгар, муаррифгари фарҳанги ғании аҷдодӣ ва тарғибгари дастовардҳои мардуми заҳматпешаву сарбаландамон бошем.
Ман ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти ватандории мардуми шарафманди шаҳри Ваҳдат эътимоди қавӣ дорам ва итминон дорам, ки онҳо бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи худ барои боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи диёрамон саъю талош менамоянд.
Ба ҳамаи шумо — сокинони меҳмондӯсту иззатманд ва бонангу номуси шаҳри зебои Ваҳдат барои истиқболи гарму самимӣ ва заҳматҳои шабонарӯзиатон бори дигар изҳори сипос карда, ба хонадони ҳар кадоми шумо файзу баракат ва ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони озоду маҳбубамон барори кор орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!