Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

№ 27.04.2023

27-уми декабри соли 2023, ноҳияи Данғара

52850327349_c1ed8ab768_oҲозирини муҳтарам!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае сурат мегирад, ки дар кишвар ва бахусус, дар вилояти Хатлон киштукори баҳорӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ яъне меваю сабзавот босуръат идома дорад.

Дар баробари ин, ба ҳамаи шумо ва ҳамватанони азизи мо маълум аст, ки солҳои охир буҳронҳои сиёсӣ дар миқёси сайёра, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи интиқоли молҳо, эҳтимоли такрор шудани болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камобию хушксолиҳои пайиҳам, ки ҳоло дар минтақаҳои гуногуни олам мушоҳида мегардад, инсониятро ба мушкилоти зиёд ва ташвишу нигаронии ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд.

Махсусан, дар соли сипаришуда болоравии бесобиқаи сатҳи таваррум дар як қатор кишварҳо ва идома ёфтани ин раванд дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда ба вазъи амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон бетаъсир намемонад.

Тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.

Таъкид менамоям, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегарданд.

Дар чунин шароит танҳо бо саъю талоши ҳарчи бештари ҳар як шаҳрванди кишвар ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин мо метавонем ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат муваффақ гардем.

Барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мо ҳамаи имкониятҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Аз ҷумла вилояти Хатлон дар ҳавзаи ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ қарор дорад.

Махсус таъкид менамоям, ки дар вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар, қабл аз ҳама, аз лиҳози кишоварзӣ чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештаранд ва кишоварзони вилоят бояд дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоянд.

Ҳамчунин, вилояти Хатлон вобаста ба шароити мусоиди иқлими худ имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолиро дорад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар ин раванд, дар 15 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.

Масалан, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.

Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.

Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст.

Тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ин самт, роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон вазифадоранд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, бо тухмии хушсифат ва нуриҳои маъданӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тибқи маълумот дар вилояти Хатлон то 17-уми апрели соли ҷорӣ дар майдони 193 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазор гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 131 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 6 ҳазор гектар картошка ва 19,2 ҳазор гектарро сабзавот ташкил дода, дурнамои кишти баҳорӣ 92 фоиз таъмин гардидааст.

Ба ҳолати 17-уми апрели соли ҷорӣ ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои зиёди вилоят, ғайр аз ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Кӯшониён иҷро нагардидааст.

Соли гузашта пиёз дар яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи он – ноҳияи Ҷайҳун 1038 гектар кам кишт карда шуд, ки боиси камчинии маҳсулот ва болоравии нархи он дар бозорҳои вилоят ва мамлакат гардид.

Яъне аз ҳисоби танҳо дар як ноҳия пурра таъмин нашудани кишти пиёз истеҳсоли он зиёда аз 50 ҳазор тонна кам гардид.

Дар баробари ин, то 17-уми апрели соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дурнамо дар майдони 1900 гектар кишти картошка кам шудааст.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки доир ба бартараф кардани камбудиҳои зикршуда ва зиёд намудани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка чораҷӯӣ намоянд.

Дар кишвар 184 ҳазор гектар заминҳои корами наздиҳавлигию президентӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 105 ҳазор гектари онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигии корам 125 ҳазор гектар, аз он обӣ 71,7 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 59 ҳазор гектар, аз он обӣ 33 ҳазор гектар мебошад.

Агар дар ин заминҳои наздиҳавлигии корам иловатан 10 – сентнерӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардад, пас ҳаҷми истеҳсоли он ба 125 ҳазор тонна афзоиш меёбад.

Дар сурати истеҳсоли 20 – сентнерӣ ҳосил афзоиши ҳаҷми он дар миқёси кишвар 250 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, 82,6 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигию президентӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 55 ҳазор гектари онҳо замини обӣ мебошад.

Аз ҷумла замини наздиҳавлигии корам 56 ҳазор гектар, аз он обӣ 39 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 26,4 ҳазор гектар, аз он обӣ 16,6 ҳазор гектар.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, роҳбарону мутахассисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Боғу токпарварӣ яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузошта метавонад.

Вале қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи бунёди боғу токзорҳо ва барқарорсозии онҳоро ба ҳолати 1-уми апрели соли 2023 таъмин накардаанд, ки андешидани тадбирҳои фавриро талаб менамояд.

Таъкид менамоям, ки нақшаи бунёди токзорҳои нав дар вилоят ҳамагӣ 54 фоиз иҷро шудааст.

Дар мавсими тирамоҳу зимистон бо сабзавоту мева таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ ва бо ин мақсад бунёди сардхонаҳо бо технологияҳои муосир, махсусан, дар шароити ҳассоси имрӯза аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят 66 сардхона бо иқтидори умумии 24 ҳазор тонна мавриди истифода қарор дорад, ки ин нишондиҳанда барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ кофӣ нест.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар вилоят бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо бояд вусъат дода шавад.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳарчанд ки солҳои охир ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилояти Хатлон афзуда истодааст, аммо барои таъмини ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи мустақим то ба ҳол қонеъкунанда нест.

Соли 2022 ба вилоят ҳамагӣ 774 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар зиёд мебошад, вале бо дарназардошти талабот ҳанӯз кам аст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои гузоштаи Ҳукумати мамлакат 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 9,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Вале таъкид менамоям, ки дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд ва ҷиҳати бартараф кардани онҳо бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Масалан, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар лоиҳаҳои идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб (маблағи умумии лоиҳа 54 миллион сомонӣ, аз он 69 фоиз аз худ шудааст) ва ноҳияи Ёвон (маблағи умумии лоиҳа 44 миллион сомонӣ, аз он 96 фоиз аз худ шудааст) ва лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» (маблағи умумии лоиҳа 66 миллион сомонӣ, аз он 70 фоиз аз худ шудааст), ки аз соли 2017 татбиқ мегарданд, яъне дар зарфи зиёда аз 5 сол муҳлати татбиқи онҳо 3 – 4 маротиба тамдид гардида, маблағи лоиҳаҳо то ҳол пурра аз худ нашудааст.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки самаранок амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди сифатноки иншооти пешбинигардида, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро таҳти назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.

Инчунин, бо дарназардошти ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат бояд дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зеро амалӣ намудани ҳадафи саноатикунонии босуръат, ки дар доираи он мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон кардаем, бе вусъат додани ҷалби сармоя, инчунин, бе таъмин намудани соҳибкорони ватанӣ бо қарзҳои дарозмуддату арзони бонкӣ ғайриимкон мебошад.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 966 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248 миллион сомонӣ ё 35 фоиз зиёд мебошад.

Вале аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 44 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳаи саноат ҳамагӣ 4 фоиз рост меояд.

Нишондиҳандаҳои мазкур барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар оид ба саноатикунонии босуръат қонеъкунанда нестанд.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат чораҳои фаврӣ андешида, барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, барои минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва имтиёзу сабукиҳои пешниҳодгардида барои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи саноат дар се моҳи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд гардидааст.

Нишондиҳандаи зикргардида қонеъкунанда набуда, тақвияти корро дар ин самт тақозо менамояд, зеро тибқи талаботи ҳадафи саноатикунонӣ суръати рушди саноат бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии мамлакат аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 23,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳамагӣ 51 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда нокифоя мебошад.

Илова бар ин, дар се моҳи аввали соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Панҷ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз, Кӯшониён 31, Муъминобод 20 ва Ховалинг 13 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра аз 766 корхонаи саноатии вилоят 31 корхона умуман фаъолият накарда, дар 92 корхона суръати рушд таъмин нагардидааст.

Инчунин, аз 202 номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 51 номгӯй нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ба ҳол як қатор корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда пурра ё бо иқтидори кофӣ фаъолият надоранд ва аз тарафи соҳибмулкон доир ба масъалаи таҷдиду барқарорсозии технологии онҳо ягон чора андешида нашудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда чораҳои муассир андешад.

Ҳамчунин, ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро дар самти ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом, хусусан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва ҷалби соҳибкорон ба ин самт тақвият бахшанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди беҳтар гардидани вазъи корҳо вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар вилоят, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳоло ҳам зиёд мебошанд.

Сарфи назар аз он ки ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар афзоиш ёфтааст, вале бо дарназардошти супоришҳои қаблан додашуда оид ба пурра таъмин намудани талаботи хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ кор дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ба роҳ монда шудааст.

Сатҳи таъминнокӣ бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар вилоят соли 2022-юм 49,5 фоиз ва дар се моҳи аввали соли 2023 ҳамагӣ 1,5 фоизро ташкил кардааст, ки умуман қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки бо вуҷуди супоришҳои қатъӣ доир ба таъсиси корхонаҳои коркарди пӯст, то имрӯз дар вилоят, ба истиснои як корхона дар ноҳияи Данғара, ки соли 2022 ба истифода дода шуд, дигар ягон корхона дар ин самт таъсис дода нашудааст.

Вилояти Хатлон аз лиҳози чорводорӣ низ минтақаи калонтарини кишвар мебошад, вале ба масъалаи коркарду истифодаи пашму пӯсти чорво эътибори зарурӣ дода намешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пашму пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар намудҳои маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар се моҳи аввали соли 2023 аз вилояти Хатлон ҳамагӣ ба маблағи 172 миллион сомонӣ молу маҳсулот, аз ҷумла ба маблағи 7,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Дар баробари ин, дар ин давра ба вилоят ба маблағи садҳо миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Ҳол он ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираву имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.

Аз ҷумла, оид ба ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва ба ин васила ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, хусусан, ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани ҷавонон чораҷӯӣ намоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 65 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6,2 миллиард сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ҷудо гардидааст.

Ҳарчанд ки то имрӯз 5 ноҳияи вилоят аз рӯйхати ноҳияҳои субвенсионӣ бароварда шудааст, то ҳанӯз 15 шаҳру ноҳияҳои дигар ҳамчун ноҳияҳои субвенсионӣ боқӣ мондаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати дар солҳои минбаъда афзоиш додани сарчашмаҳои даромади дохилии буҷетҳои маҳаллӣ ва кам кардани ҳиссаи мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо вуҷуди дар се моҳи аввали соли 2023 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар вилоят, қисми хароҷоти буҷети он пурра таъмин нашудааст, ки аз ин ҳисоб ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят беш аз 31 миллион сомонӣ маблағ кам равона гардидааст.

Инчунин, қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят уҳдадориҳои андозии худро аз рӯйи баъзе намуди андозҳо, яъне сифатнокии иҷрои нақшаи андозро таъмин накардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 21 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ 165 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бояд бартараф карда шавад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи таҳлилҳо дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон беҳтар гардида истодааст.

Вале зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос тамоми имкониятҳо равона карда шаванд.

Гарчанде дар вилоят 1148 маркази инкишофи кӯдак ва 162 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, вале фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад, ки ба талабот ҷавобгӯй нест.

Ҳамзамон бо ин, дар вилояти Хатлон то ба ҳол 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар се баст фаъолият дорад, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳоло дар вилоят 131 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 93 бино ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Мушкилоти дигари соҳаи маорифи вилоят норасоии кадрҳо мебошад, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Дар вилоят иҷрои барномаҳои дар соҳаи маориф қабулшудаи давлатӣ низ дар сатҳи паст қарор дорад.

Таъкид месозам, ки соҳаи маориф минбаъд низ ҳамчун самти калидии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат боқӣ монда, барои рушди ин соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили марказҳои инкишофи кӯдак чораҳои зарурӣ андешанд.

Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, бояд сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои бозори меҳнат заруранд, ба роҳ монанд ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони вилоят, бахусус ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 1785 муассисаи тандурустӣ бо 4374 нафар табиб ва 20356 нафар корманди миёна, аз ҷумла 163 муассисаи хусусии тиббӣ бо 400 нафар табиб ва 384 корманди миёна ба сокинони шаҳру ноҳияҳо хизмат мерасонанд.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят ҳамагӣ 965 муассисаи тандурустӣ бо 2944 нафар табиб ва 11057 нафар корманди миёна фаъолият дошт.

Яъне дар 31 соли истиқлоли давлатӣ шумораи муассисаҳои тандурустии вилоят қариб 2 баробар зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят боз 9 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки соли 2022-юм ва 3 моҳи аввали соли 2023-юм 115 нафар табибон ва 634 нафар кормандони миёнаи тиб аз кор рафтаанд.

Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии вилоят 893 воҳиди кории табибон холӣ мебошад.

Оид ба ҳалли мушкилоти зикршуда супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, аммо вазъ ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст.

Соли 2022 аз вилояти Хатлон 803 нафар донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо ихтисоси табиб хатм кардаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ аз вилояти Хатлон беш аз 5500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд ва дар соли 2023-юм 700 нафари онҳо муассисаҳои мазкурро ҳатм менамоянд.

Илова бар ин, ҳолати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 беҳбудиро талаб мекунад.

Зеро то имрӯз 32 фоизи тадбирҳои дар он пешбинишуда, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дахл дорад, иҷро нагардидааст.

Камбудиҳои зикргардидаи соҳаи тандурустӣ дар вилоят, пеш аз ҳама, аз норасоии фаъолияти роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он гувоҳӣ медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта иброз намоям.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи содиршавии ҷиноят дар 3 моҳи аввали соли 2023 тамоюли пастравӣ дошта, 1606 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 ҷиноят ё 11,1 фоиз кам мебошад.

Дар баробари ин, содиршавии ҷиноятҳои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, хариду фурӯши одамон, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, тамаъҷӯӣ 100 – фоизӣ зиёд гардида, коҷоқи маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ беш аз 62 фоиз ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор қариб 22 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 32 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳолат кам мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баъзе муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифи вилоят ҳолатҳои суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ҷой дошта, дар ин самт 82 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии он дар давоми соли 2022 аз 267 ба 275 ҳолат зиёд шудааст ва дар давоми 3 моҳи аввали соли 2023 ин намуди ҷиноят аз 54 ба 63 ҳолат расидааст.

Мақомоти дахлдор дар соли 2022 ва семоҳаи аввали соли 2023-юм 519 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор ва 435 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 354 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва аз рӯи ин ҳолатҳо нисбат ба 350 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ то 1-уми марти соли 2023-юм 1905 нафар сокинони вилоят дар давлатҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки то имрӯз 1796 нафари онҳо ба ҷойҳои зисти доимии худ баргардонида шуда, ҳоло 109 нафар дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Сатҳи баланди ифротгароӣ ва шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Кӯшониён, Вахш ва Фархор рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кор вобаста ба амалишавии «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, Вахш, Хуросон, Ёвон, Данғара, Фархор ва Темурмалик суст ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он то ҳол аз байн нарафтаанд.

Дар ин самт тайи як солу се моҳи охир 7392 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 3977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст.

Барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабӣ ва ҷиноятҳои дорои хислати коррупсионии ба замин алоқаманд 603 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 7816 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгардида ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки содиршавии қонунвайронкуниҳои замин аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, ки худ мутасаддии пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканӣ мебошанд, то ба ҳол ҷой доранд.

Дар ҷараёни санҷишҳо дар вилояти Хатлон 65 ҳолати ғасби замини муассисаҳои таълимӣ дар масоҳати қариб 21 гектар (Қубодиён 8, Ҷайҳун 6, Кӯлоб 6, Восеъ 6, Абдураҳмони Ҷомӣ 5, Дӯстӣ 5, Шаҳритус 5, Панҷ 5, Темурмалик 5, Кӯшониён 4, Ёвон 2, Хуросон 2, Бохтар 2, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Норак, Ховалинг ва Фархор якҳолатӣ) ошкор гардидааст.

Дар аксарияти ҳолатҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо таъйиноти заминҳо барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ё иншооти хизматрасонӣ иваз карда шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи зикргардида, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро дар ин самт ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд ва доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар вилоят сохтмону барқарорсозии беш аз 1200 иншооту биноҳо ба анҷом расонида шудааст, ки 19,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Зимни сафари корӣ мо ду рӯз пеш дар шаҳри Левакант ба фаъолияти истеҳсолии марҳалаи якум корхонаи «Азот» бо иқтидори истеҳсоли 90 ҳазор тонна карбамид дар як сол оғоз бахшидем.

Инчунин, агрегати охирини неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба фаъолият оғоз кард.

Яъне неругоҳ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ, баъд аз таҷдиду азнавсозӣ пурра ба кор андохта шуд.

Дар натиҷаи корҳои азнавсозӣ, бо дарназардошти аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт расонида шудани иқтидори лоиҳавии неругоҳ ва барқарорсозии тавоноии коҳишёфтаи он, ки дар тӯли 61 соли фаъолият ба 165 мегаватт фаромада буд, иқтидори неругоҳ 110 мегаватт зиёд гардид.

Яъне баъд аз таҷдид ба неругоҳи барқи обии «Сарбанд» умри дубора бахшида, иқтидори он амалан 1,6 баробар баланд бардошта шуд.

Ҳамзамон бо ин, вазъи иҷрои корҳоро дар лоиҳаи «Таҷдиду азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар» ба дарозии 9,8 километр аз назар гузаронида, ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар қитъаи Бохтар – Данғараи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант – Данғара –Кӯлоб» барои азнавсозии 69 километр роҳ санги асос гузоштем.

Вале хотирнишон менамоям, ки вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят қонеъкунанда мебошад.

Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг ҳамагӣ 8 фоиз, Кӯлоб 10, Бохтар 10, Ҷайҳун 11, Балҷувон 11, Данғара 14, Муъминобод 14, Абдураҳмони Ҷомӣ 14, Ёвон 15 ва Вахш 15 фоизро ташкил медиҳад.

Раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вазифадоранд, ки иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар созанд.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, бо санъати баланди меъморӣ амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.

Дар ин росто, зарур аст, ки ба масъалаи таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини бехатарии мардум диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан, аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони болаёқат низ вазифаи бевоситаи шумо – роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои оид ба корҳои ҷавонон, занон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Такроран таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи бесуботи бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд ба мардум мунтазам хотиррасон намоем, ки сарфаю сариштакор бошанд, ба намоишкориву зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, имкониятҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандони хеш сарф намоянд.

Дар робита ба ин, боз як нуктаи дигарро хотирнишон менамоям.

Вақтҳои охир сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи умра дар байни сокинони баъзе минтақаҳои кишвар ба як маъракаи ҳатмӣ ва ҳатто ба мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст.

Баъзе ашхос се – чор бор ва ҳатто аз ин ҳам бештар ба ҳаҷ рафта истодаанд.

Ин коре, ки ҳамватанони мо анҷом дода истодаанд, ғайр аз таассуб ва тақлид номи дигар надорад.

Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, шахсоне, ки ба зиёрат мераванд ва ҳатто тифлону кӯдаконро низ ҳамроҳ мебаранд, фикр намекунанд, ки одобу русуми ҳаҷравӣ аз чӣ иборат аст, шароити манзили зист ва зиндагии аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонашон дар чӣ ҳол қарор дорад.

Фарзандон бояд ғизои хушсифат, сару либоси мувофиқ ва шароити хуби дарс хондану таълим гирифтан дошта бошанд, то ин ки ҷисман солим ба камол расанд, бесавод намонанд ва дар оянда ҳамчун кадри баландихтисос ба давлат ва падару модари худ хизмат кунанд.

Мо ин масъаларо борҳо таъкид кардаем ва ҳоло бори дигар хотиррасон месозем, ки савоб, пеш аз ҳама, дар хизмати падару модар, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо, ободии хонаву кошона, зиндагии осудаи аҳли оила, хешу табор, ҳамсояҳо, кумак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо ва аз рӯйи имкон саҳм гузоштан дар ободии Ватан мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки мардуми мо падарро беҳуда «қиблагоҳ» намегӯянд.

Такроран таъкид менамоям, ки ҳамватанонамон, қабл аз сафари ҳаҷ як лаҳза дар сари ин масъалаҳо ва вазъи ҷаҳони имрӯза андеша карда, маблағи бо заҳмати зиёд бадастовардаашонро барои таълиму тарбияи фарзандон, бартарафсозии камбудиҳои рӯзгор, беҳтар кардани шароити зиндагии худ, кумак ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо сарф намоянд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои мамлакатро зарур аст, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 чораҷӯӣ карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани такрорёбии камбудиву мушкилоти солҳои пеш рухдода тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешанд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ба корҳои ободониву созандагӣ сафарбар намудани мардум, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, истифодаи самараноку оқилона аз имконияту захираҳои фаровони вилоят, ҳалли саривақтии мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинони калонтарин вилояти кишвар вазифаи ҷониву бевоситаи ҳар яки шумо – роҳбарон ва масъулину фаъолон мебошад.

Ба ҳамаи шумо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!