Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз, 13 сентябри соли 2017

№110 (3747) 16.09.2017

36390786873_8da47090ca_oҲамдиёрони азиз!

 

Имрӯз мо ба диёри мардуми равшанзамир, шоирону ҳунармандони номдор, мутрибону ҳофизони соҳибмақому соҳибмактаб ва сокинони соҳибмаърифати ноҳияи Дарвоз омада, дар қадами аввал аз истиқболи самимӣ ва суннати хоси меҳмоннавозиатон хеле хушҳол гардидем.

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, ҳатто дар лаҳзаҳои душвор низ яке аз хислатҳои қадимаву писандидаи халқамон, яъне бо чеҳраи кушодаву меҳрубонии хоса истиқбол намудани меҳмонро пос медоранд.

Агар ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон назар афканем, баръало мушоҳида мекунем, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раванди ободониву пешрафт, аз ҷумла бунёду таҷдиди роҳу пулҳо, иншооти энергетикӣ, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ, рушди кишоварзиву саноат, истихроҷу коркарди маъдан ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин, сайёҳӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, дар ин асос сатҳи некуаҳволии сокинони он бамаротиб боло рафтааст.

Давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги роҳҳои қаламрави вилоят ҳамчун шоҳроҳи стратегӣ таҷдиду азнавсозии онҳоро маҳз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ кард ва ин равандро то имрӯз идома дода истодааст.

Бо итминон иброз медорам, ки агар корҳои роҳсозӣ дар қаламрави вилоят минбаъд низ бо ҳамин суръат пеш бурда шаванд, Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон солҳои наздиктарин ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад.

Чунонки ҳамаи шумо медонед, солҳои пеш бо сабаби мушкил будани ҳаракат дар роҳҳои ҳудуди вилоят захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки он хеле кам истифода мешуданд ва акнун, ки роҳҳо таҷдиду навсозӣ гардида, пулҳои пуриқтидор сохта, ба истифода супорида мешаванд, мо бояд ба масъалаи бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба истихроҷу коркарди маъдан бештар таваҷҷуҳ кунем ва тавассути роҳҳои дар сатҳи байналмилалӣ бунёдкардаамон маҳсулоти тайёрро ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расонида, ба кишварҳои хориҷӣ ҳар чӣ бештар содирот намоем.

Дар баробари ин, рушди минбаъдаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавии нақлиётиву коммуникатсионӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман, дар қаламрави мамлакатамон, имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза ва давлати транзитӣ мубаддал гардад.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётии қаламрави вилоятро вусъат дода, ба ин васила, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дӯстони азиз!

Дарвоз ба номи зебои худ муносиб буда, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба дарвозае табдил ёфтааст, ки тамоми қисматҳои кишварро ба ҳам пайваста, инчунин, тавассути ҳудуди он равобити гуногунҷабҳаи кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистони азизи мо торафт густариш меёбад.

Дар гузаштаи на чандон дур масири роҳ ба ноҳия қариб касногузар буд ва маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардум ин мушкилӣ бартараф ва роҳ ба сӯи ноҳия ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонида шуд.

Бунёду таҷдиди роҳҳои қаламрави кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти Давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб гардида, солҳои охир бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мамлакат навсозӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни ин раванди созанда имрӯз мо дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шоҳиди ба истифода супорида шудани қитъаи шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон ва гузоштани санги асоси қитъаи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин гардидем ва чанд лаҳза пештар корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи Шкев – Қалъаихумбро оғоз кардем, ки барои пурра муваффақ шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон қадами устувор хоҳад гардид.

Маблағе, ки барои бунёду азнавсозии ду қитъаи нав ба масофаи 58 километр пешбинӣ шудааст, беш аз як миллиард сомониро ташкил дода, дар ояндаи наз­дик бо ҷалби сармояи хориҷӣ қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ ба дарозии 92 километр ва бо арзиши қариб 2 миллиард сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ карда мешавад.

Бунёди роҳҳои мошингард дар шароити кӯҳсори мо ниҳоят душвор буда, сарфи маблағҳои зиёдро талаб менамояд. Хусусан, беш аз 60 фоизи роҳҳои қаламрави ноҳияи Дарвоз, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд, аз канори қаторкӯҳҳои мушкилгузар ва соҳилҳои пурпечутоби дарёи Панҷ мегузаранд.

Соли ҷорӣ ҳангоми фаромадани сел аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, ба манзилҳои зисти сокинони деҳоти «Хос­тав»- у «Ширговад» ва инфрасохтори роҳ хисороти калон расида, 1200 метри роҳи байналмилалӣ зери об монд. Дар натиҷа, 15 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, 6 хона қисман зарар дид ва ҳаракати воситаҳои нақлиёту рафтуомади сокинон барои чанд рӯз маҳдуд шуд.

Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар оқибати офати табиӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бартараф гардид. Имрӯз 21 оилае, ки манзили зисташон хароб шуда буд, дар мавзеи Яхчисор бо хонаҳои навбунёд таъмин гардиданд ва ҳаракати мунтазами нақлиёт низ ба роҳ монда шуд.

Вобаста ба шароити душвори кӯҳис­тон ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвоз Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки дар се соли оянда маблағгузориро дар ин самт аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 20 фоиз зиёд намояд.

Дар иртибот ба ин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвозро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои ба нақша гирифташуда ва таъмин намудани бехатарии роҳҳо, инчунин, самаранок истифода кардани роҳҳои нав ва сохтмони иншооти зиддитармавию садамавӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва татбиқ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо ташаббуси мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз корҳои созандагиву ободкорӣ сол аз сол тавсеа ёфта, танҳо дар ду соли охир 8 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи зиёда аз чоруним миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ дар ду соли охир ду маротиба афзуда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин афзоиш асосан аз ҳисоби соҳаи истихроҷи тилло ба амал омадааст.

Соли гузашта дар деҳоти зебоманзари «Сағирдашт» аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст варзишгоҳи муосир ва корхонаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки имрӯз танҳо дар корхонаи дӯзандагӣ 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ, ки қаблан аксарияти онҳо хонашин буданд, ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Иқдому ҳиммати ободкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ, бешубҳа, қобили таҳсин мебошад, зеро корхонаи дӯзандагӣ ва варзишгоҳ ба таври ройгон ба тавозуни деҳоти «Сағирдашт» супорида шудаанд.

Илова бар ин, тӯли чанд сол аст, ки дар бинои навбунёди Кохи бонувони ноҳия шумораи зиёди занҳо, бахусус, ҷавондухтарон, ба дӯхти либосҳои миллӣ ва мактабиву корӣ машғул мебошанд.

Ҳоло занону бонувони дигар ноҳияҳои вилоят имконият доранд, ки ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар бо ин марказ ҳамкорӣ намоянд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки то ҳол бинобар бетафовутии масъулон баъзе корҳои дар соҳаи маориф ба нақша гирифташуда, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, биноҳои иловагии таълимӣ дар мактабҳои деҳоти «Паткуноб» ва «Камчак» ба муддатҳои тӯлонӣ ба таъхир гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои риёзӣ, химия, информатика, физика ва забони англисӣ ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъминоти онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Табиати дилфиреби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, ки аз намудҳои зиёди набототу ҳайвонот, гиёҳҳои шифобахшу дарахтони нодир хеле бой мебошад, метавонад дар оянда ҳамчун яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кӯҳнавардӣ хизмат намояд. Зеро сайёҳӣ дар тамоми дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ, аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд ба воситаи ноҳияи Дарвоз вориди вилояти Бадахшон гардида, аз мавзеъҳои нотакрору афсонавӣ, боду ҳавои форам, расму оин ва ҳунарҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ — кӯли Сарез, Гармчашма, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибифотимаи Заҳро, Боғи ботаникии Помир, қаторкӯҳу пиряхҳои ҳудуди вилоят, инчунин, шаҳри қадимаи Карон, истироҳатгоҳи Чорчаман, дараҳои зебоманзари Хост, Гушун, Висхарв ва умуман, табиати ин гӯшаи зебои ватанамон, яъне ноҳияи Дарвоз баҳраманд шаванд.

Бовар дорам, ки баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ шумораи меҳмонони хориҷӣ ба ин мавзеи зебоманзари диёрамон бештар хоҳад гардид. Дар ин самт дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, инчунин, соҳибкорони ватанӣ низ бояд кӯшиш намоянд.

 Дӯстони азиз!

Айни замон ҷиҳати пешрафти ноҳия ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015 — 2019» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 217 лоиҳа ба маблағи 197 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад.

Танҳо дар ду соли охир аз Буҷети давлатӣ барои таъмин намудани фаъолияти бомароми соҳаҳои гуногуни ноҳия қариб 70 миллион сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда боз зиёда аз 85 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Кишоварзони ноҳия дар соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро хеле зиёд намудаанд. Аммо, гарчанде тибқи нақша азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар ноҳия ба масоҳати зиёда аз 100 гектар пешбинӣ шудааст, вале дар ду соли охир майдони кишт 325 гектар кам шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Умуман, дар замони истиқлолият заминҳои корами обии ноҳия қариб 400 гектар кам шудаанд, ки чунин ҳолат барои минтақаи камзамини кишвар ташвишовар мебошад.

Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳия супориш дода мешавад, ки вазъи заминҳои ноҳия ва истифодабарии онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати марҳала ба марҳала аз худ кардани заминҳои нав чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ҳамаи мо ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори омма доир ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон хабардор мешавем.

Дар натиҷаи аъмоли нангини чунин ҳаракату гурӯҳҳо зиндагии осоиштаи мардуми як қатор давлатҳо халалдор гардида, ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд, шаҳру деҳоти обод ба харобазор табдил ёфта, миллионҳо нафар одамон ба тарки ватан маҷбур мегарданд.

Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Дарвоз, таъкид менамоям, ки дар кору зиндагӣ ҳамеша бо насиҳату маслиҳати падарону модарон ва зиёиёну устодони худ амал кунед, ватандӯсту ватанпараст бошед ва бо шукронаи сулҳу суботи комили кишвар барои анҷом додани иқдому ташаббусҳои созанда, ободии диёри худ ва Ватани маҳбубамон саъю талош намоед.

Меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, мамлакатамон боз ҳам обод, давлатамон тараққикарда ва мушкилоти зиндагии халқамон дар ояндаи наздик бартараф мегардад.

Бори дигар ба ҳамаи шумо, сокинони бонангу номус ва иззатманди ноҳияи Дарвоз, барои пазироии самимӣ миннатдорӣ иброз намуда, ҳар кадоматонро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллии 26 — солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям ва бароятон хонаи ободу рӯзгори ором ва сиҳатмандиву барори кор орзу менамоям.

Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!