Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш, шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 2018
Муҳтарам аъзои Ассамблеяи генералӣ! Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти варзиш бинои Кумитаи миллии олимпӣ баъди таъмиру тармим ба истифода супорида шуд, ки ҳамаи варзишгарону масъулини соҳаро ба ин муносибат табрик мегӯям.
Бинои мазкур, ки барои пешбурди фаъолият шароити мусоид надошт, бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ дар сатҳи баланди меъмории миллӣ азнавсозӣ гардида, бо тамоми таҷҳизот ва воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Илова бар ин, ба хотири муаррифии дастовардҳои варзишгарони кишвар, таърихи рушди варзиш дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҷалби насли наврас ба ин соҳаи муҳим Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» таъсис ёфта, барои федератсияҳои варзишӣ ва маркази матбуот утоқҳои алоҳидаи корӣ ҷудо шудаанд.
Меъморону сохтмончиёни ватанӣ дар таъмиру азнавсозии ин бино софдилона заҳмат кашидаанд, ки ба ҳамаи онҳо, инчунин ба ташаббускорону маблағгузорони он, барои дастгирии ҳаракати олимпии кишвар изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан эътибори зиёд медоданд.
Бо дарназардошти ин, дар муддати беш аз 26 соли Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ Парчами давлати Тоҷикистонро зиёда аз 4000 маротиба баланд бардошта, дар оғози ин чорабиниҳои варзишӣ дар қатори дигар кишварҳо Суруди миллии мо садо додааст.
Танҳо соли гузашта 888 нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 425 медал, аз ҷумла 121 медали тилло гардиданд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти асосии варзишгарони тоҷик набудани толорҳои варзишӣ ва дигар шароит барои машқу тамрин буд ва онҳо барои омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бо монеаву камбудиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.
Ҳоло дар кишвар қариб 10 ҳазор иншооти варзишӣ, аз ҷумла 120 варзишгоҳ, 6500 майдончаву 1700 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 800 маҷмааву дигар иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд аст ва бунёди иншооти нав, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, босуръат идома дорад.
Соли 2014 бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар «Соли оммавияти футбол» эълон гардид ва дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард.
Дар натиҷа, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба даври ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат гирифта, дастаи футболи «Истиқлол» байни дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё дар Ҷоми конфедератсия маротибаи дуюм мақоми ифтихории дуюмро ишғол намуд.
Қобили зикр аст, ки аз мулоқоти қаблии мо бо варзишгарон то имрӯз як силсила корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 9 январи соли 2015 Фармони Президенти мамлакат ва 1 августи соли 2015 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар асоси ин санадҳо то имрӯз 61 варзишгари муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо, дар маҷмӯъ, ба маблағи ду миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бо вуҷуди ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дастовардҳои варзишгарони кишвар ва раванди оммавигардонии варзиш ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд.
Варзишгарони мо на дар ҳамаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзанд ё аз қувваозмоиҳо бонатиҷа бармегарданд.
Дар ин замина, фаъолияти сусти баъзе федератсияҳои варзиширо махсус зикр бояд кард, ки онҳо ба ном таъсис ёфта, вале дар амал, махсусан, дар самти омода кардани варзишгарони касбӣ ва таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз, ташаббус нишон намедиҳанд.
Бар замми ин, донишу малакаи мураббиёне, ки ба ин федератсияҳо ҷалб мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ набуда, аксари онҳо ба такмили маҳорату таҷрибаи варзишӣ ниёз доранд.
Хусусан, мураббиёне, ки ба омодагии олимпӣ машғул мебошанд, бештар ба такмили тахассус ниёз дошта, барои онҳо бояд курсҳои алоҳида ташкил карда, ҷиҳати омӯзиши таҷриба ба кишварҳои пешрафта фиристода шаванд.
Дар баробари ин, барои такмили маҳорат метавон мураббиёни баландихтисосро аз кишварҳои дигар даъват намуд.
Барои ҳалли масъалаи мазкур, дар навбати аввал, дар назди Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсис додани Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи варзиш ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст ва донишкада метавонад мураббиёни варзишро бо навбат аз курси такмили ихтисос гузаронад ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти баланд бардоштани малакаи онҳо бартараф намояд.
Вобаста ба фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, ҳамчунин, хотирнишон бояд кард, ки ба ҳайати баъзе аз онҳо шахсони тасодуфӣ ворид гардидаанд. Дар натиҷа, чунин федератсияҳо дар давоми солҳои зиёд ба ягон дастовард ноил нашудаанд ва роҳбарону масъулони онҳо ҳатто дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намекунанд.
Дар ҳоле ки мо барои аксари навъҳои варзиш шароити мусоид ва толорҳои муосиру муҷаҳҳазро ба истифода додаем, дар баъзе навъҳои варзиш ягон дастоварди назаррас надорем.
Дар толорҳо машқу тамрин бо низоми муайян ба роҳ монда нашудааст ва онҳо самаранок истифода намегарданд.
Бояд гуфт, ки федератсияҳои варзишӣ асосан ташкилоти ҷамъиятӣ буда, бо мақсади оммавӣ гардонидан ва инкишоф додани як ё якчанд намуди варзиш, инчунин, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва тайёр кардани дастаҳои мунтахаб таъсис дода шудаанд.
Вале, мутаассифона, аксари онҳо дорои сохтори мукаммал набуда, мутахассисон намерасанд ва ҳатто утоқи корӣ надоранд.
Дар баробари ин, роҳбарони баъзе федератсияҳо камфаъолият буда, дар ихтиёри худ ягон иншооти варзишӣ надоранд ва маоши кормандони худро сари вақт пардохта наметавонанд.
Як қисми федератсияҳои варзишӣ дар доираи гурӯҳи хурди ҳамфикрон таъсис ёфта, нақши онҳо дар пешрафту оммавӣ гардонидани намудҳои варзиш назаррас нест.
Аз 52 федератсияи варзишии амалкунанда танҳо 16 федератсия ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аксари федератсияҳо корманди штатӣ ва сохтори муайяни корӣ надоранд, кормандони баъзеи онҳо аз суроға ва фаъолияти федератсияҳои худ дуруст огоҳ нестанд.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки фаъолияти федератсияҳои варзишӣ ҳамаҷониба санҷида, ҷиҳати аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ супориш дода мешавад, ки барои тақвияти фаъолияти федератсияҳои варзишӣ чораҷӯйӣ карда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 ҳамаи федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронад.
Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, «мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад».
Аз ин лиҳоз, дар идомаи тасмими роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш додам, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро барои бунёди иншооти варзишӣ, яъне оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар созанд.
Зарур аст, ки ба ин раванд соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ҷалб карда, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон майдону толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд.
Истифодаи самараноки садҳо толору майдонҳои варзишие, ки дар зарфи бист соли охир дар назди ҳамаи мактабҳои навбунёд сохта шудаанд, яке аз роҳҳои беҳтарини пешрафту оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мебошад.
Дар иртибот ба фаъолияти иншооти варзишӣ таъкид менамоям, ки бо гармӣ таъмин намудани онҳо дар фасли зимистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиму ҳалталаб мебошад.
Вобаста ба ин, сохтору мақомоти дахлдор дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъалаи ҷорӣ намудани тарифҳои имтиёзноки пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гармиро барои иншооти варзишие, ки дар онҳо аъзои дастаҳои мунтахаб тамрин менамояд, омӯхта, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз роҳҳои рушди варзиш ва оммавигардонии он омӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта мебошад.
Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки тавассути намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи рушди варзиш дар кишварҳои мутараққӣ ва василаҳои дар амал татбиқ кардани он ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, бо дарназардошти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи варзиш низоми пешбурди кор дар ин самт бояд мунтазам такмил дода, ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба омодакунии варзишгарон мутобиқ гардонида шавад.
Зеро низоми тайёрии варзишӣ, ки маҳз дар натиҷаи таъмин намудани самаранокии он варзишгарони тоҷик имконияти ишғоли ҷойҳои ифтихориро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пайдо менамоянд, такмили ҷиддӣ мехоҳад.
Бо мақсади ҳалли ин масъала пешниҳод менамоям, ки дар асоси «Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021» Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ба Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб табдил дода, дар оянда барои фаъолияти бонизоми он ташкили инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ карда шавад.
Ҳарчанд ки дар шаҳри Хоруғ Маркази омодагии олимпӣ таъсис ёфтааст, вале фаъолияташ назаррас набуда, иншоот дуруст истифода намегардад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фаъолияти он зери назорати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дода шавад.
Бояд дар оянда барои ташкил намудани ду-се маркази миллии омодагии олимпӣ бо муттаҳид кардани иншоот ва ташкилоту идораҳои ҳамсон чораҷӯйӣ намуда, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ҳаллу фасл карда шаванд.
Вобаста ба ин, дар сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис додани шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби миллӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Илова бар ин, масъалаи нарасидани табибони соҳаи варзиш низ бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Солҳои зиёд аст, ки дар кишвар диспансери тиббии варзишӣ фаъолият намекунад ва дар соҳаи варзиши касбӣ норасоии кадрҳои соҳаи тиб эҳсос мегардад.
Нарасидани мутахассисон дар ин самт боиси истифодаи нодурусти маводи доруворӣ гардида, ба вайрон кардани қоидаҳои зиддидопингӣ низ оварда мерасонад.
Ин ҳолат варзишгаронро аз мусобиқаҳо маҳрум карда, ба шаъну шарафи давлат низ таъсири манфӣ мерасонад.
Рӯзҳои охир мо шоҳиди бевоситаи ин гуна ҳодисаҳо дар мисоли варзишгарони Федератсияи Россия шуда истодаем.
Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш масъалаи омода кардани табибонро дар соҳаи варзиш ҳал карда, табибони дар ин самт фаъолиятдоштаро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намоянд.
Муҳтарам аъзои Ассамблеяи генералӣ!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки набудани сарпарастон мушкили асосии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад.
Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки вазорату идораҳо ва корхонаҳои калони саноативу тиҷоратӣ, инчунин, ширкатҳои ғайридавлативу тиҷоратӣ намудҳои алоҳидаи варзишро ба сарпарастии худ гирифта, ба ин васила дар рушди варзиши миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳм мегузоранд.
Айни замон вазифаи аввалиндараҷаи масъулини соҳаи варзиш омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2018 (Ҷакарта, Индонезия), Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018 (Буэнос-Айрес, Аргентина) ва Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 мебошад.
Аз олимпиада то олимпиада ҳамагӣ чор сол фурсат аст, ки аллакай ду соли он сипарӣ шудааст.
Дар ин давра варзишгар бояд дар 15-20 мусобиқаи байналмилалӣ ва 25-30 ҷамъомади таълимӣ байни беҳтарин варзишгарони ҷаҳон иштирок намояд.
Бинобар ин, ба муовини Сарвазир, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Азим Иброҳим супориш дода мешавад, ки якҷо бо кумитаҳои миллии олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин доир ба таъсиси гурӯҳи корӣ дар назди Ҳукумат ва ҷалби сарпарастон пешниҳод манзур намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму рӯҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ, ташвиқи арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.
Хотирнишон месозам, ки варзишгарон бо фаъолият ва кӯшишу талоши ватандӯстонаи худ бояд барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат бошанд ва бо амалҳои некашон собит созанд, ки варзиш маънои нерумандиву солимӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад.
Ман ҳамеша ба неруи ҷавонон ва ғуруру матонати варзишгарони тоҷик бовар дорам ва аз ҳар як дастовардашон ифтихор мекунам.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта варзишгарони Тоҷикистони азизи мо дар тамоми ҷабҳаҳои варзиш ба комёбиҳои нав ва натиҷаҳои назаррас соҳиб мешаванд.
Орзумандам, ки Парчами Ватани азизамон ба хотири пирӯзиҳои варзишгарони бонангу номуси мо дар арсаи байналмилалӣ доим парафшон гардад ва сулҳу суботу дастовардҳои бузург насиби мардуми сарбаланди Тоҷикистон бошад.
Дар охир ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!