Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

№132 (3278) 11.11.2014

IMG_5595

Даҳуми ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои наву замонавии бисёрошёнаи хонаҳои истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Дар Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷониби Сарвари давлат ба 50 хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.

Соли ҷорӣ қариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

Бинои хонаҳои истиқоматӣ нуҳошёна буда, дорои 50 манзили алоҳидаи зист аст, ки аз як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошанд. Тибқи иттилоъ, бинои мазкур бо харҷи беш аз 12 миллиону 80 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст. Масоҳати умумии манзилҳои зист 3 ҳазору 550 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011-ум дар масоҳати умумии 486 метри мураббаъ оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо шакл ва сифати баланд ба истифода дода шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат, дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ ҳамзамон майдончаи кӯдакона ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ, шурӯъ аз аввали соли 2015-ум дар ин мавзеъ ҳамзамон корҳои сохтмонӣ барои бунёди боз се бинои дигари истиқоматии аз 12 то 16-ошёна ва боғчаи кӯдакон дар назар дошта шудааст.

Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон мароқ зоҳир намуда, бо соҳибони манзил, ки хизматчиёни собиқадор ва эҳтиёҷманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, суҳбати самимӣ намуд.

Аснои шиносоӣ бо шароит ва имконоти хонаҳо, ки дар он тамоми лавозимоти зист муҳайё карда шудааст, соҳибманзилон нисбат ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти дастгирӣ ва беҳдошти шароити шаҳрвандони кишвар бо фараҳмандӣ арзи сипос намуданд.

Ин бинои хонаҳои истиқоматӣ бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо системаи гармидиҳӣ ва оби гарм сохта шудааст, ки аллакай ба шабакаҳои хизматрасонии Маркази нави барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайваст шудааст.

www.president.tj