14 октябри соли 2013
Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, аз ҷумла ятимону маъюбон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани ин самт Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз чораҳои заруриро андешида истодааст ва солҳои охир кӯмак ба ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба як амали хайр ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди солимфикру хайрхоҳи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта будам ва имрӯз низ таъкид месозам, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузоранд, ки ятимону ниёзмандон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд.
Бинобар ин, қариб дар ҳамаи суханрониҳои худ, инчунин зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мулоқот бо сокинон ба масъулин ва шахсони саховатманд таъкид месозам, ки дар баробари анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар айёми иду ҷашнҳои миллӣ аз аҳволи ятимону бепарасторон бохабар шуда, ба онҳо аз рӯйи имкону тавонашон кӯмак расонанд. Чунки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад. Гузаштагони соҳибфарҳанги мо дар осори пурғановати худ дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шуморидаанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар боре ки хабари сарпаноҳу сарпарасти ғамхор ёфтани ятимеро дар ин ё он гӯшаи диёрамон мешунавам, вуҷудамро як ҷаҳон хурсандӣ фаро мегирад, зеро фарзанд хондани ятим ва дар муҳити хонавода ба воя расонидани ӯ амали ниҳоят хайру савоб мебошад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ барои ғамхорӣ ба ятимон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Маҳз дар натиҷаи ҳамин саъю талошҳои пайваста солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷет барои таъминоти муассисаҳои таълиму тарбияи ятимон афзоиш ёфта истодааст. Танҳо соли ҷорӣ барои мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 16 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Ҳамчунин тибқи супоришҳои Роҳбари давлат муассисаву корхона ва тоҷирону соҳибкорони саховатпеша мактаб-интернатҳоро ба сарпарастӣ гирифта, ба онҳо мунтазам кӯмакҳои моддӣ мерасонанд.
Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар байни мардуми саховатманди мо, бахусус аз ҷониби занони олиҳиммат, дастгириву амалӣ гардидани ин иқдоми хайр бештар мушоҳида мешавад, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Ҳоло дар мамлакат 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 10 ҳазор кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибқи маълумот, ҳоло дар миқёси кишвар 3300 нафар ятимони кулл, яъне онҳое, ки на падар ва на модар доранд, ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар мактаб-интернатҳо ва як қисмашон таҳти сарпарастии пайвандон таълиму тарбия мегиранд.
Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаро 23 нафар, аз ҷумла 17 нафар ятимони кулл хатм намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ аз он дохил гардиданд. Инчунин имсол 124 нафар ятимони кулл ва кӯдакони аз падар ё модар маҳруммонда бо кӯмаку дастгирии ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба мактабҳои олии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд.
Умуман, бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим, инчунин кӯдакони маъюб оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили ройгон, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии онҳо аз ҷониби Ҳукумат то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд ва мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди зист сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон дар мактабу парваришгоҳҳо сол то сол беҳтар шуда, тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои кишвар бо дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд ва барои баланд бардоштани обруву эътибори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Маркази солимгардонии «Шоҳин», ки имрӯз мо дар он қарор дорем, аз қабили истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакони кишвар буда, дорои тамоми шароити муосири истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон мебошад.
Соли равон дар баробари толибилмони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, инчунин ятимону бепарасторон ва кӯдакони маъюбу ниёзманд аз шароиту имкониятҳои ин муассиса васеъ истифода намуданд. Бо дастури Президенти мамлакат теъдоди зиёди ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» ройгон ба фароғату табобат фаро гирифта шуданд. Таъсиси чунин муассисаҳои дорои имкониятҳои замонавӣ ва мактаб – интернату парваришгоҳҳо барои ятимону бепарасторон дар навбати худ ҳар яки шумо — фарзандони азизро вазифадор месозад, ки ҳамеша барои аз худ намудани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, инчунин риояи одобу ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ саъю талош варзед.
Инчунин зарур аст, ки омӯзгорону мураббиёни мактаб-интернатҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши шогирдон ва аз ҷониби онҳо аз худ гардидани касбу ҳунар ва ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар ин раванд ҳамчунин муҳим аст, ки ба масъалаи гиромидошти арзишу суннатҳои неки миллӣ ва шинохти мақоми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Акнун, ки бо гузашти ҳазор сол ба мо давлатдории миллӣ насиб гардидааст, аз ҳар яки шумо – наслҳои ояндасози Тоҷикистон тақозо мегардад, ки дар баробари ифтихор аз гузаштаи халқамон барои рушди илму ҳунари имрӯзу фардои тоҷикон ва таҳкими обруи давлату миллатамон кӯшиш намоед.
Бо истифода аз фурсат бори дигар аз шахсони саховатпеша ва тоҷирону соҳибкорон даъват менамоям, ки амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориву кӯмаки худро нисбат ба эҳтиёҷмандон на танҳо дар арафа ва рӯзҳои ҷашну идҳо, балки таври доимӣ ба роҳ монанд.
Шумо, фарзандони азиз, итминон дошта бошед, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ аз шумо кӯмаку дастгириашро дареғ намедорад, зеро ҳифзу ҳимоя ва сарпарастии шумо-фарзандони меҳрубон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат эълон шудааст ва чунин хоҳад монд.
Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои кишварамон чеҳраҳои намоёни илму маърифат ба воя расида, сафи парчамбардорони кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб меафзоянд!
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо — фарзандони азиз хониши аъло ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту саломат бошед!