Таъин гардидани Нозирӣ Хусрав ба вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ

№100 (4362) 03.08.2021

2 августи соли 2021 бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин гардид.