20 апрели соли 2019
Ҳозирини гиромӣ!
Рӯзи пойтахт ва ифтитоҳи амфитеатри зебову муосирро дар Боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ба кулли сокинони шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён барои заҳмати софдилонаашон миннатдорӣ баён менамоям.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани маркази давлатамон солҳои охир 61 боғу гулгашт, 173 толору майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон бунёд карда шуд.
Тибқи нақша соли ҷорӣ бунёди боз 7 гулгашт ва 63 майдончаи варзиш ба истифода супорида мешавад.
То имрӯз дар шаҳри Душанбе барои баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ се амфитеатр, аз ҷумла дар боғҳои Ирам, ба номи Садриддин Айнӣ ва боғи кӯдакон бо зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бунёд карда шудаанд.
Амфитеатре, ки имрӯз дар яке аз маҳалҳои сераҳолии шаҳр бо 1600 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд, идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат, махсусан, барои ҷавонон, ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон, нақши муҳим бозида истодааст.
Бояд гуфт, ки театр дар ҳаёти фарҳангии давлатҳои соҳибтамаддун ва рангоранг сохтани маънавиёти аҳли ҷомеа мақоми пураҳамият дошта, дар инъикос намудани муборизаи байни некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, равшаниву зулмот, ошкорсозии камбудиву нуқсҳои ҷомеа ва бо ҳамин роҳ тарбия намудани насли солиму соҳибмаърифат саҳми басо арзишманд гузоштааст.
Умедворем, ки амфитеатри нав низ ҳамчун маркази рушди фарҳанги миллӣ, манбаи камолоти маънавии сокинони пойтахт ва таҳкими эҳсоси зебоипарастии онҳо хизмат хоҳад кард.
Аслан мо амфитеатрҳоро ба он мақсад бунёд карда истодаем, ки дар онҳо на танҳо барномаҳои консертӣ, балки дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа баргузор карда шаванд.
Ҳозирини арҷманд!
Тавре ки зикр кардам, пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бо дастгириву ғамхориҳои доимии Давлату Ҳукумат ва заҳмати созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.
Хусусан, баъди мулоқоти Роҳбари давлат бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони пойтахт дар моҳи феврали соли 2017, ки дар ҷараёни он норасоиву мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаби шаҳр ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ҷиҳати бартарафсозии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буданд, то имрӯз хеле корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла, доир ба беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш ва боғҳои фарҳангу фароғат то имрӯз корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Дар пойтахт тайи ду соли охир 64 коргоҳу корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, дар ин замина 52 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Соли гузашта бо иштироки Сарвари давлат барои бунёди маҷмӯи корхонаҳои саноатӣ бо муҳайё намудани беш аз се ҳазор ҷойи нави корӣ санги асос гузошта шуд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани онҳо соҳаи саноати пойтахт хеле рушд хоҳад кард.
Яъне, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, масолеҳи сохтмон, дӯзандагӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо бамаротиб афзоиш меёбад. Ҳамчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои вобаста ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли оянда дар пойтахт бунёди 74 корхонаи саноатӣ бо таъсис додани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Субҳи имрӯз мо ба корҳои азнавсозии корхонаи коркарди ғалла оғоз бахшидем, ки бояд то охири сол ба фаъолият шурӯъ карда, садҳо нафар сокини шаҳрро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Вобаста ба масъалаи корхонаҳои истеҳсолӣ бори дигар хотиррасон месозам, ки роҳбарону масъулони шаҳр дар хусуси ҳар чӣ зудтар ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ чораҷӯйӣ карда, дар сурати зарурат доир ба дигар кардани шакли моликият ва соҳибмулкони онҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шаҳрдорӣ таъминоти сокинон ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқи доимӣ ва гармӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдори шаҳр ва ноҳияҳои он дар ин самт то имрӯз корҳои зиёди сохтмон ва таҷдиду навсозии инфрасохтори энергетикӣ амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахши корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон қариб 52 километр қубурҳои гармидиҳанда иваз гардида, 1900 иншооту бино бо гармӣ таъмин карда шудаанд.
Дар робита ба масъалаи неруи барқ бояд гуфт, ки дар шаҳр то ҳанӯз ҳолатҳои истифодаи исрофкоронаи он зиёд мушоҳида мешаванд ва зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, инчунин, доир ба пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, тақвият бахшида шаванд.
Соҳаи сохтмон низ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори шаҳр заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Айни замон нақшаи генералии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дорад, ки дар асоси марҳалаи якуми он ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7,6 ҳазор гектар васеъ карда мешавад.
Яъне, тибқи нақшаи генералӣ ҳудуди пойтахт дар ояндаи наздик хеле васеъ гардида, бо бунёду азнавсозии садҳо иншооти маъмуриву манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва боғу гулгаштҳои нав ба яке аз шаҳрҳои муосиру ҳамешасабз мубаддал мегардад.
Боиси қаноатмандист, ки мутахассисону муҳандисони тоҷик ҳангоми лоиҳакашӣ ва бунёди биноҳои шаҳр, ки торафт вусъат гирифта истодааст, ҳар чӣ бештар ба талаботи технологияҳои муосири меъмориву сохтмон ва услуби миллӣ такя карда, барои қомат афрохтани иншооти мувофиқ ба шароиту иқлими Тоҷикистон саъю кӯшиш мекунанд.
Тибқи таҳлилҳо ҳоло сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ низ хеле беҳтар шудааст. Бо ин мақсад, солҳои 2017 – 2018 сохтмони силсилаи истгоҳҳои нақлиётӣ ба итмом расида, то соли 2025 азнавсозии истгоҳҳои боқимонда амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бори аввал майдончаи яхмолакбозии сунъӣ ба истифода супорида шуд. Ҳамзамон бо ин, бунёди боз ду қасри дигари варзиш бо 5000 ҷойи нишаст (қасрҳои теннис барои 3000 ҷой ва намудҳои варзиши обӣ бо 2000 ҷойи нишаст) бомаром идома дорад.
Тавассути маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе ва ҷалби соҳибкорон дар самти бунёд ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилӣ низ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд.
Яке аз иқдомоти созанда дар ин ҷода бунёди роҳҳои зеризаминӣ, сеқабата, таваққуфгоҳҳо ва дигар инфрасохтори замонавӣ мебошад, ки бо анҷом ёфтани корҳои сохтмон дар онҳо симои пойтахти кишварамон боз ҳам зебо ва шароити хизматрасонии нақлиётӣ хеле беҳтар мегардад.
Ҳамзамон бо ин, пулҳои мошингард ва роҳи оҳан дар хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Сино ва кӯчаи Аҳмади Дониш бо услуби муосир таъмиру таҷдид гардида, ба таври замонавӣ чароғон карда шудаанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки баъзе камбудиву норасоиҳои то ҳанӯз дар ҷодаи хизматрасонии нақлиётӣ ҷойдоштаро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, ҳангоми бунёду азнавсозии роҳҳо масъалаҳои вобаста ба муҳлати татбиқи лоиҳаҳо, сифати баланди корҳо ва хароҷоти мақсадноки маблағҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
Дар ин самт, махсусан, ба сифати корҳо эътибори аввалиндараҷа бояд дод, то ки ин роҳҳо ва дигар иншооти бунёдшуда ба мардум даҳсолаҳо хизмат кунанд.
Давоми ду соли охир ба хотири таҳкими заминаи моддиву техникии корхонаҳои коммуналии мусофирбарии шаҳри Душанбе ва тақвият бахшидан ба фаъолияти мусофиркашонӣ 268 автобуси гуногунтамға харидорӣ ва ворид карда шудаанд.
Воситаҳои нақлиёти мусофирбари воридгардида аз лиҳози бехатарӣ ва сифати хизматрасонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Мақомоти марбутаи шаҳр нақша доранд, ки то охири соли равон иловатан боз 100 автобус ва дигар намуди воситаҳои нақлиёти мусофирбар истеҳсол намоянд.
Тавре хабар доред, чанде пештар дар пойтахт аввалин корхонаи истеҳсоли автобусҳо ба фаъолият оғоз намуд.
Дар мулоқоти соли 2017 таъкид карда будам, ки бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии шаҳр масъалаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Дар ду соли сипаригардида ҷиҳати иҷрои ин супориш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар соҳаи обрасонӣ, инчунин, безараргардонии оби нӯшокӣ ва баланд бардоштани сифати он як қатор чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда шудаанд. Танҳо дар ду соли охир қариб 30 ҳазор метр қубурҳои фарсудашудаи оби нӯшокӣ ва корез навсозӣ гардидаанд.
Инчунин, соли 2017 дар доираи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе сохтмони обполакҳои зудамали регӣ дар пойгоҳи обтаъминкунии пойтахт, ки иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 150 ҳазор метри мукааб оби тозаро ташкил медиҳад, корҳои сохтмон ба итмом расида, навбати дуюми он то моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ин самт, ҳамчунин, бо Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд ва ҳоло татбиқи он идома дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур 425 ҳазор нафар сокини пойтахт бо оби босифати ошомиданӣ таъмин ва барқарор намудани шоҳқубурҳои корезӣ ва харидории ҳисобкунакҳои обӣ амалӣ мегардад.
Вобаста ба ин, ба сокинони муҳтарами пойтахт махсус хотирнишон месозам, ки ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ бунёди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, яке аз масъалаҳои муҳимтарини пойтахт мебошад.
Моҳи феврали соли 2017, дар мулоқоти зикршуда Вазорати маориф ва илм якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шуда буданд, ки дар муддати се сол 25 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд намоянд.
Тибқи маълумот дар давоми ду солу се моҳи охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмони 30 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 52 ҳазор хонанда оғоз гардида, аз онҳо то имрӯз, бо дарназардошти мактабе, ки мо имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намудем, 13 муассиса бо 18000 ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Ҳоло дар шаҳр бунёди 17 муассисаи таълимӣ барои 22 ҳазор хонанда ва 14 муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад.
Зарур аст, ки бунёди муассисаҳои таълимии оғозгардида дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом дода, дар ин раванд, ҳамчунин, ба масъалаи таҷдиду азнавсозии дигар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла, муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт, эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар ҳудуди боғҳои фарҳангу фароғат ва шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори зиёд дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола ва дар масоҳати як миллион метри мураббаъ майдони майсазору чаманзор ташкил карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда бамаротиб зиёд мебошад.
Дар ин кори муҳим саҳми сокинони пойтахт низ хеле арзишманд мебошад, ки ба ҳамаи онҳо изҳори сипос намуда, хотирнишон месозам, ки ҳар як сокини шаҳр дар ободӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр бояд аз хонаву маҳалли зисти худ сар карда, минбаъд низ ҳиссагузор бошад.
Ободу зебо кардани пойтахт кори якрӯзаву дурӯза ё мавсимӣ нест, балки саъю кӯшиш ва муносибати ғамхоронаи доимиро талаб мекунад. Илова бар ин, истифодаи оқилонаву самараноки иншооти фарҳангиву варзиш ва эҳтиёт кардани онҳо вазифаи ҳар як сокини шаҳр мебошад.
Танзими вазъи бозори истеъмолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шаҳрдорӣ ба ҳисоб рафта, барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Бо вуҷуди ин, сохтору мақомоти дахлдори ҳукумати шаҳри Душанберо зарур аст, ки ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ба сокинони пойтахт бо нархҳои дастрас таъмин намудани молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ва барои зимистон ба миқдори зарурӣ захира кардани маҳсулот чораҳои доимӣ андешанд.
Дар баробари ин, корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бояд дар арафаи ҷашну идҳои милливу давлатӣ якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда, молу маҳсулоти ниёзи мардумро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонанд.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат мебошад ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, занон, ҷавонон, яъне ҳамаи сокинони пойтахт мебошад.
Бинобар ин, роҳбарону кормандони ҳамаи мақомоту сохторҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, донишҷӯён ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе дар хотир дошта бошанд, ки пойтахти мамлакат ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ бояд дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират бошад.
Эътимоди комил дорам, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу мубораки миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар пайдо мекунанд.
Зеро мо имрӯз ҳар амали хайру савобе, ки анҷом медиҳем, барои пешрафти давлати миллиамон ва насли ояндаи худ мекунем, то ки онҳо низ дар пайравӣ ба мо корҳои созандаву ободонии Ватани худро идома бахшида, рисолати фарзандии хешро сарбаландона адо намоянд.
Ҳамчунин, итминон дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси пойтахт, анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти азизамон саъю кӯшиши худро дареғ намедоранд.
Барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек ба сокинони ватандӯсту заҳматқарин ва соҳибмаърифату соҳибфарҳанги пойтахти кишварамон ва ба хонадони ҳар яки шумо, ҳозирини арҷманд, сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ, файзу баракат ва барору муваффақият орзу орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!