Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, шаҳри Душанбе, 16 октябри соли 2017
Ҷаноби Олӣ Аҳмад Абулғайт, Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ! Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ташрифи шуморо ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу мекунам.
Се сол пеш дар Риёз нахустин Иҷлосияи Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он Эъломияи Риёз қабул карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ба имзо расида буд.
Санадҳои мазкур зербинои ҳамкориҳои моро тақвият бахшида, дурнамои густариши муносибатҳо, ҳадафҳо ва самтҳои шарикиро муайян месозанд. Мо таъсис ёфтани Форумро ба ҳайси воситаи муҳими ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳамияти хоса мешуморем.
Ҳамоиши навбатии Форуми навтаъсис имрӯз бори нахуст дар Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта бо номи Мовароуннаҳр машҳур буд, барпо мегардад.
Дар ин сарзамини бостонӣ таърихан равандҳои муҳиме шакл гирифтаанд, ки онҳо минбаъд ба пешрафти тамаддуни исломӣ ва густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва тиҷоратӣ байни минтақаҳои мухталиф мусоидат намудаанд.
Имрӯз фарҳангу тамаддуни исломиро бидуни зикри номҳои Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо тани дигар наметавон тасаввур кард. Ин фарзандони фарзонаи Мовароуннаҳр дар ғанисозии тамаддуни башарӣ ва пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Дар робита ба ин, изҳори умедворӣ менамоем, ки кори Форуми мо ба эҳёи он пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун мусоидат карда, барои пешрафти минтақаву кишварҳои мо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Меҳмонони гиромӣ!
Мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Пӯшида нест, ки пешбурди ҳама гуна иқдомоти созанда танҳо дар шароити субот ва амнияти пойдор имконпазир аст.
Зимнан, мо чунин мешуморем, ки амнияту суботи комил дар кишварҳои арабӣ омили калидии рушди ҳамаи давлатҳои исломӣ мебошад.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдори ҳалли мусолиматомезу одилонаи ҳамаи низоъҳо ва буҳронҳое мебошад, ки ҳоло дар кишварҳои алоҳидаи мусулмонӣ ҷараён доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳони араб робитаҳои ҳасанаи дуҷонибаву бисёрҷонибаро барқарор намуд ва мо аз сатҳу муҳтавои онҳо қаноатмандем.
Имрӯз ҳамкории мо бо кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушду тавсеа қарор дошта, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба бо онҳо пайваста такмил меёбад.
Байни кишварҳои мо муколамаи муназзами сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва мубодилаи сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ ва баланд мунтазам сурат мегирад.
Бо ин ҳама, зикр бояд кард, ки дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол ҳамкориҳои мо ба таври муносиб ба роҳ монда нашудаанд.
Имрӯз ҳиссаи кишварҳои арабӣ дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним фоизро ташкил медиҳад.
Ва ин дар ҳолест, ки мо кишварҳои арабиро ба ҳузури бештари иқтисодӣ, иштироки фаъолона дар сармоягузорӣ ва истифодаи муштараки захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон пайваста даъват ва ташвиқ мекунем.
Мушоҳида мешавад, ки аксари давлатҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо таваҷҷуҳи бештар ба давлатҳои ғарб доранд.
Дар баробари ин, давлатҳои мо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ доранд, ки метавон онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо давлатҳои арабӣ истифода намуд.
Ман ба ҳайси Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарият ва ҳайатҳои гуногуни кишварҳои арабӣ, чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, борҳо ин нуктаро таъкид кардаам.
Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои муассири рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ фароҳам сохтани фазои шаффофу мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад.
Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани чунин фазо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо ин мақсад, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.
Дар қонунгузории мо бо мақсади беҳбуд бахшидан ба шароити сармоягузорӣ зиёда аз 70 намуди имтиёз барои сармоягузорӣ ва 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андоз пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, баробарҳуқуқии сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии ҳуқуқи сармоягузорон, дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва ҳимояи қонунии манфиатҳои сармоягузорон аз ҷумлаи кафолатҳое мебошанд, ки дар қонунҳои кишвари мо муқаррар карда шудаанд.
Доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои арабӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои зикршуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамкории созандаро ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ намоянд.
Захираву сарватҳои бойи табиӣ ва табиати нодиру нотакрори Тоҷикистон барои сармоягузорони арабӣ манбаи даромади зиёд шуда метавонад.
Дӯстони гиромӣ!
Чанде пеш, бо мақсади фароҳам овардани заминаи боз ҳам мусоид барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари худ «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030»-ро қабул кардем, ки дар он ҳадафҳои умдаи мо муайян гардидаанд.
Ҳадафи саноатикунонии кишвар асоси ин санадро ташкил карда, афзалияти асосӣ дар он ба самаранокии фаъолияти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ ва гуногунсамт гардонидани соҳаҳои истеҳсолӣ дода мешавад.
Аз ин рӯ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои муосир барои истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ба кишвари транзитӣ табдил додани он ва таъмин намудани сатҳи баланди некуаҳволии сокинони мамлакат, ҳамчунин, тавсеаи имкониятҳои шуғли онҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои мо мебошанд.
Татбиқи лоиҳаҳои муҳиму ояндадори зербиноиву истеҳсолӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, саноат, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт метавонад заминаи ҳамкориҳои самарабахши мо бошад.
Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд.
Мо ният дорем, ки ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва минтақа истифода намоем. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Чанде пеш Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии 137 кишвари оламро дар асоси нишондиҳандаҳои мухталифи иқтисодӣ муайян намуд.
Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи арзёбии сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтори худ ҷойи 70-умро ишғол кард, ки барои минтақаи мо нишондиҳандаи хуб мебошад.
То имрӯз дар кишвари мо беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, мо ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳем ва ба бунёди «бандарҳои хушкӣ»(хабҳо) манфиатдорем.
Мақсади мо аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имкониятҳои транзитии минтақа бо роҳи ташаккул додани долонҳои нақлиётӣ ба самти бандарҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани терминалҳои наздисарҳадиву марказҳои логистикӣ мебошад.
То ба имрӯз ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабӣ, ба монанди бунёдҳои рушди Саудӣ, Кувайт, Абу Заби ва амсоли онҳо дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд.
Вале ин дар муқоиса бо ҳаҷми сармоягузории дигар давлатҳо ночиз аст.
Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва коркарди маъдан имкониятҳои хеле васеъ дорад.
Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудааст.
Мо ҳамаи навъҳои сангу металлҳои қиматбаҳо ва ашёи хомро дорем, ки истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судбахши иқтисодист.
Ҳиссаи бахши кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ, ҳамчунин, таъмин намудани соҳаҳои саноат бо ашёи хом, бузург аст.
Иқлими барои кишоварзӣ мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар як сол аз замин то чор ҳосили зироатҳои аз лиҳози экологӣ тоза рӯёнида шавад.
Ҳамзамон бо ин, аҳамияти Тоҷикистон дар сарвати асосии табиии он – оби тоза зоҳир мегардад ва кишвари мо аз рӯи захираҳои он дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пирях ва қариб 1000 дарё мавҷуд аст, ки онҳо манбаи ташаккули қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ин сарвати бебаҳо метавонад эҳтиёҷоти на танҳо кишварҳои минтақаи моро бо оби ошомиданӣ қонеъ гардонад, балки ҷиҳати таъмин намудани талаботи дигар кишварҳои эҳтиёҷманд, ки аз ин захираи табиӣ танқисӣ мекашанд, истифода шавад.
Бо дарназардошти ин омилҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, меваю сабзавот ва нахи пахта, ҳамчунин, ба роҳ мондани содироти оби нӯшокӣ аз лиҳози иқтисодӣ даромаднок ба шумор меравад.
Мо омодаем, ки дар самтҳои зикргардида бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳамкории созандаву судмандро ба роҳ монем.
Ҳамчунин, мо манфиатдорем, ки бо кишварҳои арабӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамкории густурда дошта бошем.
Тоҷикистон ба шарофати иқлими мусоид, табиати зебо, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, чашмаву обҳои шифобахш ва осори нодири таърихиву фарҳангии худ имкониятҳои фаровони саёҳатӣ дорад.
Дар ин замина, кишвари мо барои рушди сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои кофӣ дорад.
Дар Тоҷикистон барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ низ як қатор сабукиву имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, воридоти таҷҳизоту мавод барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар давоми панҷ соли аввали фаъолият аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Илова бар ин, мо низоми раводиди электрониро ҷорӣ карда, барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар тартиби содакардашудаи судури раводидро амалӣ намудем.
Соҳибкорону сармоягузорони арабӣ метавонанд дар доираи барномаҳои давлатии мо бар асоси манфиатҳои барои ҷонибҳо судманд дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва бахшҳои ояндадори он фаъолона иштирок намоянд.
Дар ин замина кушодани хатсайрҳои ҳавоии мустақим байни кишварҳои мо на танҳо ба табодули сайёҳон, балки ба густариши робитаҳои инсонӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Ҳозирини гиромӣ!
Муштаракоти таърихиву динии мардумони кишварҳои мо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд.
Зарур аст, ки мо аз ин муштаракот ба хотири рушди ҷомеаҳои худ, таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафти кишварҳоямон ба таври самарабахш истифода намоем.
Дар иртибот ба баргузории чандин мулоқоту машваратҳо ва суҳбату вохӯриҳо зарурати гузаштан ба корҳои амалиро махсус таъкид намуда, умедворем, ки ин раванд натиҷаҳои барои ҳамаи ҷонибҳо нек хоҳад бахшид.
Тоҷикистон дар раванди рушди ҳамкориҳо нақши муколамаи мунтазам, мубодилаи боздидҳо, ҳамкории сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳоро бо кишварҳои арабӣ дар чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ муҳим арзёбӣ мекунад.
Итминон дорам, ки вохӯрии имрӯза оғозбахши фикру андешаҳои ҷадид ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ҷодаи минбаъд ҳам густариш додани ҳамкориҳо ба нафъи мардумони кишварҳоямон хоҳад гардид.
Ба ҳамаи шумо дар кори Форуми имрӯза муваффақият мехоҳам.
Ташаккур.