Сеюми феврали соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Неъматулло Ҳикматул-лозода вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёт таъин шуданд.
Ҳамчунин Хайрулло Амонулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Наим Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Умар Ёқубзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Рустамбой Ҷӯраев — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, Ислом Шафиев — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин гардиданд.
Ғайр аз ин, Пӯлод Сафарзода сардори идора-сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумансур Саторов директори Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Аз ҷумла дар назди вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибуҳронӣ ва ба анҷом расонидани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои номбурда бештар доир ба ҷалби васеи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва пешгирӣ аз гароидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як роҳбар ва ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва ҳифзи оромию осоиши зиндагии мардум масъул аст.
www. president.tj