Тошканд, 17 августи соли 2018
Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Миромонович — Ӯзбекистон Республикасининг Президенти! Дӯстони азиз!
Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хоса изҳор намоям.
Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам.
Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Шавкат Миромоновичи гиромӣ!
Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем.
Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад.
Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мост, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.
Яъне, халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд.
Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд.
Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику ӯзбек мебошанд.
Ниёкони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд.
Ин мероси ниёкони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем.
Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошанд.
Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навойӣ қарор доранд.
Роҳи ҳаётии ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо инъикос ёфтааст, намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад.
Мир Алишери Навойӣ мақому мартабаи ахлоқиву маънавӣ ва инсонии устодаш — Абдураҳмони Ҷомиро чунин ба қалам додааст:
Ул сафо аҳли пок фарҷоми,
Покфарҷому покфар Ҷомӣ.
Ул яқин сори дастгир манга,
Қиблаву устоду пир манга.
Имрӯз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстонашон ва саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар чунин шароит мо бояд ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягиамон дучанд саъю талош намоем.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳанг бояд фаъол бошанд.
Мо аз ҷониби худ чунин робитаҳои неки байни мардумонамонро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард.
Дар ин робита, ҳамчунин, мехостам аҳамияти ҳамаҷониба густариш додани робитаҳои ду кишварро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намоям.
Мо бояд ба шиносоии фарохтари халқҳоямон бо осори таърихиву фарҳангии ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат кунем.
Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкиму густариш пайдо кардани муносибатҳои дӯстии байни кишварҳо маҳсуб меёбанд ва мо азми қотеъ дорем, ки онҳоро минбаъд низ густариш диҳем.
Моро зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ба ҳам монанди иқтисодиёти кишварҳоямон, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои боз ҳам беҳтар дар миёни сохторҳои хоҷагидориамон, иқдомҳои муассир анҷом диҳем.
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Бар асари татбиқи қарори аз лиҳози стратегӣ дурусти Шумо ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт симои Ӯзбекистони бародар рӯз ба рӯз дигаргун мегардад.
Вақтҳои охир Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин, оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои минтақа як силсила иқдомҳоро анҷом дод.
Дигаргуниҳои бунёдие, ки дар ин самт ба вуҷуд омадаанд, фазои куллан навро барои ҳамгироии созандаи минтақавӣ фароҳам меоранд.
Тоҷикистон чун ҷонибдори муътақиди густариши робитаҳои созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дурандешонаи Шуморо дар ин ҷода, ки аз аввалин рӯзҳои ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвари дӯсти Ӯзбекистон пеш гирифтаед, ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
Дар фарҷоми сухани худ бори дигар ба Шумо, Шавкат Миромоновичи гиромӣ, барои фароҳам сохтани фазои олии бародарона дар кишвари биҳиштосои Ӯзбекистон сипосгузории амиқ баён мекунам ва паёми муҳаббати гарми мардуми тоҷикро ба халқи дӯсту бародари ӯзбек арз менамоям.
Бовар дорам, ки ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ пайваста густариш хоҳанд ёфт.
Мо имкониятҳои таърихӣ ва захираҳои истифоданашударо бо азму иродаи ду ҷониб ба самар хоҳем расонид.
Робитаҳои давлатҳои мо, ки акнун ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд, барои мардумони кишварҳоямон рӯзгори босаодатро ба армуғон хоҳанд овард. Ман ба ин итминони комил дорам.
Қадамҳои хубе, ки дар ин соли таърихӣ дар роҳи таҳкиму густариши муносиботи ду кишвар гузошта шуданд, оғози корҳои бузурги оянда мебошанд.
Мо дар оянда низ дар роҳи густариши фазои дӯстии абадӣ ва самимияту ҳамдигарфаҳмии халқҳоямон бо ҳам қадамҳои устувор гузошта, ободиву пешрафт ва сулҳу суботи кишварҳоямонро таъмин мекунем. Ин рисолати таърихии мо мебошад.
Ба ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми бародари Ӯзбекистон оромиву амонӣ, некуаҳволиву саодат ва пешрафти рӯзафзун орзу мекунам.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти таърихиатон барору комёбиҳои бузург орзумандам.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халқларининг биродарлик ришталари мустаҳкам ва абадий бӯлсин!
Пояндаву безавол бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!