Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг

№120-121 (4226-4227) 29.09.2020

50384980902_24b2618ec7_o

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, ба ҳамаи сокинони ҳимматбаланди ноҳияи Ховалинг барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи заҳмати созанда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кор орзу менамоям.

Таассуроте, ки мо имрӯз аз ҷараёни корҳои созандагиву ободкорӣ, фаъолияти коргоҳу хоҷагиҳо ва намоишгоҳи кишоварзони ноҳия бардоштем, нишон медиҳад, ки заҳматкашони ноҳия барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона саъю талош карда истодаанд.

Ҳамчунин, бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳия ба туфайли озодиву соҳибихтиёрии давлати худ дар ҷодаи обод намудани сарзамини аҷдодии хеш бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ноҳия тайи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинони ноҳия эътибори махсус зоҳир карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Дар ин раванд, дастгириҳои молиявии Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Ховалинг сол ба сол зиёд гардида, ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти таъиноти гуногун лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва як силсила барномаҳо амалӣ шуда истодаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз 304 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 97 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 56 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз шаш лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда 206 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Маблағҳои зикршуда барои бунёду азнавсозии иншооти гуногун, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, беҳсозии низоми интиқоли барқ, рушди чорводорӣ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кумак ба оилаҳои осебпазир дар мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ равона гардидаанд.

Дар ноҳияи Ховалинг барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 330 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонӣ ба итмом расида, 15 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва ба масофаи 4 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, бунёди шаш муассисаи таълимӣ барои 2300 нафар хонанда, 12 синфхонаи иловагӣ бо 240 ҷойи нишаст, панҷ маркази саломатӣ, панҷ меҳмонхона, 18 маркази хизматрасониву савдо, ду беморхонаи дорои 170 кат, боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти замонавӣ бо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, амфитеатр бо 1000 ҷойи нишаст, ду бинои маъмурии ҷамоати деҳот, чор коргоҳи дӯзандагӣ, се коргоҳи хиштбарорӣ, даҳ варзишгоҳи хурд, толори варзиш ва майдончаи бозии кӯдакон, якчанд таваллудхонаву дорухона, китобхонаву ошхона ва дигар биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова ба ин, фурудгоҳи ноҳия таъмир гардида, дар маҳалҳои аҳолинишин ба масофаи 6 километр хатти барқ ва 11 километр хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуда, 21 километр кӯчаву хиёбонҳо чароғон ва 500 гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда шудааст.

Бар замми корҳои зикршуда, ҳамчунин, 116 хонаи истиқоматӣ ва даҳҳо иншооту биноҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, мактаби мусиқӣ, 13 километр роҳҳои мошингард ва ҳашт пул, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ, варзишгоҳи марказӣ ва иншооти дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ иҷрои корҳои бунёду барқарорсозии иншооти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳаҷми беш аз 13 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи нақша, танҳо аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ иҷрои корҳои сохтмону ободонӣ ба маблағи 88 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ба маблағи зиёда аз 53 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба истиқболи санаи мубораки сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Ҳамаи ин иқдомот барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия ва деҳоти он, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг вазифадоранд, ки ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатманду ватандӯстро доир ба амалӣ намудани амалҳои созандаву ободонии ин диёри биҳиштосо ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои боз ҳам зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2020-2025» тат­биқи 135 лоиҳа ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, беҳгардонии хизматрасонии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия равона гардидаанд.

Барои амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои барнома ба роҳбарони вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорон тақвият бахшанд ва татбиқи чорабиниҳои пешбинишударо таъмин намоянд.

Тибқи маълумот, дар ноҳия 325 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда гарчанде нисбат ба соли гузашта зиёд гардидааст, вале чунин вазъ бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ конеъкунанда нест.

Яке аз самтҳои муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат мебошад ва дар ин ҷода зарур аст, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Хотирнишон месозам, ки барои пешрафти ноҳия захираву имкониятҳои истифоданашуда, махсусан, дар самти таъмин намудани рушди устувори соҳибкории хурду миёнаи ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир нигаронидашуда хеле зиёд мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт моҳи соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 64 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти картошка 230 гектар зиёд ва ба 2000 гектар расонида, сабзавот 34 гектар зиёд шудааст. Дар ин давра истеҳсоли гӯшту шир, тухм ва дигар намудҳои маҳсулот нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.  Ҳамчунин, 140 гектар боғҳои нав, аз ҷумла 16 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидаанд.

Дар ин росто зикр бояд кард, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои ривоҷ додани боғдорӣ хеле мусоид мебошад. Инчунин, барои бунёди гармхонаву сардхонаҳо имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки дар ноҳия истифодаи самараноки замин, бунёд намудани боғҳои интенсивӣ ва ташкили гармхонаву сардхонаҳоро таъмин намоянд.

Дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли асал дар ноҳия ба 32 тонна расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, вале ин нишондиҳандаи ҳоло нокифоя буда, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз зиёданд ва зарур аст, ки истифодаи ҳар чӣ бештари онҳо таъмин карда шавад. Зеро дар шароити ноҳияи Ховалинг занбӯриасалпарварӣ яке аз роҳҳои муассири таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинони маҳаллӣ мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои ноҳия 128 миллион сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро ба ин самт тақвият бахшида, барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

50384103898_66e52bf472_bДар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 227 километр роҳҳои истифодаи умум, аз ҷумла 111 километр роҳҳои мошингарди ҷумҳуриявӣ вуҷуд дошта, то имрӯз бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои таҷдиди онҳо ва беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиётӣ як силсила корҳо амалӣ карда шудаанд.

Аммо дар ин самт то ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд ва роҳбарони сохтору мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ки доир ба рафъи онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Гарчанде барои таъмиру таҷдиди роҳҳои ҳудуди ноҳия маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд, вале 208 километр роҳҳои дохилӣ таъмирталаб мебошанд. Имрӯз роҳи Данғара — Кангурт — Балҷувон — Ховалинг ба масофаи 48 километр бо се пули мошингард тибқи меъёрҳои муосир пурра азнавсозӣ ва ифтитоҳ гардид.

Ин қитъаи роҳ имконият медиҳад, ки сафари мардум ба шаҳри Душанбе як соат кӯтоҳ гардида, интиқоли молу маҳсулот бо хароҷоти камтар анҷом дода шавад.

Дар доираи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Восеъ-Ховалинг», ки 48 километри он дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст, корҳои таҷдиду барқарорсозӣ бо сохт­мони се пули нав ба дарозии 139 метр ва таъмири 15 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 252 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия бо сабаби беҳтар гардидани вазъи роҳҳо садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳол он ки солҳои пеш ҳар сол 10-15 садамаи нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин ва ҳатто марги одамон рух медод.

Ҳамдиёрони азиз!

Ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад, зеро дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳар чӣ бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.Таъкид месозам, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

Вобаста ба ин, Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои ташвиқу тарғиби имкониятҳои соҳа дар ноҳия ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 44 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 7700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар се соли охир шаш муассисаи нави таълимӣ бо 2300 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳоло бунёди панҷ муассисаи таълимии муосир идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, сохтмону азнавсозии панҷ муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, 15 муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд, бинои шуъбаи маориф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло корҳои сохтмону васлгарӣ дар биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 27 аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент идома доранд.

Аз соли 2018 то ба имрӯз шахсони ҳимматбаланди ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ биноҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода додаанд, ки албатта, боиси таҳсин мебошад.

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор камбудиву мушкилот низ ба назар мерасанд, ки бартарафсозии онҳо вазифаи масъулон ва роҳбарони ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия низ бо сабаби норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа дар самти хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳия баъзе мушкилиҳо ба мушоҳида мерасанд.

Аз ин рӯ, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати бо омӯзгорону табибони ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои таълимиву тандурустии ноҳия ва бартараф намудани дигар мушкилоти мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар вазифаи аввалиндараҷаи масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалби мардум ба амалҳои созандаву ободгарона, ҳимояву таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол, пеш аз ҳама, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мебошад.

Ҳар яки мо имрӯз ва дар оянда низ барои сарнавишти давлатдории миллии ҳуқуқбунёду дунявии худ, инчунин, ба хотири таҳким бахшидани мақому обрӯ ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ масъул ҳастем ва бояд фаромӯш насозем, ки ҷаҳониён халқи моро ҳамчун меросбарони тамаддун ва афкору андешаҳои шахсиятҳои маъруфи гузаштаамон эътироф кардаанд.

Инчунин, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифтани санаи фархундаи сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон минбаъд низ саъю талоши бештар кунем ва ба фарзандонамон як давлати пешрафтаву мулки ободро ба мерос гузорем.

Бо дарназардошти вазъи печидаву пуртазоди ҷаҳон, мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем. Суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, оину анъанаҳои халқамонро гиромӣ дорем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушди кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд. Ҳоло вақти ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла, меваю сабзавот, полезиҳо ва дигар намудҳои зироат мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ доир ба захираи маҳсулот, содироти он, инчунин, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои созанда сафарбар созанд.

Барои амалӣ гардидани ниятҳои нек ва ҳадафҳои созанда ба кулли сокинони сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Ховалинг барору муваффақият, иқболи нек ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!