Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ

№28 (4611) 22.02.2023

52702185481_c00988b76d_o21-уми феврали соли 2023 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30 — солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфтанд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо бемайлон тараққӣ карда, Ватани маҳбубамон сол ба сол ободу зебо ва некуаҳволии халқамон беҳтар шуда истодааст.

Ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин гардида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як гурӯҳ фарзандони шуҷоъ ва далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Спитамен» дараҷаи I, ордени «Спитамен» дараҷаи II, ордени «Шараф» дараҷаи II, медали «Ҷасорат», медали «Хизмати шоиста», медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси нав­батӣ ва навбатии ҳарбӣ» ба як гурӯҳ хизматчиёни низомӣ аз Вазорати мудоф­иаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал — майор ва рутбаи махсуси нав­батии генерал — майори милитсия дода шуд.

52702672878_0b13114c96_oБо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, хизмати бархе аз хизматчиёни низомӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъи­ятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи I, ордени «Спитамен» дараҷаи II, ордени «Шараф» дараҷаи II, медали «Ҷасорат» ва як гурӯҳ афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо медали «Хизмати шоиста», медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳиб­истиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарон, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин раҳнамоӣ намуданд.

Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ — 30 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.

Дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

www.president.tj