Шарикии бунёдкорона рушд меёбад

№107 (3253) 16.09.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2»

шаҳри Душанбе, 13 сентябри соли 2014

ТЭц

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин!

Дӯстони азиз!

Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони хитойии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.

Ин лоиҳа нишондиҳандаи сатҳи баланди шарикии бунёдкорона ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Хитой, аз ҷумла дар соҳаи энергетика мебошад. Мо аз он аҳамияти хоссае, ки Ҳукумати Хитой таҳти роҳбарии ҷаноби Раис ба масъалаҳои густариши ҳамкории ҳамаҷониба бо Тоҷикистони ҳамҷавор медиҳад, изҳори қадрдонӣ менамоем. Сухан аз ҳамкории ҳамаҷонибае меравад, ки дар ҷараёни густариши он Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимоду устувор муаррифӣ карда тавонист ва маҳз ҳамин омил аз бисёр ҷиҳат манфиатдории амиқи доираҳои соҳибкории Хитойро дар тавсеаи ҳузури худ дар бозори ояндадори Тоҷикистон ва роҳандозии шарикии миқёсан васеъ ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии ду кишвар муайян менамояд. Дар таърихи ин шарикиву ҳамкориҳо аллакай як силсила лоиҳаҳои муҳими муштарак амалӣ гардидаанд. Яке аз онҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» мебошад, ки иқтидори лоиҳавии навбати дуюми он ба сесад мегаватт баробар аст.

Мутобиқи нақша, навбати дуюм бояд баъди ду сол ба истифода супурда шавад. Шубҳае нест, ки ин кор дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба иҷро мерасад. Миқдори гармие, ки баъди фаъол гардидани навбати дуюми иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.

Мавриди зикри хос аст, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ ва экологӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо ҳамин роҳ ҳифзи боэътимоди муҳити зист аз партовҳои зарарнок ва ифлосшавӣ таъмин карда мешавад. Зиёда аз ин, хокистари ангиштсанг, ҳамчун партови истеҳсолӣ, бо иштироки ширкатҳои ватанӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ истифода мегардад.

Баъди пурра мавриди амал қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ садҳо нафар мутахассисоне, ки таҷрибаи пешрафтаи хитойиро дар бахши истеҳсолу идора аз худ кардаанд, соҳиби кор мешаванд.

Хулоса, сохтмону истифодаи Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» намунаи ҳамкории сатҳи муосиртарине мебошад, ки ба шарофати фаъолияти муваффақонаи Корпоратсияи соҳибноми хитойии «Тибиэй» имконпазир мегардад.

Дӯстони азиз!

Ҳалли мушкилоти вобаста ба камбуди доимии барқ дар мавсими сармои сол барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим аст, зеро ин омили калидиест, ки рушди устувори кишвари моро маҳдуд месозад. Ба иллати ин омил хисороти иқтисодии Тоҷикистон, тақрибан се фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад. Ин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими инфрасохтори энергетикии кишвар ҷойгоҳи махсус доранд.

Ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ яке аз се ҳадафи муҳимтарини Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки бо мадади дӯстони хитойии мо сурат мегирад, дар ин ҷода боз як иқдоми муҳиме хоҳад буд. Мехостам ба муҳандисон, бинокорон, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди сохтмону фаъолияти ин иншоот ширкат мекунанд, барори кор ва саломатӣ орзу намоям.

Бигзор робитаҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Хитой пояндаву бардавом бошанд!