Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон , 13 майи соли 2017

№53 (3690) 16.05.2017

33781950564_f60fa718ac_oҲамватанони азиз! Ҳозирини арҷманд!

Дирӯз ва имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят — ноҳияи Данғара бо вазъи зиндагии сокинон, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои додашуда шинос шуда, тасмим гирифтем, ки бо шумо — роҳбарону фаъолони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа мулоқот доир намоем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон, аз ҷумла мардуми ноҳияи Данғара бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна Ҳукумати мамлакат тараққиёти бомароми иқтисоди миллиро таъмин карда, татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро оғоз намуд ва бо қабули нақшаҳои афзалиятноки «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020» иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро таъмин гардонида истодааст. Зеро таъмин кардани рушди иқтисодии кишвар ва ба ин восита ҳал намудани масъалаҳои ­иҷтимоии аҳолии мамлакат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва муҳимтарин мебошад.

Вобаста ба ин афзалиятҳо дар вилояти Хатлон низ нақшаҳои миёнамуҳлат муайян шуда, бомаром амалӣ гардида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат то ба имрӯз дар вилоят хеле иқдому ташаббусҳои неки созандагӣ амалӣ гардида, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмин ва дар самти иҷтимоиёт низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Вилояти Хатлон аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ, майдони заминҳои кишт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, нақши он дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бузург мебошад.

Масалан, танҳо соли 2016 ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат 53 фоиз, аз ҷумла пахта 68 фоиз, сабзавоту полезӣ 66 фоиз, ғалладонагӣ 60 фоиз, чорво ва паранда 54 фоизро ташкил медиҳад.

Дар замони то истиқлолият низ дар ҳудуди имрӯзаи вилоят қариб 45 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ ва 20 фоизи маҳсулоти саноатии мамлакат истеҳсол мегардид.

Саноати сабук 56 фоиз ва хӯрока 16 фоизи ҳиссаи истеҳсолоти саноатии вилоятро ташкил мекард.

Илова бар ин, дар вилоят корхонаҳои азими саноатӣ, хоҷагиву комплексҳои калони чорводорӣ фаъолият мекарданд ва минтақа истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти чорво маҳсуб меёфт.

Вобаста ба хусусиятҳои хоси иқтисодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо истифода аз захираву имкониятҳо доир ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ бояд тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин, таъмин намудани сатҳи баланди ҳосилнокии зироатҳо ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми содироти он ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он захираву иқтидорҳои мавҷуда ва имкониятҳои воқеии рушди соҳаҳо пурра ба инобат гирифта шаванд.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, вакилони халқ ва мутахассисону масъулон бояд барномаҳоро вобаста ба захираву имкониятҳои иқтисодии мавҷудаи воқеӣ мунтазам таҷдиди назар карда, ба тараққиёти соҳаҳои афзалиятнок диққати махсус зоҳир намоянд.

Дар барномаҳои зикршудаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2016-2020 татбиқи қариб 4000 лоиҳа ба маблағи беш аз 11,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки ­таъмини иҷрои барномаҳои мазкур на танҳо маблағҳои Буҷети давлатӣ, балки масъулияти баланди роҳбарону мутахассисон ва қобилияти ташкилотчигии онҳо, инчунин, ҳавасмандгардонии сармоягузории хусусиро тақозо мекунад.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам чораҷӯӣ карда, ба ҳалли мушкилоти инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёнаву бузург, сохтмон ва тармиму таҷдиди роҳҳои мошингарду роҳи оҳан ва дигар корҳои созанда барои тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят нақши бузург дорад.

Бояд гуфт, ки танҳо соли 2016 ба вилоят 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки 38 фоизи ҳиссаи умумиҷумҳуриявиро ташкил медиҳад.

Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ҳанӯз хеле кам аст. Соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон 5,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Илова бар ин, дар се соли оянда, яъне то соли 2020 барои рушди вилоят як силсила лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 6,4 миллиард сомонӣ амалӣ мегарданд.

Лоиҳаҳои таҷдиду тармими роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа, Шамсиддин Шоҳин — Шоҳон, барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Сарбанд», таҷдиди низоми обтаъминкунии ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, марҳалаи сеюми обёрии заминҳои водии Данғара ва дигар лоиҳаҳои муҳим аз қабили онҳо мебошанд.

Дар давоми се соли оянда дар доираи барномаи сармоягузории давлатӣ татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин — 432 миллион, Қӯрғонтеппа-Данғара — 510 миллион, Гулистон-Кӯлоб — 204 миллион сомонӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» ба нақша гирифта шудааст.

Ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб барои тараққиёти иқтисодии вилоят ва боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва осону арзон гардидани боркашонӣ аз марказ ба вилояти Хатлон нақши муҳим мебозад. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 гардиши бор тавассути роҳи оҳан дар вилоят 24 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соли сипаришуда дар ноҳияи Ёвон се корхонаи азими истеҳсолӣ ва дар ноҳияи Данғара як маҷмааи калони нассоҷӣ ба истифода супорида шуд ва айни замон таваҷҷуҳи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ба масъалаи бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди вилоят зиёд гардида истодааст. Корхонаҳои саноатии зикршуда ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мусоидат намуданд. Дар маҷмӯъ, соли 2016 дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 ҳазор ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.

Ҳоло бо ҷалби зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ лоиҳаи таҷдиди Корхонаи нуриҳои азотии шаҳри Сарбанд барои истеҳсоли аммиак ва карбамид амалӣ шуда истодааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он дар моҳи марти соли 2018-ум 120 ҳазор тонна аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда мешавад.

Дар марҳалаи дуюм иқтидори корхона дуюним баробар зиёд гардида, зиёда аз 1500 ҷойи нави кории доимӣ таъсис дода мешавад ва бозори дохилӣ бо нуриҳои минералии арзон таъмин мегардад.

Соли 2016 барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат зиёда аз 150 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки арзиши як тоннаи он ба ҳисоби миёна 1900-2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ояндаи наздиктарин тавассути ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ на танҳо эҳтиёҷоти кишоварзони мамлакат пурра қонеъ мегардад, балки маҳсулоти нисбатан арзон ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Қобили зикр аст, ки баъди ба кор андохтани корхонаҳои азими саноатӣ иқтидори истеҳсолии вилоят мунтазам зиёд шуда истодааст.

Соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 суръати рушди саноати коркард 12 фоизро ташкил карда, соли 2016 содироти молҳо нисбат ба соли 2015 10 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки соли 2016 аз шумораи умумии корхонаҳои саноатии вилоят 195 корхона фаъолият накардааст ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ шумораи чунин корхонаҳо ба 258 расидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Шумораи бештари корхонаҳои саноатии дар ин давра аз фаъолият бозмонда ба шаҳри Кӯлоб (25 корхона), ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (28), Ёвон (18), Данғара (17) ва Восеъ (17 корхона) рост меояд. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» низ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Соли 2016 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки ҳамагӣ 0,5 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи якуми соли 2017 ин рақам ҳамагӣ 0,3 фоизро ташкил кардааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» суръати корҳои сохтмон ниҳоят суст мебошад ва бояд гуфт, ки инфрасохтори ҳар ду минтақа то ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ гардонида нашудааст.

Камбудиҳои зикршуда дар самти рушди истеҳсолоти саноатӣ андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамоянд. Зеро тибқи нақшаи стратегии давлат дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода мешавад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки фаъолияти худро бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ ҷоннок намуда, тамоми имконоти мавҷуда ва захираҳоро ба ин самт равона созанд.

Барои тақвият додани неруи саноатӣ ба масъулини соҳа зарур аст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ бунёди иқтидорҳои навро ба роҳ монда, ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, алалхусус, дар самти саноати сабук ва хӯрокворӣ чораҷӯӣ намоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» вазифадоранд, ки бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ корро дар самти татбиқи лоиҳаҳо доир ба бунёди иншооти инфрасохторӣ, алалхусус, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обу корез ва иншооти дигар вусъат диҳанд.

Вазоратҳои нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, роҳбарияти вилоят, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дигар масъулини соҳа бояд барои истифодаи самараноки роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва тавассути он афзоиш додани интиқоли молу маҳсулот ва мусофирон чораҳои судманд андешанд.

Соҳаи энергетикаи вилояти Хатлон барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои кишвар бо неруи барқ нақши бузург дорад, зеро 92 фоизи неруи барқи мамлакат дар неругоҳҳои вилоят истеҳсол мегардад. Вобаста ба дастовардҳои ин соҳаи муҳим борҳо дар ҷараёни сафарҳои қаблӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар маросими оғози таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» изҳори назар карда будам.

Дар баробари дастовардҳои соҳа таъкид менамоям, ки масъалаҳои сатҳи баланди талафоти неруи барқ ва қарздорӣ аз ҳисоби неруи барқи истифодашуда боиси нигаронӣ мебошанд. Чунки то имрӯз дар вилоят талафоти неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ 15,8 фоиз ва қарзи умумӣ аз ҳисоби истеъмоли он 450 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, масъулини соҳаро зарур аст, ки доир ба ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо, кам намудани талафоти неруи барқ ва қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи он, инчунин, пешниҳоди ҳисоботи воқеии нишондиҳандаҳои зикршуда чораҷӯӣ карда, иҷрои талаботи қарори 30 декабри соли 2016 қабулкардаи Ҳукумати Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Таъкид месозам, ки барои таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Норак», «Қайроққум» ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани онҳо маблағҳои зиёд заруранд. Илова бар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо ва мутахассисону масъулин вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани иншооти иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти муназзам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи кишоварзии вилояти ­Хатлон барои рушди иқтисодиёт, инчунин, таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат нақши бузург мебозад. Зеро қариб нисфи заминҳои обии кишвар ба вилояти Хатлон рост меояд ва вилоят аз рӯи ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар байни дигар минтақаҳои мамлакат ҷойи аввалро ишғол менамояд. Қобили таҳсин аст, ки бо заҳмати пурмаҳсули деҳқонону кишоварзони вилоят истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти соҳа сол то сол меафзояд.

Ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба 11,7 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 4,8 фоиз ё 536 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 440 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои бузурги вилоят то ҳанӯз пурра истифода намешаванд ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар самти васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва бо ин роҳ баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин нашуда истодааст.

Иқлими мусоид, шумораи рӯзҳои офтобӣ, захираҳои мавҷудаи обу замин ва таҷрибаи бойи кишоварзони асил имкон медиҳад, ки истеҳсолоти кишоварзӣ дар вилоят бамаротиб зиёд карда шавад. Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям.

Аз рӯи рақамҳои оморӣ, соли 2016 дар вилоят 250 ҳазор тонна картошка ва зиёда аз 950 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2015 мутаносибан 101,4 ва 105,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар майдони 471 гектар гармхонаҳои доимиву мавсимӣ 1090 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол гардидааст. Лекин бо вуҷуди имкониятҳои бузурги истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулот дар кишвар, бахусус, дар вилояти Хатлон ҳаҷми зарурии маҳсулоти кишоварзӣ захира карда намешавад.

Зимистони гузашта дар бозори дохилӣ картошкаи истеҳсоли ватанӣ камёфт шуда, нархи он то 4 сомонӣ боло рафта, нархи помидор ба 25 сомонӣ ва бодиринг ба 20 сомонӣ расид.

Маълум мегардад, ки сардхонаҳо ва анборҳои захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мақсаднок истифода намешаванд.

Бинобар ин, роҳбарони вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳозир сар карда, барои таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистони солҳои 2017-2018 ва содироти қисми зиёдатии он ба хориҷи кишвар, инчунин, ҷиҳати захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия доир ба бунёди сардхонаву анборҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки бо дарназардошти ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла Маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай Данғара» талабот ба ашёи хом, яъне пахта меафзояд. Тибқи маълумот, ҳарчанд ки кишти пахта то имрӯз ба 119 ҳазор гектар ё 103,4 фоизи нақша таъмин шудааст, вале ин талаботи корхонаҳои нассоҷиро пурра қонеъ карда наметавонад.

Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо дарназардошти талаботи воқеии соҳаи саноат барои иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои пахтакор бояд чораҷӯӣ намоянд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳарчанд ки соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар масоҳати 1325 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 115 фоиз иҷро шудааст, вале ин нишондиҳанда ба ҳар як шаҳру ноҳия ба ҳисоби миёна 53 — гектарӣ рост меояд, ки дар муқоиса бо имкониятҳои васеи вилоят ҳанӯз хеле кам мебошад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Роҳбари давлат дар шафати шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва роҳҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хоҷагиҳои ҷангали вилоят 17000 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишиву сояафкан шинонида шудаанд. Вале нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати нақлиёт, Агентии хоҷагии ҷангал ва дигар вазорату идораҳои марбута бояд барои кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати роҳҳо, бамаротиб васеъ намудани майдонҳои боғу токзор, хусусан, дар заминҳои лалмӣ, инчунин, бунёди боғҳои интенсивӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар мулоқоту суханрониҳои қаблӣ таъкид намуда будам, ки имкониятҳои вилоят дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо ин намуди маҳсулот хеле зиёданд.

Қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» аз 2 июли соли 2008 ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол рушд ёфтанд ва ҳоло шумораи онҳо ба 185 расидааст. Лекин дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят ҳамагӣ 189 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 тонна кам мебошад.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии тоҷик» ва соҳибкорон бояд бо дарназардошти имкониятҳои барои моҳипарварӣ бисёр мусоид пешрафти ҳаматарафаи соҳа, бунёду барқарор намудани инфрасохтори моҳипарварӣ ва бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонидани хоҷагиҳоро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади афзун намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ доир ба зиёд кардани саршумори чорвои хушзот бо роҳи амалигардонии корҳои селексиониву зотпарварӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ин яке аз роҳҳои асосии ба таври интенсивӣ зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту шири худӣ мебошад.

Тибқи омори гумрукӣ, соли 2016 ба мамлакат зиёда аз 10 ҳазор тонна шир ва маҳсулоти ширӣ ба маблағи беш аз 100 миллион сомонӣ ворид шудааст.

Дар ҳолати афзоиш додани истеҳсоли ин намудҳои маҳсулот дар дохили кишвар, илова бар ин, ки талаботи аҳолӣ ба маводи ғизоии хушсифати ватанӣ таъмин мегардад, боз ҳазорҳо ҷойи кории нав ташкил карда мешаванд. Дар асоси супориши ҳангоми сафари кории моҳҳои август ва сентябри соли 2016 додашуда, вазъи таъмини хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо тухмии хушсифат, аз ҷумла чигит, картошка ва техникаи кишоварзӣ беҳтар гардидааст.

Дар ин давра Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар вилоят шумораи марказҳои хизматрасонии техникиро ба 20 расонидааст. Вале хотиррасон менамоям, ки бо сабаби зиёд будани масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар вилоят шумораи техникаи кишоварзӣ ҳоло ҳам талаботи воқеии кишоварзонро қонеъ гардонида наметавонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» минбаъд таъминоти хоҷагиҳои деҳқониро бо тухмии аълосифат ва нуриҳои минералӣ беҳтар ба роҳ монанд ва дар хусуси боз ҳам зиёд намудани шумораи техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

То имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва қоидаҳои агротехникии истифодаи он як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.

Аз 17400 гектар замин ҳолати мелиоративии 5300 гектар беҳтар гардонида шуда, беҳсозии ҳолати 15700 гектари дигар ба нақша гирифта шудааст.

Тавре маълум аст, дар доираи Лоиҳаи «Обёрии заминҳои Данғара», ки аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ гардида истодааст, дар маҷмӯъ 4 ҳазору 250 гектар замин аз худ карда шуд. Дар доираи ин лоиҳа боз обёрии як ҳазору 750 гектар замин амалӣ шуда истодааст.

Умуман, солҳои наздик дар ноҳияи Данғара қариб 7 ҳазор гектар замин аз худ гардида, зиёда аз 12 ҳазор ҷойи кории нав ташкил карда мешавад.

Азхудкунии заминҳои нав дар ноҳияи Данғара барои сокинони бисёр ноҳияҳои кишвар имконият фароҳам меорад, ки дар заминҳои азхудшуда соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаи замин ва ҷойи кор гарданд. Ба ин восита дар ҳудуди ноҳия шаҳраку деҳаҳои нави аҳолинишин бунёд мешаванд. Бояд гуфт, ки даҳ фоизи заминҳои кишти вилоят ба ноҳияи Данғара рост меояд ва ин яке аз нишондиҳандаҳои калонтарин дар кишвар мебошад.

Мувофиқи пешниҳоди мутахассисони соҳа, дар водии Данғара обёрӣ ва аз худ кардани 100 ҳазор гектар замин, аз ҷумла обёрӣ намудани 76 ҳазор гектар замин имконпазир мебошад. Аз майдонии умумии 76 ҳазор гектар замини обёришаванда 49 ҳазор гектар ба ноҳияи Данғара ва 27 ҳазор гектар ба ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ рост меояд.

Дар сурати амалӣ шудани ин кор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври назаррас зиёд гардида, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Илова бар ин, дар ноҳия имкониятҳои истифодаи заминҳои лалмӣ низ зиёданд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара вазифадоранд, ки доир ба бунёд намудани боғҳои нав дар заминҳои лалмӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки имконияту захираҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки корро дар самти бунёди сардхонаву анборҳои нигоҳдории ангур ва дигар навъҳои меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди ноҳия ва Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тақвият бахшанд.

Имрӯзҳо бо истифода аз технологияҳои муосир имконияти аз худ намудани заминҳои бекорхобида зиёд мегардад. Ҳукумати кишвар дар самти азхудкунии замин дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш ва Панҷ тадбирҳо андешида истодааст. Самаранок истифода бурдани замин минбаъд бунёди иншооти нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди он, ташкили марказҳои логистикӣ ва дигар инфрасохтори заруриро барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохиливу хориҷӣ тақозо менамояд.

Бинобар ин, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он корро дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, беҳтар кардани ҳолати мелиоративӣ ва обёрии заминҳо ҷоннок намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки бо сабаби торафт зиёд шудани шумораи аҳолии сайёра, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва оқибати офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, кишоварзону соҳибкорон ва умуман, кулли сокинони кишвар бояд дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ, махсусан, дар масъалаи истифодаи маводи ғизоӣ ва оби нӯшокӣ сарфаю сариштакор бошанд, ба хотири истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои фасли зимистон мунтазам кӯшиш намоянд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем мардумамонро дар тамоми фаслҳои сол бо маводи ғизоӣ таъмин намоем ва ба ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон ноил гардем.

Ҳозирини арҷманд!

Соли 2016 даромади буҷети вилоят нисбат ба соли 2015 88 миллион зиёд шуда, 1,3 миллиард сомониро ташкил кардааст ва нақшаи аниқшуда 96,1 фоиз иҷро шудааст.

Дар чор моҳи соли 2017 ба буҷети вилоят 281 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 -ум 16,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

Роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва масъулини соҳаро зарур аст, ки доир ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет, таъмини саривақтии нишондиҳандаҳои даромади буҷет, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва қарздорӣ аз музди меҳнат, таъмини шаффофияти фаъолият ва гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи маориф минбаъд низ ҳамчун самти калидии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат боқӣ монда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Танҳо дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 87 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 19 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 375 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Аз соли 1997 то ба имрӯз барои вилояти Хатлон ҷиҳати таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 56700 квотаи президентӣ ҷудо карда шудааст.

Бо мақсади дастгирии соҳаи маориф соли гузашта «Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 566 муассисаи таълимии нав бо зиёда аз 110 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, хароҷоти он 1,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020», дар вилоят то соли 2020 бояд 365 муассисаи хусусии томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Вале аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки кор дар ин самт беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба ин муассисаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дигар проблемаи ҳалталаби соҳаи маорифи вилоят нарасидани омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.

Аз ин рӯ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ба таъмин намудани муассисаҳои мазкур бо омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар вилояти Хатлон 11 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» фаъолият дорад, ки дар онҳо соли 2016 ва чор моҳи соли 2017 зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуданд.

Чунин марказҳо танҳо дар 10 шаҳру ноҳияи вилоят фаъолият доранду халос.

Ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҳамагӣ 20 ҳазор нафар барои вилояте, ки беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад, тамоман ночиз аст.

Аз шумораи зикршуда ҳамагӣ 700 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки касби адрасбофӣ ва қолинбофиро омӯхтаанд.

Яъне корҳо дар самти ташкили марказҳои касбомӯзӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят ба талабот умуман ҷавобгӯ нестанд.

Бинобар ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки барои ташкили марказҳои таълими калонсолон, фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат дар онҳо ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло дар 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии вилоят зиёда аз 28 ҳазор нафар донишҷӯён аз рӯи 212 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуда, илова бар ин, барои соли таҳсили 2017-2018 шумораи қабул 1600 нафар зиёд карда шуд, ки асосан ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва омӯзгориро дар бар мегирад. Ин яке аз роҳҳои қонеъ намудани эҳтиёҷоти вилоят ба кадрҳои ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зикршуда мебошад.

Вобаста ба ин, як масъалаи муҳими дигарро хотирнишон месозам, ки шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳисоби бонувону духтарон ҳамагӣ 428 нафар ё 16 фоиз буда, дар мансабҳои роҳбарикунанда 169 нафар ё 17,6 фоиз занон фаъолият доранд, ки хеле кам аст. Зеро дар кишвар шумораи занону духтарон дар хизмати давлатӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.

Рақамҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар вилоят ба масъалаи ҷалби занону духтарони болаёқат ба хизмати давлатӣ аҳамияти зарурӣ дода намешавад. Ҳол он ки ҳар сол шумораи зиёди духтарон аз манотиқи гуногуни вилояти Хатлон муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва хориҷ аз онро хатм мекунанд.

Бинобар ин, ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии хизмати давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, кордону соҳибмаърифат ва забондон тадбирҳои мушаххас андешида, ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.

Дар соҳаи тандурустии вилоят ҳоло зиёда аз 15 лоиҳа амалӣ гардида истодааст.

Соли 2016 дар вилояти Хатлон 4 маркази саломатии деҳот ва 36 бунгоҳи саломатӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар баробари ин, ҳоло дар вилоят 51 маркази саломатии ноҳиявию маҳаллӣ ва 78 бунгоҳи саломатӣ таъмирталаб буда, 10 бунгоҳи саломатӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва «Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» ҳамагӣ 78 фоиз иҷро гардидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарияти муассисаҳои тиббии вилоят ва дигар масъулини соҳа вазифадор карда мешаванд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи зикршуда дар муддати ду соли минбаъда марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии ноҳиявию маҳаллиро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва бо ҷалби маблағҳои сармоягузорону шахсони саховатпеша таъмиру таҷдид намуда, шароити онҳоро ба талаботи меъёрҳои муосир мутобиқ гардонанд.

Ҳолати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ хеле нигаронкунанда буда, то ба ҳол ҳамагӣ 52 фоизи аҳолии вилоят ба шабакаҳои оби тозаи босифат пайваст мебошад. Ҳол он ки аз ҳудуди вилоят се дарёи бузург – Панҷ, Вахш ва Амударё мегузарад.

Албатта, чунин ҳолат ба вазъи санитариву гигиенӣ ва шароити зис­ти аҳолӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳу марказҳои саломатӣ бетаъсир намемонад.

Корхонаҳои дорусозии вилоят соли 2016 истеҳсоли маводи доруворӣ ва ашёи хомро аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба роҳ монда, маҳсулоти худро дар ҳаҷми 42 миллион сомонӣ ба содирот баровардаанд, ки ин хуб аст.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ин масъаларо махсус таъкид кардам ва вазифагузорӣ намудам, ки вазорату идораҳои дахлдор дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тоза ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ, махсусан, оилаҳои камбизоат ба дорувории нисбатан арзон мусоидат менамояд.

Дар робита ба ин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки барои бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо дар як қатор ноҳияҳо, махсусан, дар деҳоти дурдаст ва азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ бо роҳи ташкили бозомӯзии кормандони соҳаи тиб тадбирҳои амалӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз маблағҳои грантӣ ва қарзҳо барои беҳтар кардани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаву босифати ошомиданӣ, гузаронидани хатҳои обрасонӣ ва шабакаҳои корез дар шаҳру ноҳияҳо, тоза нигоҳ доштани иншооти обрасонӣ ва сарчашмаҳои оби ошомиданӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва амалӣ гардонанд.

Итминон дорам, ки дар бобати бо оби нӯшокии босифат таъмин гардонидани аҳолӣ соҳибкорони ҳимматбаланд, шахсони саховатпешаву эҳсонкор ва фаъолони ҷомеа низ кумаки худро дареғ намедоранд. Зеро анҷом додани амалҳои хайр, аз қабили ҷоеро обод кардан, мактаб ё бунгоҳи тиббӣ сохтан ва ба мардум об овардан дар ҳикмати халқамон ва тибқи суннатҳои мазҳабиамон мақоми басо баланд доранд ва савоби ҷория ба ҳисоб мераванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Бо дарназардошти вазъи ноорому печидаи ҷаҳони муосир масъалаи таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ва ниҳоят муҳим мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор тамоми чораҳоро дар ин самт андешида истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Хатлон соли 2016-ум қариб 5900 ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1891 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра дар вилоят 719 ҷинояти марбут ба экстремизму терроризм ошкор ва 238 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дастгир гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, тайи панҷ солу се моҳи охир дар ҳудуди вилоят қариб 1198 ҷинояти хусусияти террорис­тиву экстремистидошта ошкор ва нисбат ба 985 нафар 861 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз ин шумора 537 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 744 нафар барои ҷалб ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, аз ҷумла Сурия ва Ироқ, оғоз карда шудааст.

Айни замон 507 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 70 оила дар ҳайати 252 нафар (84 нафар мардҳо, 76 нафар занон ва 92 нафар ноболиғон), дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд ва мувофиқи маълумоти дастрасшуда 60 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи таҳлилҳо бештар аз ҳама сокинони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд.

Барои маълумоти роҳбарону масъулон илова менамоям, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят 1423 муассисаи соҳаи маориф ва 1783 масҷиди расмӣ фаъолият дорад.

Аз 1519 нафар сокинони вилоят, ки барои гирифтани таҳсилоти динӣ ғайриқонунӣ ба хориҷа рафтаанд, 1334 нафар баргардонида шудааст ва 185 нафар то ба ҳол дар кишварҳои хориҷӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки бо вуҷуди тадбирҳои аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешидашуда вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 241 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 — ум 78 ҳолат зиёд мебошад.

Бинобар ин, ба Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар сохтору мақомот супориш дода мешавад, ки дар самти ошкор намудани ҷиноятҳо, таъмини волоияти қонун, назорати риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, махсусан, дар байни ноболиғон чораҳои қатъӣ андешанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва кор бо оила, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, зиёиён, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ташкилоту ҳизбҳои ғайриқонунии экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву афкор ва фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои ба ном таълими динии давлатҳои хориҷӣ ва дигар кирдорҳое, ки ба амнияти давлату миллат хатар эҷод мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ҷиддан вусъат бахшанд. Зеро кирдору рафтори имрӯзаи баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз ҳамаи мову шумо андешидани чораҳои қатъиву саривақтиро тақозо дорад.

Занону духтарони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо ҳамчун миллати бостонӣ сарулибоси миллӣ ва тарзу одоби либоспӯшии худро дорем.

Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгарои худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом – Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад.

Бори дигар қатъиян изҳор медорам, ки мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем.

Мардуми Тоҷикистон ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки оташи ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум маҳз аз масҷидҳои вилояти Хатлон бархоста буд.

Бинобар ин, мо бояд ба ҳар гуна рафтору кирдорҳои нангину хатарноки гароиш ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ва гумроҳ кардани мардум, алалхусус, ҷавонон нуқта гузорем ва ба хотири таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллат доим ҳушёру зирак бошем. Вобаста ба ин, як масъаларо, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон месозам.

Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва махсусан сокинони вилояти Хатлон ҳамеша ҷонибдори тарзи зиндагии дунявӣ ва пешрафта буда, хурофоту ифротгаройӣ ва бегонапарастиро қатъан қабул надоштанд.

Хотиррасон месозам, ки мардуми тоҷик фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони вилояти Хатлонро барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ки асоси онро тарзи зиндагии дунявӣ ташкил медиҳад, фаромӯш накардаанд.

Дар иртибот ба ин, мехоҳам боз як масъалаи муҳимро таъкид намоям. Меъёре, ки дар Конститутсияи мамлакат доир ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Тоҷикистон дарҷ шудааст, бо майлу иродаи мардуми шарифи кишвар қабул гардидааст ва он тағйирнопазир мебошад.

Ман ҳамчун Роҳбари давлати Тоҷикистон даст болои Конститутсия гузошта, савганд ёд кардаам ва тамоми саъю талоши худро ба он равона месозам, ки дар мамлакат риояи ҳатмии меъёрҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун таъмин карда шавад.

Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо кишварҳои ҳамсоя, хусусан, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ доранд ва чунин вазъ табиист, ки ҳушёриву зиракии сохторҳои марзбон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкории фаъолонаи мардумро бо сохтору мақомоти дахлдор тақозо мекунад.

Тибқи маълумот, дар панҷ соли гузашта ва се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 1287 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардида, қариб 10 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Вале бояд гуфт, ки тибқи таҳлилҳо солҳои охир ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда тадриҷан коҳиш ёфта истодааст.

Масалан, нишондиҳандаҳои соли 2016 дар ин самт нисбат ба соли 2015 хеле паст мебошанд.

Дар ҳоле ки маводи мухаддир ба кишвари мо асосан тавассути қаламрави вилояти Хатлон ворид мегардад. Ба ин ҳолат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар вилоят вазъи риояи интизоми молиявӣ низ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Дар давоми соли 2016 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буҷетҳои маҳаллии 11 шаҳру ноҳияи вилоят мавриди тафтиш қарор дода шуда, дар фаъолияти 300 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ба маблағи умумии 22 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.

Умуман, дар зарфи се соли гузашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1618 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки 529 ҳолати онҳо ҷиноятҳои вазнин мебошанд.

Ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ бештар дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Шаҳритус содир шудаанд.

Соли 2016 аз ҷониби Палатаи ҳисоб вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар ва Қубодиён санҷиш гузаронида, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 7,4 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.

Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Вазорати молия ва масъулини соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зарур аст, ки корро дар самти пешгирӣ намудани содиршавии қонунвайронкуниҳо ҷоннок намоянд.

Дар вилоят ҷиноятҳои вобаста ба тақсимоти ғайриқонунӣ, фурӯхтан ва ғасби замин низ ташвишовар мебошанд. Дар давоми соли гузашта ва се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят барои вайрон кардани муқаррароти қонунгузории замин, аз ҷумла фурӯхтан, ишғоли ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона дар он 1248 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Умуман, мувофиқи таҳлилҳо афзоиши тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба замин сол то сол зиёд гардида, дар вилоят аз соли 2012 то ин ҷониб қариб 4100 ҷиноят ошкор гардидааст.

Чанд рӯз пештар ман дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат андешаҳои худро доир ба вазъи риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баён кардам.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои муқаррароти қонунҳои зикршуда дар вилоят ҳанӯз ҳам мувофиқи талабот нест.

Соли 2016 ва се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят қариб 3400 ҳолати риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзим ба қайд гирифта, аз ҳуқуқвайронкунандагон 1 миллиону 223 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Ҳамчунин, дар давраи зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қариб нуҳуним ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст ва маблағи ҷарима 660 ҳазор сомониро ташкил кардааст.

Ҳарчанд ки ин қонунҳо, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, беҳтар намудани вазъи зиндагии оилаҳо ва таъмини осоишу оромии ҷомеа қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон, инчунин, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи фарзандон ва хешу табори наздики онҳо зиёд ба назар мерасад.

Ман супориши қатъӣ додам, ки мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки муқаррароти қонунро риоя намекунанд ё фарзандонашон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла ба муассисаҳои таълимӣ бо мошини шахсӣ мераванд ё қоидаҳои ҳаракатро дар роҳҳо вайрон менамоянд, аз вазифа озод карда мешаванд.

Аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид менамоям, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар давоми солҳои 2015-2016, яъне ду сол дар мамлакат 2800 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 876 нафар ба ҳалокат расида, қариб 3000 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи 434 садамаи нақлиётӣ 128 нафар ҳалок шуда, 469 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Мо тасмим гирифтем, ки вақтҳои наздик вобаста ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии махсус доир намоем ва бо иштироки роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа натиҷаву дастовардҳои қонунро дар зарфи даҳ сол ҳамаҷониба таҳлил кунем.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, муроҷиат менамоям, ки метавонед фикру мулоҳиза ва андешаву пешниҳодҳои худро доир ба вазъи риояи қонун ва такмили он тавассути сайти Президент, шабакаҳои телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма изҳор намоед.

Ман ба шахсони мутасаддӣ супориш додам, ки микрофонҳои озод ташкил карда, ҳамаи шароитро муҳайё намоянд, ки халқ ва ҳар як оила фикрашро то охири моҳи июн дар бораи манфиати танзими расму оинҳо, беҳтар кардани қонун, доир ба онҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, инчунин, шахсоне, ки суннату арзишҳои неки миллиро нодида гирифта, ба бегонапарастӣ майлу гароиш доранд, озодона ва рӯирост баён намояд. Зеро ин масъалаҳо, яъне танзими расму оинҳо, риояи қонуният ва эҳтироми либоси миллӣ бо масъ­алаи амнияти давлат ва ҷомеа робитаи мустақим доранд.

Гузашта аз ин, шинохти ҳувияти миллӣ, эҳтироми таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти муқаддасот ва арзишҳои миллӣ шарти муҳимтарини миллатсозӣ ва давлатсозӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо — фарзандони Тоҷикис­тони соҳибистиқлол вазифадорем, ки корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро афзунтар гардонем ва пояҳои давлату давлатдории миллиамонро бо заҳмати шабонарӯзӣ ва муносибати софдилонаву содиқона нисбат ба Ватани аҷдодиамон таҳкиму тақвият бахшем.

Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷахон ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем, суннатҳои неки миллиамон, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва ба даст­овардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Имрӯзҳо вақти ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла меваю сабзавот мебошад. Зарур аст, ки кулли роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, доир ба кишти такрорӣ, захираи маҳсулот, содироти он, инчунин, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои созанда сафарбар созанд.

Барои амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои нек ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини вилоят барору муваффақият орзу менамоям.

Ба хонадони ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз, сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Доимо саломату саодатманд бошед!